Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд


27 август, рейди полис дар як сохтмони шаҳри Хабаровски Русия, ки макони кори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мебошад
27 август, рейди полис дар як сохтмони шаҳри Хабаровски Русия, ки макони кори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мебошад

Дар минтақаи Шарқи Дур аввалин бор қарор содир шуд, ки се зодаи Тоҷикистон, ки  тоза шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бо сабаби  сари вақт ба қайди комиссариати ҳарбӣ нагузоштани номи худ аз шаҳрвандӣ ва шиносномаи русӣ маҳрум карда шаванд.

Хабаргузории Интерфакс дар ин бора рӯзи 19 октябр бо такя ба дафтари матбуоти раёсати умури дохилии вилояти Хабаровск иттило додааст. Полис ба додгоҳ шикоят кардааст, ки се зодаи Тоҷикистон талаботи қонунро иҷро накарданд, дар ҳоле, ки баъди гирифтани шаҳрвандӣ бояд ба қайди комиссариати ҳарбӣ медаромаданд. Ҳолати мазкур дар натиҷаи як тафтиши кормандони комиссариати ҳарбии вилояти Хабаровск ва раёсати умури муҳоҷирати вилояти Хабаровск маълум шудааст. Қарори бекор кардани шаҳрвандиро раёсати умури дохилии вилояти Хабаровск содир кардааст.

Полиси Хабаровск гуфтааст, ки се шахси аз шаҳрвандии Русия маҳрумшуда дар ин бора шахсан огоҳ карда шуданд. Онҳоро полис боздошт кард, шиносномаҳоро аз дасташон гирифтанд ва онҳо бояд Русияро тарк кунанд.

Комисари ҳарбии вилояти Хабаровск Сергей Евлампиев ба хабарнигорон гуфтааст, ки баъди санҷиш 700 нафар ба қайди ҳарбӣ гузошта шуда, 17 нафари онҳо алакай ба хидмати тирамоҳӣ фиристода шуданд.

Баъди ҳуҷум ба хоки Украина дар Русия қонуни гирифтани шаҳрвандӣ таҳрир шуд ва аз мардон талаб мешаванд, ки баробари ба даст гирифтани шиносномаи русӣ ба қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дароянд, то ки баъдан онҳо ба ҷанг сафарбар шаванд. Бисёр хосторони дарёфти шаҳрвандии Русияро ин талабот нигарон кард. Аксар тоҷикистониҳое, ки дар фикри гирифтани шаҳрвандии Русия мебошанд, инро як зарурати иқтисодӣ ва маишӣ меноманд, чун имкони кору фаъолияти қонунӣ ва бетатент дар Русия фароҳам мешавад. Бисёри онҳо барои хидмат дар артиш ё сафарбарӣ ба ҷанг, ки аз соли 2022 давом дорад, омода нестанд.

XS
SM
MD
LG