Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро наврасҳо худкушӣ мекунанд?


Мизони ҷинояткорӣ ва мавридҳои худкушӣ дар мактабҳои миёнаи Суғд афзоиш ёфта, дар 6 моҳи аввали соли равон 16 ноболиғ худкушӣ ва 4 нафар сӯиқасд ба ҷони худ кардааст.

Мизони ҷинояткорӣ ва мавориди худкушӣ байни хонандагони мактабҳои шимоли Тоҷикистон солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти расмӣ, дар 6 моҳи аввали соли равон 16 ноболиғ худкушӣ ва 4 нафар сӯиқасд ба ҷони худ кардааст. Ҳамчунин, дар ин давра 83 атфол ҷиноятҳои мухталиф, назири дуздиду авбошӣ содир намудаанд.

Равоншиносон сабабу омилҳои ин вазъро ба бепарвоии волидайн, мушкилоти иҷтимоӣ, ба ҳоли худ вогузор шудани кӯдак ва саривақт ёрии равонӣ нарасонидан ба кӯдак рабт медиҳанд.

Зӯҳро Раҳматова, равоншиноси мактаби рақами 19-и шаҳри Хуҷанд ва раҳбари иттиҳодияи методии равоншиносони мактабҳои ин шаҳр, ки аз давраи омӯзишии равоншиносӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос фориғ шудааст, мегӯяд, барои хонанда, ки дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад, сӯҳбати маҳрамонаву ҳамдардонаи як равоншинос аз панду насиҳат ва гоҳе таҳдиди як омӯзгор, ба маротиб беҳтар аст. Ин дар ҳолест, ки танҳо як сеюми мактабҳои таҳслоти ҳамагонии вилояти Суғд бо равоншиноси ботаҷруба таъмин ҳастанд.

Ба манзури ислоҳи ин вазъ Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси омузгорон дар шаҳри Хуҷанд барои равоншиносони мактабҳои миёна давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши равоншиносиро ба роҳ мондааст. Масъулони ин донишкада мегӯянд, бори аввал барои равоншиносони мактабҳои миёнаи Суғд чунин давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор шуда ва дар тӯли 12 рӯз равоншиносони касбӣ ба гурӯҳи 25 нафарии равоншиносони мактаб роҳҳои кумакҳои равоншиносӣ ба атфоли ниёзмандро омӯзиш медиҳанд.

Муҳаррам Раҳимова, мудири бахши равоншиносии донишкадаи мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мактабҳо атфоли осеби равонидида, асабӣ, камтавон, аз нигоҳи равонӣ ақибмонда, танҳоидӯст ва тарсу ба гурӯҳҳои осебпазир ё ислоҳталаб шомил шуда ва бо онҳо бояд муносибати махсус сурат гирад. Хонум Раҳимова афзуд, дар ин соли таҳсил давраи кӯтоҳмуддати омӯзишии равоншиносиро 50 тан аз равоншиносони мактбҳои миёнаи Суғд хатм карда ва аз 6 октябр як гурӯҳи нави раовншиносони мактабҳо, иборат аз 25 нафар давраи омӯзиширо оғоз карданд.

Ӯ мегӯяд, дар ҷараёни дарсҳои амалӣ ба равоншиносони мактабҳо чӣ тавр бо кӯдаки дар ҳолати буҳронӣ қарордошта сӯҳбат намудан, дили вайро ба зиндагиву кору таҳсил гарм кардан тадрис мешавад. Зеро ба таъкиди хонуми Раҳимова, “агар равоншиноси мактаб кӯдакро ба тариқи сӯҳбатҳои маҳрамона аз ҳолати буҳронӣ берун оварда тавонад, кӯдак ба роҳи бад намеравад. Вале бепарвоии атрофиён ва бо мушкили худ танҳо мондани кӯдак, вайро ба роҳи номатлуб мебарад.”

Дар ҳоли ҳозир мактабҳои миёнаи Суғд ба норасоии шадиди равоншиносони касбӣ рӯбарӯ ҳастанд. Танҳо факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шӯъбаи равоншиносӣ дорад, ки онро ҳамасола ҳудуди 25 нафар хатм мекунанд. Вале аз нигоҳи Муҳаррам Раҳимова, мудири бахши равоншиносии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос дар шаҳри Хуҷанд, ин теъдод барои таъмини мактабҳои миёнаи минтақа бо равоншинос кофӣ нест.

Хонум Раҳимова мегӯяд, мантиқан бозомӯзии ихтисосии равоншиносони мактабҳои миёна низ бояд дар ин донишгоҳ сурат бигирад, вале ин муассисаи таҳсилоти олӣ чунин имконро надорад. Аз ин рӯ, донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон давраҳои бозомӯзии равоншиносонро роҳандозӣ кардааст.

Зӯҳро Раҳматова, равоншиноси мактаби рақами 19-и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, чанд рӯзе қабл бо хоҳиши модари як духтари мактабхони 13- сола, ки кӯдакона ва якҷониба ба ҷавоне ошиқ шудаву аз хобу хӯр монда, ҳатто ба раги дасташ теғ задааст, сӯҳбати маҳрамона доштааст.

Ӯ гуфт, дар чунин ҳолатҳо муҳим аст, ки кӯдак дар хона ё дар мактаб маҳрами розе дошта бошад ва сирру мушкилоташро натарсида рӯшод ба вай гӯяд. Талаба аз ошкор намудани розаш ба муаллимаи худ меҳаросад, чунки омузгор ба ҷои дастгирӣ ӯро танбеҳ медиҳад, насиҳат мекунад ё волидайнашро дар ҷараён мегузорад. Равоншиноси мактаб бояд касе бошад, ки ҳар мактабхон ба вай бовар кунад ва мушкилоташро бигӯяд ваёрии равонӣ бигирад. Аммо афсӯс, ки на ҳама равоншиносони мактабҳо инро мефаҳманд ва мисли омузгорони дигар рафтор мекунанд ва барои сӯҳбатҳои алоҳида бо хонандаи ниёзманди ёрии равонӣ вақти кофӣ ва ихтисос ҳам надоранд.

Дар ҳоли ҳозир аз ҳудуди 1 ҳазор мактаби миёнаи вилояти Суғд фақат 384 мактаб бо равоншиноси ҳирфаӣ таъмин ҳастанд. Дар мактабҳои дигар кори равоншиносро умдатан муаллимони ихтисосҳои дигар бар дӯш доранд. Дар барномаҳои таълимии мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарси равоншиносӣ ҷой надорад, вале тибқи муқаррарот, ҳар мактаб дорои як воҳиди кории равоншинос аст. Вале дар мисоли вилояти Суғд беш аз ними мактабҳои миёна чунин мутахассиси касбӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG