Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобовар Чаноров: "Бо Шабнам хостем аслро нигаҳ дорем"


Гурӯҳи мусиқии "Шамс" мегӯяд, ки таҷрибаи ҳамкории Нобовар Чаноров бо Шабнами Сурайё дар иҷрои дуэти "Азта дилдил кинум" ниҳоят муваффақ буд.

Гурӯҳи номдори “Шамс” дар соли 2015 аз саҳнаҳои бузурги хориҷӣ ба толорҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон кӯчид ва нахустин таҷрибаи ҳамкории Нобовар Чаноров бо Шабнами Сурайё фавқуллода муваффақ буд. “Шамс” низ мисли аксарият бӯҳрони молиро эҳсос кард, вале он ба эҷоди оҳангу таронаҳои худҷӯши ин гурӯҳ, таъсире нагузошт.

Шабнам ва Нобовар - "Азта дилдил кинум"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:08 0:00
Линки мустақим

Нобовар Чаноров, овозхони гурӯҳи “Шамс” мегӯяд, имсол низ тибқи завқи худ оҳанг эҷод карданд ва ба тори эҳсоси шунавандаашон нохун заданд. Нобовар гуфт, ҳанӯз аз қабл ба маъруфияти дуэташ “Азта дилдил кинум” ё “Ту дилу ҷони манӣ” бо Шабнами Сурайё, бовар дошт, зеро ин оҳанг бо самимияти хоса иҷро шуд. Гузашта аз ин, истифодаи оҳанги аслии ин тарона, ба он на танҳо умри дубора бахшид, балки вирди забонҳо кард.

Гурӯҳи "Шамс" аслан бо мусиқии мардумӣ сару кор дорад ва то ба ҳол чор албоми гурӯҳ омода шудааст. "Шамс" ҳамчунин дар Афғонистон, Узбакистон, Русия ва Аврупо низ шӯҳрат дорад ва қариб дар тамоми Аврупо, Ҳиндустон ва 18 иёлати Амрико консерт додааст.

Гурӯҳи "Шамс" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фаъолияти яксолаашро хулоса кард ва чанд таронаи тозаашро низ иҷро намуд.

Нобовар Чаноров: "Бо Шабнам хостем аслро нигаҳ дорем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:08 0:00

XS
SM
MD
LG