Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Намирам аз ин пас ки ман зиндаам..." ВИДЕО


Масъулони "Тоҷикфилм" мегӯянд, ки дар ояндаи наздик барои осори филмҳои "Шоҳнома", хона-музей таъсис хоҳанд дод. Ба гуфтаи ин масъулон, дари ин хона-музей барои ҳама боз хоҳад буд ва дар канори осори филмҳои "Шоҳнома", намунаҳое аз осори филмҳои дигари машҳури Тоҷикистонро низ хоҳанд гузошт. Осори филмҳои "Шоҳнома" дар ҳоли ҳозир дар як гӯшаи бинои "Тоҷикфилм" нигаҳдорӣ мешаванд.

Шурӯъ аз солҳои 70 то 80-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон чаҳор филми ҳунарӣ “Коваи оҳангар”, “Достони Рустам”, ”Рустам ва Суҳроб” ва "Достони Сиёвуш” таҳия шуданд, ки шӯҳрати кинои тоҷикро дар арсаи Иттиҳоди Шӯравии пешин боло бурд ва низ дар кинофестивалҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овард.

Дар ҳоли ҳозир, ҳосили заҳмату талошҳое, ки барои таҳияи ин филмҳо анҷом дода шудааст, аз ҷумла дастгоҳҳои наворбардорӣ, силоҳу ҷангафзорҳо ва либосу ҷавшану парчамҳо, аспу аробаҳои ҷангӣ, дар осорхонаи таърихӣ дар бинои “Тоҷикфилм” маҳфузанд. Вале дари ин осорхона ҳамакнун баста аст ва шояд кам касоне аз вуҷуди он огоҳӣ доранд.

Осори филмҳои "Шоҳнома" дар "Тоҷиккино"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Ҷавшани Рустам бо пӯсти паланг, кулоҳи Сӯҳроб, тахти Кайковус, камони Рустам бо тирдон, шамшери Сиёвуш, албому камераҳои наворбардории филмҳои достонҳои "Шоҳнома" аз намунаҳои аслии ин осорхона мебошанд. Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси “Тоҷикфилм” ба Радиои Озодӣ гуфт, осори ин музей-хона ва анбори либос ҳосили заҳмати коргардони номдори тоҷик Борис Кимиёгаров мебошад ва ин ҳама осори филмҳо, бо талоши ӯ ба даст омадааст.

Ҷамшед Раҳматов (Ромишгар), киношиноси тоҷик ҳам мегӯяд Борис Кимёгаров мехост пас аз филми “Достони Сиёвуш” дар бораи зиндагиномаи Ҳаким Фирдавсӣ як филми ҳунарӣ омода кунад, вале умр вафо накард.

Дар ин осорхона тақрибан 600 дона шурӯъ аз либосу ҷавшан ва парчамҳои Коваи Оҳангар то сарулибоси Рустаму Сиёвуш, Сӯҳробу Афросиёб ва пироҳанҳои Таҳминаву Гурдофарид маҳфузанд. Дар осорхона ҳамчунин албомҳои алоҳидаи аксҳо вуҷуд дорад, ки дар он лаҳзаҳои наворгирии филмҳо ва акси ҳунарпешаҳое, ки нақши қаҳрамонҳои "Шоҳнома"-ро бозидаанд, гирд оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG