Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари аврупоӣ Фаластинро ба расмият шинохтанд. Исроил хашмгин шуд


Парчами Фаластин
Парчами Фаластин

Се давлати аврупоӣ – Норвегия, Ирландия ва Испания рӯзи 22-юми май давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд.

Ин таҳаввулоти таърихӣ билофосила мавриди маҳкумияти Исроил ва истиқболи фаластиниҳо қарор гирифт. Исроил сафиронашро аз Норвегия, Ирландия ва Испания фаро хонд. Эълони эътирофи давлати Фаластин яке паи дигар нашр шуд. Аввал шуда нахуствазири Норвегия Йонас Гор Стёре гуфт, “бидуни эътироф сулҳ дар Ховари Миёна номумкин аст”. Қарори расмӣ дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин 28-уми май ба иҷро медарояд.

Нахуствазири Ирландия Саймон Ҳаррис дар як нишасти хабарӣ гуфт, "ҳар яки мо акнун барои дар амал татбиқ кардани ин қарор тадбирҳои зарурӣ меандешем”. Ӯ гуфт, ки ин қарор барои хатми низои Фаластину Исроил аз роҳи эҷоди нақшаи бунёди як давлати арабӣ дар ҳамсоягии Исроил мусоидат мекунад. Ҳанӯз ҷузъиёти аз ин беш, аз ҷумла ин ки кадом шаҳр метавонад пойтахти Фаластин интихоб шавад, маълум нест.

Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар шарҳи ин изҳорот аз мақомот дар Дублин даъват кард, ки бозичаи дасти ҲАМОС нашаванд. Ин гурӯҳро, ки дар Навори Ғазза ҳукуматро дар ихтиёр дорад, ИМА ва Аврупо террористӣ медонанд. Исроил гуфтааст, ки ҳама гуна талоши ба расмият шинохтани Фаластин дурнамои эҷоди сулҳ дар Ховари Миёнаро бо хатар рӯбарӯ мекунад.

Бо эътироз ба ин тасмим, Исроил сафиронашро аз ин се кишвари аврупоӣ баровард.

Аз 193 давлати узви СММ 138 кишвар истиқлолияти давлати Фаластинро эътироф мекунад ва дар миёни он Чину Русия ҳам ҳастанд. Тоҷикистон аз соли 1992 бо давлати Фаластин муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст ва августи соли 2023 дар Душанбе сафорати давлати Фаластин ташкил шуд.

Давлатҳои мисли Исроил, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон истиқлолияти давлати Фаластинро эътироф намекунанд.

Исроил чандин моҳ аст дар навори Ғазза, ки ба ҳудудҳои имрӯзаи маъмурияти Фаластин дохил мешавад, амалиёти низомиро пеш мебарад. Ин амалиёт дар посух ба ҳамлаи рӯзи 7 октябри гурӯҳи ҲАМОС шурӯъ шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта гардид ва 250 нафар – исроилиҳову хориҷиҳо гаравгон гирифта ва ба Ғазза бурда шуданд. Cарнавишти беш аз сад нафари онҳо ҳанӯз маълум нест.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Ҳамос" аст, аз оғози ҳамлаҳои Исроил зиёд аз 35 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шудаанд.

Масъалаи истиқлолияти давлати Фаластин бар пояи принсипи "ду давлат барои ду мардум" бунёд шуда, таъсиси давлати арабҳои Фаластинро дар ҳамсоягии Исроил пешбинӣ мекунад. Ин консепсия баъди ҷанги шашрӯзаи кишварҳои арабӣ бо Исроил дар соли 1967 дар матни Қатъномаи 242-юми Шӯрои амнияти СММ дарҷ шуд. Вале дар ин масъала ҳеҷ гоҳ, на дар дохили Исроил ва на дар миёни гурӯҳҳои сиёсии фаластинӣ, назари воҳиде вуҷуд надошт. Сиёсатмадорони исроилӣ ҳарос доранд, ки давлати мустақили Фаластин метавонад ба пойгоҳи ҳамлаҳои доимӣ ба Исроил табдил шавад. Дар Фаластин тундавҳо ҳаққи мавҷудияти давлати мустақили яҳудиро қабул надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG