Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе меравам, роҳҳо баста...


Истгоҳи таксиҳои Хуҷанд-Душанбе.
Истгоҳи таксиҳои Хуҷанд-Душанбе.

Рӯзҳои баргузории нишасти солонаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе, ҳаракати нақлиёти мусофирбар аз шимоли кишвар ба пойтахтро маҳдуд кардааст.

Роҳи Хуҷанд - Душанбе ягона масири нақлиётиест, ки вилояти Суғдро бо пойтахт ва қисмати ҷанубии кишвар мепайвандад. Ва дар ҳоле ки байни Хуҷанду Душанбе қатораи мусофирбар ҳаракат надорад ва тайёра ҳам дар ҳафтае чанд бор роҳ суи Душанбе мегирад, аксари кулли сокинон аз Суғд бо роҳи заминӣ ба Душанбе мераванд.

Маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёти мусофирбар аз Хуҷанд ба Душанбе, низоми кори таксиронҳоро барҳам зада, мусофиронро сарсон кардааст. Истгоҳи таксиҳои хатсайри Хуҷанд - Душанбе дар саҳни автостансияи маҳаллаи Пахтакор, канори ҷанубии Хуҷанд аст. Субҳи рӯзи ҷумъаи 12 уми сентябр, ки он ҷо рафтам, дидам, ки шумораи таксиҳо мисли рӯзҳои дигар зиёд нест ва теъдоди мусофирон ба самти Душанбе аз он ҳам камтар аст.

Як ҷавон, ки худро Комил муаррифӣ кард, мегӯяд, 3 рӯз пеш бо даъвати хешонаш роҳи Душанбе пеш гирифтанӣ буд, вале хабари баста будани роҳ ӯро аз сафар боздошт ва ҳоло ба умеде омадааст, ки худро ба Душанбе расонад: “Ҳозир як таксиронро мунтазирам, ки ваъда дод то Душанбе мерасонад. Аммо хавотирам, чунки мегӯянд, ки дар Шаҳристон БДА ҳаракати нақлиёт ба сӯи Душанберо манъ кардааст.”

Ҳамсӯҳбати дигарам, ки таваккалан роҳи пойтахтро пеш гирифтанӣ буд, гуфт, ки аз як рафиқи таксиронаш шунидааст, дар ҳақиқат рӯзона масъулони БДА дар Шаҳристону Айнӣ нақлиёти ба самти Душанбе мутаваққиф менамоянд, аммо шабона иҷозат медодаанд роҳашонро ба пойтахт идома диҳанд.

Дар истгоҳи таксиҳои хатсайри Хуҷанд - Душанбе мусофирони озими Душанбе кам ба чашм мерасиданд. Ба гуфтаи таксиронҳо, хабари маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёти мусофирбар аз Суғд ба Душанбе тавассути радиову телевизионҳои маҳаллӣ сокинонро аз роҳи сафар ба пойтахт гардондааст. Бархеи онҳо гуфтанд, ки 3 шабонарӯз пеш ба Хуҷанд омадаву то ҳол наметавонанд ба Душанбе баргарданд.

Ронандаҳои таксӣ дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон гуфтанд, ки тасмими раҳбандии масъулонро қабул надоранд. Онҳо метавонистанд бо раҳ надодани таксиҳои хатсайри Хуҷанд - Душанбе ба маркази пойтахт ҳам, мушкили тамбашавии роҳро ҳал кунанд. Вале мақомоти БДА мегӯянд, маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт ба он хотир аст, ки аз камтарин эҳтимоли эҷоди халал барои ҳаракати меҳмонони нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе, ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти БДА тавассути радиову телевизионҳои маҳаллии Суғд эълон карданд, ки сокинон дар рӯзҳои баргузории нишасти солонаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе, то рӯзи 14-уми сентябр аз сафар ба пойтахт, бидуни кори таъҷиливу таърихнопазир худдорӣ кунанд.

Диловар Ализода, сухангӯи БДА-и вилоят дар Хуҷанд дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кор ба хотири мусоидат барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз тамбашавии воситаҳои налиёт дар Душанбе амалӣ мешавад. Вай афзуд, сокинон дар ҳолати пайдо шудани корҳои таъҷилӣ барои сафар бо автомобил ба Душанбе, бояд аз сардори идораи корҳои дохилии вилояти Суғд иҷозат бигиранд.

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, ба масъули танзими ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Хуҷанд Душанбе дар минтақаи Айнӣ, Абдуғанӣ Ҷӯрақулов занг зада пурсидам, оё ҳозир ҳаракати нақлиёт ба самти Душанбе чӣ гуна ҷараён дорад ? Вай гуфт: “Ҳозир тамоми нақлиёти ба самти Душанберо, ба ғайр нақлиёте, ки иҷозати сардори идораи корҳои дохилиро доранд, аз ҳаракат боздошта истодаем. Дар Истаравшану Шаҳристон ҳам дошта истодаем.”

Ҷаноби Ҷӯрақулов афзуд, интизор меравад шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе баъд аз нимрӯзии шанбеи 13-уми юми сентябр, пас аз анҷоми нишасти сарони давлатҳои узви Сомони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе боз гардад. Бозрасии давлатии автомобилии Суғд маҳдудияти ҳаракати нақлиёти мусофирбар аз Хуҷанд ба Душанберо аз рӯзи 9-уми сентябр то 14-уми сентябр эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG