Соли гузашта, ҳангоми иштирок дар як конфронс дар Санкт-Петербург, ду мақоми амрикоии дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мадҳуш шуданд. Яке аз онҳо баъдан ба бемористон интиқол ёфт ва ин ҳодисаро мақомоти амрикоӣ ҳамчун ҷузъе аз маъракаи сартосарии ҳамлаву озори дипломатҳои амрикоӣ аз ҷониби Русия қабул карданд.
Ҳодиса моҳи ноябри соли 2015 дар як тарабхонаи назди меҳмонхонае рух дод, ки мизбони конфронси зиддифасод дар Санкт-Петербург буд. Як мақоми амрикоӣ гуфт, Департаменти давлатӣ дар робита бо ин ҳодиса "оромона" эътироз баён кард. Вале баъди ним сол ҳодисаи дигар рух дод ва Вашингтон пас аз муқоиса ба хулосае омад, ки ҳардуи он
Замоне ки ин нафар дар дохили бемористон буд, ногаҳон нерӯи барқ қатъ ва имкони гирифтану санҷидани хуни дипломат ғайриимкон шуд. Вақте ӯ берун аз кишвар рафт, дигар барои санҷидани хуни ӯ дер шуда буд.
давоми як моҷаро ҳастанд. Моҳи июни соли 2016 як дипломати амрикоиро дар назди дари сафоратхонаи ИМА дар Маскав ба замин зер карданд ва ин ҳодисаро Вашингтон ҳамчун идомаи ҳодисаҳои ҳамла ба дипломатҳо арзёбӣ кард. Департаменти давлатӣ ба хулосае омад, ки озори дипломатҳо дар давоми ду соли охир мавриди нигаронӣ шудааст.
Заҳролудшавии бидуни шаҳодат
Конфронси зидди фасод, ки аз ҷониби СММ рӯзҳои 2 то 6 ноябри соли гузашта дар Санкт-Петербург баргузор шуд, барои аввалин бор баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо болои Русия аз ҷониби ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо бо сабаби ғасби нимҷазираи Қрим дар қаламрави Русия ҷараён гирифт. Дар ин конфронс 21 мақоми амрикоӣ аз сохторҳои мухталифи давлатии ИМА иштирок карданд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) бо чандин намояндаи созмонҳои ғайридавлатии ин конфронс дар тамос шуд ва касе аз онҳо нагуфт, ки аз ҳодисаи мадҳушкунӣ хабар дорад. Як мақоми амрикоӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду амрикоӣ – як зану як мард дар тарабхонаи меҳмонхонаи Санкт-Петербург дар ҳолати мадҳушӣ дида шуданд.
Яке аз онҳо баъдан ба як клиникаи ғарбӣ интиқол дода шуд, то ки нахуст намунаи хуни ӯ барои санҷиши сабаби мадҳушиаш гирифта шавад. "Замоне ки ин нафар дар дохили бемористон буд, ногаҳон нерӯи барқ қатъ ва имкони гирифтану санҷидани хуни дипломат ғайриимкон шуд. Вақте ӯ берун аз кишвар бароварда шуд, дигар барои санҷидани хуни ӯ дер шуда буд", - гуфт ин мақоми амрикоӣ.
Мақомот гуфтанд, баъди ин Департаменти давлатӣ як нотаи расмӣ фиристода аз Русия талаб кард, ки дар ин замина посух диҳад. Дар ҷавоб Маскав талаб кард, ки натиҷаҳои санҷиши хуни ин нафар ба онҳо нишон дода шавад. Масъулони меҳмонхона ҳам гуфтанд, ки исми коргарони навбатдори он рӯзро дода наметавонанд. Дар ниҳоят муфаттишони рус ҳам гуфтанд, ки бидуни шаҳодати воқеӣ онҳо ин қазияро таҳқиқ карда наметавонанд.
Аз дуди сигор то ахлоти инсон
Дархости РАО/РО ба сафорати Русия ҳам барои шарҳи ин қазия бе ҷавоб монд. Мақомоти Департаменти давлатӣ мегӯянд, дар ҳодисаи гузаштаи ҳамсон, ки чандон зиёд набудааст, маъмулан ҳодисаҳои мадҳушкунӣ бо ҳадафи ғорат рух додааст. Дар ин ҳодиса, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, касе ғорат нашуд. Ду дипломати амрикоӣ дар шароити мухталиф ва аз ҳам ҷудо мадҳуш карда шуданд.
Қазияҳои аз ҷониби Русия ё ҷосусҳои Шӯравӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтани дипломатҳои амрикоӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Дар ҳодисаҳои гузашта ба хонаи дипломатҳои амрикоӣ ворид шуда, либосу ҷиҳозро паҳну парешон кардаанд, сигор ва ё газро рӯшан гузошта рафтаанд. Вале дар солҳои охир, муҳаққиқони Департаменти давлатӣ мегӯянд, дипломатҳои амрикоӣ дар Русия ҳарчӣ бештар мавриди ҳадаф қарор мегиранд ва худро дар ин кишвар амн эҳсос намекунанд.
Сафири Амрико Майкл Маклоф аз соли 2012 то феврали соли 2014 чандин бор бо журналистони расонаҳои давлатӣ рӯбарӯ шудааст, ки бидуни огоҳии пешакӣ ӯро дар мулоқоти хусусӣ пешвоз мегирифтанд. Дар номаҳои шикоятии худ ӯ чандин бор ба мақомоти Маскав аз амнияти худ изҳори нигаронӣ карда буд. Худи сафир гуфтааст, ки бовар дорад сӯҳбатҳои телефонии ӯ гӯш карда шуда баъдан дар ихтиёри журналистон гузошта мешаванд.
Қазияҳои аз ҷониби Русия ё ҷосусҳои шӯравӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтани дипломатҳои амрикоӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Дар ҳодисаҳои гузашта ба хонаи дипломатҳои амрикоӣ ворид шуда, либосу ҷиҳозотро паҳну парешон кардаанд, сигор ва ё газро рӯшан гузошта рафтаанд.
Дар як ҳодисаи соли ҷорӣ дипломате дар хонааш дарёфтааст, ки касе обро кушода рафтааст. Дар ду ҳодисаи соли ҷорӣ дар хонаи дипломатҳо боқимондаҳои ахлоти инсон пайдо шудааст. Бо ин ҳол то ҳанӯз касе аз ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба худ хабар надодааст. Департаменти давлатӣ мегӯяд, вазъият аз соли 2014 ба ин сӯ бадтар мешавад.
Нигаронӣ аз амнияти дипломатҳо дар Русия
Як корманди Департаменти давлатӣ бидуни бурдани номаш ба РАО/РО гуфт, ки “бидуни зикри ҳодисаи мушаххас, мо аз тарзи бархӯрд бо ҳамкоронам дар Русия изҳори нигаронӣ мекунем. Мо ин масъалаҳоро аз рӯи қонуну ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи худ дар баландтарин сатҳ ҳамеша матраҳ кардаем ва хоҳем кард”.
Моҳи июни соли ҷорӣ як ҳодисаи моҷаробарангезе рух дод: як посбони сафорат дар даромадгоҳи ин намояндагии дипломатӣ шаҳрванди Амрикоро ба замин зер кард. Департаменти давлатӣ аз тарзи бархӯрд бо дипломаташ эътироз кард, вале намояндаи вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки посбони сафорат вазифаи худро иҷро мекард ва нахост, ки як шахси машкук, ки ба гуфтаи ӯ чеҳраашро пинҳон мекард, вориди сафорат шавад. Баъди ин ҷониби Русия гуфт, ки як ходими Раёсати марказии истихборот (ЦРУ) зери ниқоби дипломатӣ кор мекард. Навори видеоии ин ҳодиса тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд.
Принсипи "ҷавоби муносиб"-и дипломатияи Русия
Дар натиҷа, Маскаву Вашингтон ду дипломати сабтиномшудаашонро аз қаламравҳои кишварҳои худ берун карданд. Чунин ҳодисаҳо хоси даврони Ҷанги сард буд. Баъди ин чандин корманди сафорати амрикоӣ аз ҷониби нозирони роҳ манъ мешуданд, ҳарчанд аз рӯи таҷрибаи роҳуфтода, барои қонуншиканиҳои андак мошинҳои дорои рақамҳои дипломатӣ манъ намешаванд.
Дар пасманзари эътирозҳои амрикоиҳо аз ғайри қобили қабул будани чунин бархӯрд бо дипломатҳо, намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова гуфт, ки дар ИМА ҳам дипломатҳои онҳо зери фишор ҳастанд. Ӯ гуфт, ки Русия чораҳои ҷавобӣ меандешад ва вазъ дар оянда метавонад бадтар шавад.
Захарова дар як нишасти матбуотиаш дар Маскав рӯзи 28 июн гуфт: “Дипломатҳои мо пайваста бо амалҳои таҳрикомез аз ҷониби ФБР ва ЦРУ рӯбарӯ мешаванд, онҳо аз ҳама чораҳо кор мегиранд, аз ҷумла аз фишорҳои равонӣ дар ҳузури аъзои хонаводаи дипломатҳо». Вай гуфт, “дар дипломатия принсипи ҷавоби муносиб вуҷуд дорад. Бо бад кардани равобит бо Федератсияи Русия, Вашингтон худаш ҳаёти дипломатҳояш дар хориҷа бадтар мекунад”, гуфт ӯ.
Майк Эккел, Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ