Ҷонӣ Шарипов, ҷавони 20-солаи тоҷик, маҳз барои селфӣ (selfie) ё аксбардорӣ ба баландии 3 ҳазору 500 метр баромад. Вай акси худро дар кӯҳҳои ноҳияи Варзоб бардошт ва дар миёни садҳо тасвири дигараш дар “Инстаграм” ҷой дод.
Дар Тоҷикистон дар давоми ду соли охир ду ҳодисаи мудҳиши марги духтарон ҳангоми селфӣ сабт шуд.
Шарипов мегӯяд, селфӣ ё аксбардорӣ дар ҳалқаи дӯстону манзараҳои зебо ва аҷибро дӯст медорад. "Як ҳодисаи аҷиби дигар ҳам буд. Як автобус аз қафо оташ гирифт. Ронандаро ишора кардем, нафаҳмид. Дурбини пеши телефонро рӯшан карда, аз қафои автобус давидем, то ронандаро огоҳ кунем. Ҳамин тавр, якбора дар ин пасманзар ҳам акс гирифтему ҳам навор", - мегӯяд мусоҳиби мо.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ӯ яке аз “гирифторон”-и селфӣ аст. "Рӯзе, ки аз чанд лаҳзаи зиндагии худ селфӣ ё акс нагирам, бароям рӯз нест. Ба ҳар куҷое равем, селфӣ мекунем. Масалан, чӣ хеле мардум дар роҳ сигор мекашанд, бе сигор наметавонанд, мо бе селфи наметавонем. Мо дар як рӯз чанд селфӣ мекунем", - афзуд Ҷонӣ Шарипов.
Ҳалокати се нафар ҳангоми селфӣ
Дӯстдорони селфӣ дар Тоҷикистон зиёданд ва маъмулан ҳамаи онҳо соҳиби телефонҳои ҳушманд ҳастанд, ки имкони аксу видео бардоштан хеле роҳат аст. Нигоҳи сарсарӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам кофист, ки ишқи аксгирии муаллифони саҳифаҳо ошкор шавад. Мавзӯи селфӣ ҳар чиз буда метавонад: ғизои зебову хушлаззат, манзараи зебо, хариди гарон дар фурӯшгоҳ, хушгузаронӣ бо дӯстон, маҳфили ҷамъиятиву хусусӣ ва ғайра.
Ошиқони селфӣ, инчунин, одат доранд дар макони аз назари онҳо нодиру барои дигарон ноошно акси зиёд гиранд. Аксгирӣ дар шароити дуру хатарнок яке дигар аз одатҳои ошиқони селфӣ аст. Дар Тоҷикистон дар давоми ду соли охир ду ҳодисаи мудҳиши марги духтарон ҳангоми селфӣ сабт шуд.
Дар ҳарду ҳолат ҳам духтарони ноболиғ дар Хатлону Рашт дар соҳили оби пуртуғён истода, талош карданд акси худро бигиранд, вале ба дарё сарозер шуданд.
Аввал барномаи хуб, дувум ҷои хуб
Ҳадаф аз селфии зиёд гирифтани худро ҳар нафар ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳад. Аммо аксарият қоиланд, ки бо ин кор таърихи зиндагии ҳаррӯзаи худро тариқи аксҳо навиштан мехоҳанд. Барои Шаҳноза Шарипова, селфӣ як воситаи орому хушҳолкунанда ҳам ҳаст.
“Мешаванд ҳолатҳое, ки ту бисёр нороҳатӣ ва чизе туро хурсанд намекунад. Вақте телефонатро мекушоӣ ва аксҳо аз лаҳзаҳои хуби зиндагиро мебинӣ, ҳамаи он рӯзҳо ба ёдат меоянд, хушҳол мешавӣ ва ба худ мегӯӣ, ки чаро такрор накунем он рӯзҳоро?”, - афзуд ӯ.
Шаҳноза дар телефонаш беш аз 1000 селфӣ дорад. Дар миёни дугонаҳояш бо селфиҳои зебову фарқкунандаи худ шинохта аст: “Вақте мехоҳӣ худатро акс ё селфӣ бигирӣ, муҳим ин аст, ки аввал барномаи хуб барои селфигирӣ дошта бошӣ ва баъд зовияи муайян ва мувофиқ барои бардоштани аксро пайдо кунӣ. Агар ҳамин чанд нозукиро донӣ, селфиҳои беҳтарин хоҳанд буд”.
Бархе аз пажӯҳишҳо аксбардорӣ ё селфиро як навъ беморӣ ё вобастагӣ унвон мекунанд. Бархе равоншиносон мегӯянд, ки майли зиёд ба аксбардории симои худ баёнгари мушкили эътимод ба нафс, танҳоии ботинӣ, талоши беҳтар нишон додани шароити зиндагии худ ваё барои пайдо кардани ёру ошное тавассути нашри акси зебо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Равоншиносон мегӯянд, муҳим ин аст, ки муаллифони аксҳо дар бораи арзишҳои муҳими инсонӣ фаромӯш накунанд ва бидонанд, ки ҳар акс танҳо акс аст ва муҳаббату одамгарӣ, муомилаи хуш бо наздикон ва инсондӯстӣ муҳимтар аз зоҳирпарастӣ аст.