Мардуми бахусус шаҳрнишин дар ин шабу рӯз ҳарчи бештар аз бозорҳо ба ҷои сабзавоти маъмулӣ алафи ошиву чукрӣ ва рошаку ров мехаранд. Тавре дар чанде аз бозорҳои пойтахт мушоҳида кардем, алафҳои кӯҳӣ як бизнеси муваққатии баъзе аз сокинон ва тоҷирон аст, ки даромади хуб ҳам доштааст.
Ҳарчанд дар бозорҳои кишвар деҳқонеро ёфтан хеле мушкил аст, ки маҳсулоти худро аз дасти якум ба сокинон расонад, аммо баъзе фурӯшандаҳои алафҳои баҳорӣ мегӯянд, худашон аз кӯҳистон ин алафҳоро ба бозор оварда мефурӯшанд.
Як фурӯшанда, ки худро Салима муаррифӣ кард, гуфт, ки алафҳои оширо аз сокинони деҳоти Ромит яклухт мехарад ва дар бозор оварда бо зам кардани чанд смоние мефурӯшад. Ба гуфтаи холаи Салима, ғайр аз харҷи роҳ аз фурӯши он даромади хуб ҳам ба даст меорад. Фурӯшандаҳое, ки ба гуфтаи онҳо алафҳоро аз кӯҳистон ва сокинони деҳот овардаанд як баста сияҳалаф ва алафи дигари ошӣ, ки аз он «модел» ном мебаранд ба қимати 2,5 сомонӣ, як баста чукрӣ, 5 сомонӣ ва як дона рошакро вобаста ба ҳаҷми он аз 1 то 3 сомонӣ мефурӯшанд. Ҳамчунин як кило чукрӣ дар инҷо 15 сомонӣ нарх дорад. Аммо ин нархи тоҷирони канор ва даромадгоҳи бозор аст. Ин фурӯшандагони бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт мегӯянд, сияҳалафро аз минтақаи Ромит ва чукриву рошакро аз тарафи Қурғонтеппа дастрас мекунанд.
Аммо чанд қадам дуртар чукриву рошак ва алафҳои ошӣ дар растаҳои сабзавотфурӯшии бозор дар баробари дигар маҳсулот гаронтар фурӯхта мешавад. Ба таври мисол, як бастаи алафи ошӣ ё худ сияҳалаф 5 сомонӣ, як кило чукрӣ 30 сомонӣ ва рошак ҳам 4-6 сомонӣ барои ҳар донае фурӯхта мешавад. Ин тоҷирон мегӯянд, онҳо аз дигар сокинон ин алафҳоро мехаранд ва гаронтар мефурӯшанд. Дар чанд лаҳзае, ки дар назди ин фурӯшандаҳо будем мушоҳида шуд, ки аз ин растаҳо шахсони ба назар доро гузар мекунанд ва ба ҳар қимате, ки набошад онро мехаранд.
Нархи аз ҳама арзони алафи баҳорӣ, шибит аст, ки дар гузаргоҳи назди бозор дар назди як духтарчаи тахминан 14-15-сола дидем. Як бастаи шибит дар инҷо ба қимати 1 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо ин «тоҷири баҳорӣ» ҳозир нашуд бо мо сӯҳбат кунад, ки ин алафҳоро аз куҷо дастрас мекунад ва аз даромади он чи қадар фоида мебинад.