Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди рафтори Земан ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон


Вакилони порлумони Ҷумҳурии Чех забон ва шеваи раҳбарии раисиҷумҳур Милош Земанро, аз ҷумла дар сафари ӯ ба Тоҷикистон, таҳти танқид қарор доданд.

Аъзои сенати Ҷумҳурии Чех аз Ҳизби Демократҳои Масеҳӣ ва гурӯҳи шаҳрдорон ё STAN аз раисиҷумҳур Милош Земан даъват карданд, ки рафтор ва гуфтори худро дигар кунад.

Дар номаи дастҷамъонаи вакилони маҷлис, ки хабаргузории расмии CTK мунташир намуд, Земан барои мавзеъгирии “навозишкорона”-аш нисбати Русия ва Чин ва гуфторе, ки ба қавли вакилон, аксари аҳолӣ намепазирад, танқид шудааст.

“Шумо бо он тарзи гуфтор ва андешаву амали худ шаҳрвандонро аз худ бегона мекунед,” – навиштаанд сарони ду ҷиноҳи порлумонӣ Петр Силар ва Ян Ҳорник ва аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Земан бархӯрди таҷовузгарона ва диктатории Русияро нисбати Украина нодида гирифтааст. Президенти чех ба он низ муттаҳам шудааст, ки дар муносибат бо Чин аз мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи инсон худдорӣ мекунад.

Вакилони порлумони Ҷумҳурии Чех президент Земанро ҳамчунин барои он танқид карданд, ки дар Тоҷикистон ва Қазоқистон на ба чехӣ, балки русӣ сӯҳбат кард. Онҳо аз раисиҷумҳур хостанд, дар хориҷа ба забони чехӣ ҳарф занад ва аз Ҷумҳурии Чех ба гунаи мӯҳтарам намояндагӣ кунад.

Номаи вакилон дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ду ҷиноҳи порлумон хостанд, раисиҷумҳурро барои шарҳ додани ин масъалаҳо ба ҷаласаи сенат даъват кунанд, аммо раъйи кофӣ ба даст наоварданд. Онҳо талош доранд, ин ҳафта Земанро барои баёнот ба маҷлис даъват намоянд.

“Нофаҳмост, ки Шумо поймол шудани қарордод ва ӯҳдадориҳои Русияро нодида гирифтед. Қадамҳои расмии Шумо ба ҷониби Русия ва Чин обрӯи моро ҳамчун як кишвари демократӣ коҳиш медиҳанд ва моро ба шарики беэътимоди Иттиҳоди Аврупо ва НАТО табдил медиҳанд. Мо бовар дорем, ки аксарияти кулли шаҳрвандон ин рафторро намепазиранд ва ба чунин бархӯрд сазовор нестанд,” – омадааст дар номаи сенаторҳо.

Ба ақидаи вакилони маҷлис Земан бо баҳонаи манфиатҳои иқтисодии ширкатҳои чехӣ ё ҷомеаи чех аҳамияти бузурги ҳуқуқи инсонро паст задааст. Ва бо ин президент хилофи Сарқонуни Ҷумҳурии Чех амал кардааст.

Нома идомаи эътирозҳоест, ки дар натиҷаи баҳси Земан нисбати таҳримҳои ИА зидди Русия баъд аз ишғол шудани Қрим аз ҷониби Маскав ва ҳамчунин муносибати “навозишкорона”-и ӯ бо режими Чин ба амал омадаанд. Аммо Земан бештар барои истифодаи вожаҳои беадабона дар мусоҳибаи зинда бо Радиои Чех шадидан танқид мешавад.

Дар сафари расмиии Милош Земан ба Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр масъалаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Украина ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Чех баррасӣ шуда, барои густариши ин равобит се санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида буд.

Милош Земан дар бораи дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

XS
SM
MD
LG