Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳноз барои тоҷи "Мисс СММ" мубориза мебарад. ВИДЕО


Моҳи август дар шаҳри Солтлейк ситии Юта озмуни «Шоистатарин духтари Созмони Милали Муттаҳид» натиҷагирӣ мешавад. Ба даври ниҳоии ин озмун як намояндаи Тоҷикистон – Шаҳнози Эроншоҳ ҳам роҳ ёфтааст, ки соли ҷорӣ аз рӯи ихтисоси равоби байналмилали коллеҷи шаҳри Ню-Йорк (City College of New York)-ро хатм кардааст. Шаҳноз зодаи шаҳри Душанбе буда, бо аҳли хонаводааш дар дусолагӣ ба Русия кӯчид ва то 18-солагӣ он ҷо зиндагӣ кард. Ӯ мегӯяд, дар тӯли умри кӯтоҳаш дар се қитъаи сайёра зиндагӣ карда, вале ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардааст, ки тоҷик асту намояндаи як миллат ва фарҳанги нодир.

Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Ню-Йорк Шаҳнози Эроншоҳ гуфт, ки ҳамеша орзу дошт дар озмуни зебосанамҳои СММ иштирок кунад. Зимнан, соли 2011 барандаи ин озмун Нилуфар Шерзод, як духтаре аз Тоҷикистон шуд.

Шаҳноз мегӯяд, «Озмуни Мисс СММ соли 2010 таъсис шуд ва ҳадафаш пуштибонӣ аз донишҷӯёни хориҷӣ аст, то ки фарҳангу суннат ва кишварҳои худро муаррифӣ кунанд. Ин як озмуни соддаи духтарҳои зебо нест, ин як маъракаи фарҳангӣ аст. Ман дар бораи ин озмун солҳо пеш шунида будам ва бисёр мехостам, ки дар он иштирок кунам. Барои ман ҳамин паҳлӯҳои фарҳангиву миллии ин озмун қобили таваҷҷӯҳ буд. Ариза додам, гузаштам, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам ва моҳи август шонсе дорам, ки Тоҷикистонро дар ин озмун муаррифӣ кунам”.

Шаҳноз мегӯяд, ҳарчанд шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад, вале дар замири худ ҳамеша тоҷик буду мемонад. Вай мегӯяд, дар зиндагии ҳамарӯза ва дигар рукнҳои ҳаёти рӯзмаррааш аз фарҳангу расму одоби тоҷикӣ кор мегирад. Вай мегӯяд, “ошиқи ватани худ, расму суннатҳои тоҷикӣ ҳастам, ман онҳоро медонаму риоя мекунам. Барои ман воқеан ҳам хеле муҳим аст, ки тоҷик будани худро ба намоиш гузорам, мехоҳам, фарҳанги худро бо шакле, ки худам мебинаму медонам, муаррифӣ кунам. Яъне ин он донишҳоест, ки комилан аз баъзе стереотипҳои мавҷуда дар бораи мардуми тоҷик фарқ мекунад. Бисёр мехоҳам, ки бо беҳтарин шева вижагиҳои фарҳанги худро ба мардуми амрикоӣ намоиш диҳам”.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Шаҳноз гуфт, ки тарафдори пешрафтҳои иҷтимоии духтарони занони дигар дар Тоҷикистон аст. Вай ботаассуф гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯзаи ин кишвар ҳамоно масъалаҳое вуҷуд дорад, ки ба масоили ҳуқуқ, озодӣ ва имкониятҳои занонро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад. Вале занҳо набояд дар баробари ин мушкилот хомӯш ва итоаткор бошанд, балки барои ҳақи худ мубориза баранд. “Барои ман ин мавзӯъ бегона нест, чун дар хонаводае, ки танҳо духтарҳо таваллуд шудаанд, бисёр вақт мешунидам, ки мегуфтанд, “чӣ қадар бад аст, ки шумо писар надоред”.

Нохушоянд аст, ки дар зеҳни мардуми мо муносибат ба мавқеи духтар ва писар дар оила нобаробар аст, ин аз қабили меъёрҳои дугуна аст. Духтарҳо “ҷинси заъиф” ба дунё намеоянд, онҳо дар ҷомеаҳое ба ҷинси заъиф табдил мешаванд, ки монеи пешрафт ва рушди онҳо мешаванд. Аз оғоз бояд барои писару духтарҳо дар таҳсилу кор имкониятҳои баробар фароҳам оварда шавад. Дар Тоҷикистон занҳо бояд барои ҳуқуқи худ мубориза баранд, онҳо бояд ё бо нирӯи худ, ё бо кӯмаки фаъолон ва ҳукуматашон мубориза баранд. Занҳо нирӯи кофӣ доранд, фақат ба онҳо имконият додан лозим аст, ки ин тавонмандиҳои худро ба намоиш гузоранд”.

Натиҷаҳои озмуни “Мисс СММ” 12 августи соли ҷорӣ эълон мешавад.

Шаҳнози Эроншоҳ дар озмуни зебоии СММ ширкат мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

XS
SM
MD
LG