Генерали амрикоӣ Скотт Миллер фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро ба ӯҳда гирифт. Сари кор омадани фармондеҳи нав дар ҳолест, ки стратегияи ИМА барои сари мизи гуфтушунид нишондани Толибон ҳарчи бештар зери суол меравад.
Бовар дорам, ки баъзе Толибон хостори сулҳ ҳастанд, вале онҳо ҳамоно ҷанг мекунанд
Скотт Миллер дар маросими муаррифии фармондеҳи нав дар қароргоҳи ҳайати кӯмаки НАТО дар Кобул рӯзи 2 сентябр гуфт: “Барои пирӯз шудан, мо бояд пайваста муҳит ва душманро омӯхта ба он одат кунем”. Ӯ гуфт, ки дар ин масъала ҳолати дугона буда наметавонад ва “мо наметавонем қонеъ бошем”.
Аз замони қабули стратегияи нави фишор ба Толибон ва амалиёти ҳавоӣ ба ҳадафҳои ҷангиён як сол мегузарад. Дар ин муддат ҳазорҳо нирӯ барои тамрин ва машварат ба нирӯҳои милии Афғонистон сафарбар шуданд.
Вале ҳанӯз ҳам аломати возеҳи ин ки пешрафте дар Афғонистон мушоҳида мешавад, вуҷуд надорад. Шумори ҳамлаҳои ҷангиён ба ҳадафҳои ҳукумативу низомӣ ва ҳам мулкӣ ба нишондодҳои рекордӣ мерасад. Нирӯҳои миллии Афғонистон бо сабаби хисороти зиёд ва мушкили дастрасӣ ба муҳимот ва ҳам аз назари заъфи ташкилӣ дар ҳолати хуб қарор надоранд.
Дар ҳоле, ки Толибон ҳеҷ маркази муҳими шаҳрнишинро ба даст наовардаанд, боз ҳам қаламравҳои зиёди кишвар таҳти назорати Толибон мебошад.
Ҷон Николсон, генерали амрикоие, ки мақоми фармондеҳиро тарк мекунад, дар маросиме дар Кобул аз ҷангиён тақозо кард, ки ба талаби мардуми Афғонистон гӯш диҳанд ва сулҳ кунанд.
“Бовар дорам, ки баъзе Толибон хостори сулҳ ҳастанд, вале онҳо ҳамоно ҷанг мекунанд”, - гуфт Николсон. “Вақти он расид, ки ба ҷанг дар Афғонистон хотима дода шавад”.
Дар як гузориши нозирони аршади Пентагон, ки моҳи июн нашр шуд, гуфта шуд, ки шаҳодати ин ки афзоиши фишор болои Толибон натиҷаи назаррас дода бошад, хеле ночиз аст.
Дар остонаи Иди Рамазон ҳукумати Афғонистон ба Толибон оташбас пешниҳод кард. Ин иқдоми бесобиқа буд, вале зиёд муваффақ нашуд ва базудӣ Толибон ба шаҳри Ғазнӣ ҳамла карданд.
Миллер раҳбарии 16 ҳазор нирӯи НАТО, аз ҷумла тахминан 14 ҳазор нирӯи амрикоиро дар Афғонистон ба ӯҳда мегирад. Ин нирӯҳо баъди соли 2014 асосан бо тамрин додан, машварат ва ҳам кӯмак ба нирӯҳои Афғонистон машғул ҳастанд.
Дар остонаи сари кор омадани фармондеҳи нави нирӯҳои НАТО дар Афғонистон, дабири кулли ин паймони низомӣ Йенс Столтенберг гуфт, ки “НАТО ба кӯмаки нирӯҳои Афғонистон ӯҳдадор шудааст, то ки шароити эҷоди сулҳу амнияти давомдор фароҳам оварда шавад”.
Дар маросими муаррифии фармондеҳи нав инчунин мушовири амнияти милии Афғонистон Ҳамидулло Муҳиб иштирок кард. Муҳибро рӯзи 25 август президент Ашраф Ғанӣ бар ивази Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба ин мақом таъин кард. Муҳиб то ин вақт дар мақоми сафири Афғонистон дар Вашингтон кор кардааст.
Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ки аз мақомаш истеъфо дод, зоҳиран бо президент Ғанӣ дар масъалаи амнияти кори хадамоти интизомии Афғонистон ихтилофи назар дошт. Дар ҳоле, ки баробар бо Атмар чанд мақоми амниятии дигар пешниҳоди истеъфо доданд, президент аризаҳои онҳоро қабул накард. Атмар, ки зимнан дар маросими тағйири фармондеҳӣ иштирок мекард, аз ҷониби Муҳиб ситоиш шуд. Ӯ гуфт, ки ҳамакнун бояд ба иҷрои рисолати сахти ӯ пардозад.
Бори аввал нирӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон соли 2001 ҳамчун бахше аз амалиёти мубориза бо Толибон омада буданд. 11 сентябри он сол террористон дар хоки ИМА ҳамлаи мудҳише анҷом доданд ва масъулияти онро гурӯҳи “Ал-Қоида” ба ӯҳда гирифт, ки дар хоки Афғонистон ҳамроҳ бо Толибон қарор доштанд.
Президенти собиқи ИМА Барак Обама соли 2009 эълон карда буд, ки 30 ҳазор нирӯи иловагӣ ва то соли 2011 - 100 ҳазор нирӯро ба Афғонистон сафарбар мекунад. Ҳайати НАТО дар Афғонистон, ки ба ин тартиб соли 2011 ба 130 ҳазор нафар мерасид, моҳи декабри соли 2014 ин кишварро тарк карда танҳо шуморе андаке аз низомиён бо ҳадафи кӯмак ба артиши Афғонистон дар ин кишвар монд.