Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сели ахир ба Қирғизистон $2 миллион зарар расондааст


Мақомоти Қирғизистон ҳаҷми зарари расида аз селро дар рӯзҳои аз 20 апрел то 1 июли имсол беш аз 170 миллион сом арзёбӣ кардаанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар бораи бартарафсозии оқибатҳои сел дар вилояти Ӯши он кишвар хабар дода шудааст.

Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Бообек Аҷикеев дар ҷаласа гуфтааст, дар кишвараш дар ин давра 236 бор сел омадааст. Дар натиҷа чандин километр роҳ ва 9 пул хароб шудааст.

Сел дар ноҳияҳои Навкат ва Қаракӯли Ӯш ҷони беш аз 14 касро рабудааст. Дар Навкат 28 июн як зани 48-сола ҳамроҳи се писари 19, 16 ва 11-сола ва набераи дусолааш ҷон бохтааст. Ҳамчунин як духтари 15-сола в ду кӯдаки дигар, ки аз Қазоқистон ба хонаи хешонашон ба Қирғизистон рафта буданд, ҷон додаанд.

Дар Қаракӯл 30 июн дар пайи омадани сел 4 узви як хонавода, падари 36-сола ва модари 34-сола ҳамроҳи ду фарзанди 4 ва 12-солаашон ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG