Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури ҳазорҳо нафар дар консерти Севинч. Рӯҳониён наомаданд. ВИДЕО


Ҳазорҳо нафар дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии пойтахти Тоҷикистон, барои тамошои барномаи ҳунарии Севинч Муъминова – овозхони машҳури Узбекистон – рафтаанд. Мақомот мегӯянд, варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки гунҷоиши 25 ҳазор нафарро дорад, шоми 11-уми сентябр комилан пур шуд. Нархи билет аз 30 то 50 сомонӣ буд.

Ҳунарнамоии Севинч Муъминова замоне сари забонҳо афтод, ки ҳафтаи гузашта аз имом-хатибони шаҳри Ваҳдат хостанд, намозгузоронро ба харидани билети консерт ташвиқ кунанд. Вале шаби консерт ҳузури руҳониён мушоҳида нашуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муллоҳо ба консерти Севинч нарафтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Фарзона Ҳамдам, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар нафаре, ки дар дил хоҳиши иштирок дар ин чорабиниро дошт, билет харидааст. Мақомоти шаҳр касеро барои гирифтани билет маҷбур накардаанд”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинон гуфтанд, ки фурӯши билетҳо ҳам дар варзишгоҳ ва ҳам дар идораҳои давлатӣ ба роҳ монда шуда буд. Нилуфар, як сокини шаҳри Ваҳдат гуфт, “модарам аз ҷои кори худ ду билетро бо нархи 50 сомонӣ гирифта оварданд.”

Пас аз гармии муносибатҳои Тошканду Душанбе дар ду соли охир, Севинч Мӯъминова бори севум дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ баргузор меккунад. Худи ӯ шоми 11-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бигзор дӯстии мардуми ду кишвар абадӣ бошад. Ҳамеша бо якдигар равуо кунем. Шумо ба хонаи мо ба меҳмонӣ биоед, мо ба хонаи шумо. Ҳамеша дӯстӣ бошад, тинҷӣ бошад.”

Дар ин консерт ба ҷуз аз Севинч, чанд сарояндаи тоҷик, аз ҷумла Нигина Амноқулова, Ҷонибеки Мурод, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ҳунарнамоӣ кардаанд.

Севинч Муъминова
Севинч Муъминова

Исроил, сокини шаҳри Ваҳдат гуфт, ки барномаи ҳунарӣ барояш писанд омад. “Хеле маъқул шуд, чун овозхонҳои хубу таронаҳои ҷолиб буд. Бигзор ҳаминхел консертҳо зуд-зуд баргузор шавад ва мардум хастагиро лаҳзае фаромӯш кунанд”, - афзуд ӯ.

Даъвати мақомот аз намозгузорон барои харидории билети консерти Севинч Муъминова дар ҳоле буд, ки дар гузашта руҳониёнро ба тамошои театру осорхона бурда буданд. Коршиносон ҷалби руҳониён ба муассисаҳои фарҳангиро ҷузъе аз сиёсати ҳукумат ва қатъӣ кардани назорат бар ҳаёти динии мардум медонанд.

XS
SM
MD
LG