Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади се духтар аз кӯле дар Ҳамадонӣ пайдо шудааст


Ғарқшавии се духтар дар ноҳияи Ҳамадонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Деҳаи Боғистон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст.

Се духтари наврас дар деҳаи Боғистони ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 22-юми июн ҳангоми оббозӣ дар яке аз кулҳои ин деҳа ғарқ шуда, фавтидаанд.

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин духтарон меҳмонӣ рафта будаанд ва дар кӯли воқеъ дар наздикии боғи бобояшон ғарқ шудаанд.

Ин манбаъ аз ҳалокшудаҳо Гулноза Назарзодаи 15-сола, Дилноза Назароваи 11-сола ва Бассирати Ҳисайнзодаи 20-сола ном бурд.

“Ҳодиса ҳамон рӯзи 22-юм дар нисфирӯзӣ мешавад. Духтарҳо пайдарҳам ба ҳавз медароянд, ҳавз хело ҷуқур будааст, ғарқ мешаванд. Чанд соат баъд сокинон аз қазия огоҳ шуда, хонаводаи духтарро хабардор мекунанд. Милиса ҳам огоҳ шуда, ба ҷои ҳодиса рафтанд ва хулоса баъди нифирӯзи ҷасади духтарҳоро аз ҳавз бароварданд,”--гуфт ҳамсуҳбати мо.

Деҳаи Боғистон ба дарёи Панҷ наздик буда, кулу ҳавзҳои зиёд дорад ва ҳар фасли гармо мақомот ғарқшавии сокинонро дар ин минтақа сабт мекунанд.

Ҳалокати се духтар дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми июн Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, ки дар камтар аз 6 моҳи охир 40 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 ноболиғ, 12 хурдсоли то синни мактабӣ ва 11 ҷавон ба ҳалокат расидаанд.

Ин Раёсат ҳамон рӯз эълон кард, ки аз рӯзи бистум сар карда дар вилоят амалиёти “Наҷот” роҳандозӣ мешавад.

Ҳоло тибқи иттилои расми дар ҳудуди Тоҷикистон аз аввали имсол 66 кас дар рӯду кӯлҳои ҷумҳурӣ ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. 36 нафари онҳо наврас будаанд.

Дар ин шабу рӯз тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ эълон мешавад, ки мардум аз оббозӣ дар минтақаҳои мамнуъ худорӣ кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони милисаи вилояти Хатлон дида мешаванд, ки монеи оббозии кӯдакону наврасон дар кӯлу рӯдхонаҳо хатарнок мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG