Тоҳир Хайруллоев, муовини сардори ситоди кулли вазорати дифои Тоҷикистон ва писари вазири собиқи дифоъ Шералӣ Хайруллоев дар анҷумани «Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон», ки 27-уми март дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт: «Ҷангҳои иттилоотӣ ҳамеша бурда мешавад ва давлатҳои алоҳидаро ба воситаи техенологияҳои худ ҷалб мекунад. Мутахассисони ҷангҳои иттилоотӣ барои ноамн кардани авзоъ дурӯғи маҳз мегӯянд, воқеиятро таҳриф карда, ба майнаи гурӯҳҳои алоҳида рақамҳои нодуруст ва хабарҳои бардурӯғро ҷой мекунанд. Ин боис мешавад, ки ин гурӯҳҳо ба майдон баромада, муқобили ҳукумати хеш мубориза баранд. Маҳз бо ҳамин усул ҳукуматҳо дар соири кишварҳои Шарқи наздик, Қафқоз ва чуноне ки чанде пеш шоҳид будем, дар Украина ҳам иваз шуд.»
Низомии баландпояи тоҷик гуфт, дар чунин ҷангҳои иттилоотӣ «афроди зӯровару золим қаҳрамон унвон мешаванд ва ҷабрдидаҳоро ҳамчун золим нишон медиҳанд».Ба гуфтаи Тоҳир Хайруллоев, аз ҳамин роҳ гурӯҳҳои манфиатҷӯй хашми издиҳомро барангехта ва онҳоро алайҳи ҳукуматҳо меситезонанд.
Муовини сардори ситоди кулли вазорати дифоъ, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки гурӯҳҳои терористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири ҷалби ҷавонон ба сафҳои хеш ба таври густарда фаъолиятҳои худро ба роҳ мондаанд.
Хайруллоев дар тақвияти суханҳои хеш теъдоди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ёдовар шуд, ки ба ҳисоби ӯ, ҳоло дар Facebook беш аз 1 миллиард, Вконтакте 190 миллион, ва You tube 1 миллиард ва Twitter бештар аз 200 миллион нафар шудаанд. Тоҳир Хайруллоев аз кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) хост, ба қавли ӯ, нерӯҳояшонро дар мубориза ба ин гуна ҷангҳои иттилоотӣ басиҷ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар фановариҳои иттилоотии навин аз абзоре беш нестанд ва ин мушкилоти иҷтимоӣ назири фақру бекорӣ, ноадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ аст, ки мардумро дар кишварҳои гуногун ба майдон мекашад ва эшонро водор месозад алайҳи ҳукуматҳои худкома қиём кунанд.
Дмитрий Александров, корманди Донишкадаи пажӯҳишҳои стратегии Русия, ки низ аз ширкатдорони ин конфронс буд дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, пеш аз ҳама мушкилоти фаровони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба амнияти минтақаи Осиёи Миёна хатар дорад: «Ин хатарҳо аз мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди нобаробари минтақаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Ин омилҳо барои пайдо ва рушд ёфтани ҳавзаҳои ифротиву радикалии мазҳабиву миллӣ замина гузоштааст. Ҳамчунин дар 10 -15 соли охир мушкилоти тақсимоти об низ хеле доғ шудааст. Ин ҳама омилҳо кишварҳои минтақаро дар баробари хатароти ношӣ аз Афғонистон хеле осебпазир мекунад».
Анҷумани байналмиллаи илмӣ таҳти унвони «Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон» рӯзи 27-уми март дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.
Дар конфаронс намояндагон аз кишварҳои Осиёи Миёна, таҳлилгарони минтақаӣ ва мақомоти тоҷик ширкат карданд. Яке дигар аз масъалаҳои мавриди баррасӣ дар нишаст, авзоъи Афғонистон пас аз соли 2014 ва таъсири ноамниҳои эҳтимолӣ аз он кишвар ба Осиёи Марказӣ буд.
Қарор аст, то охири имсол бисёре аз нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст, баъди рафтани онҳо, суботи нисбӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба ҳам бизанад.