Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаб дар ферма. "Падарон аз гиребони муаллим мегиранд" ВИДЕО, АКС


Дар як бинои 70-сола дар деҳаи Солмолидашти​ ноҳияи Балҷувон як замон гов парвариш мекарданд. Ҳоло дар дохили он бачаҳои мардум бо сад азобу мушкил дарс мехонанд. Сафинаи Амиршо яке аз онҳост. “Азбаски ҷой намерасад, барои ҳамин чаҳорнафарӣ мешинем, ки дарсҳоямонро тайёр кунем”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.

Мактаби мо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Инро дар ҳамаҷо медонанд. Мо ба ҳукумати ноҳия, ба шӯъбаи маориф муроҷиат кардем, хабар додем.

Беш аз 300 нафар дар инҷо дарс мегиранд. Зоҳиран кӯдакони далеранд, зеро на ҳама ҷуръати нишастан дар чунин синфхонаҳоро дорад. Ҷадвали дарси бачаҳоро на танҳо Вазорати маориф ва илм, балки табиат ҳам тағйир медиҳад.

Рухсораи Ҷӯрахон, яке аз хонандагони мегӯяд, “шароити хондан нест. Борон мерезад. Дар инҷо хонда наметавонем ва муаллим маҷбур мешавад, ки моро ҷавоб диҳад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Падараш меояд, гиребони муаллимро мегирад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Соли 1981 биноро бо андаке тағйир аз ферма ба мактаб табдил доданд. Мактаби миёнаи рақами 5-и деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон шуд. Фарши баъзе аз синфхонаҳо аз гил ва сақфашон аз қамиш (най) аст. Мизу курсиҳоро метавон ба осорхона супурд.

Маҳинаи Файз, хонандаи ин мактаб, мегӯяд, “миёнамонро қат карда менависем. Курсӣ надорем, шикастаанд. Бад менависем. Мизу курсиҳои кофӣ надорем.”

Сафинаи Амиршо
Сафинаи Амиршо

Ба бачаҳову омӯзгорони ин мактаб дар дохил фурӯ рафтани бом ва дар берун афтодан ба ғор таҳдид мекунад. Ғоре, ки ҳар сол ба мактаб наздиктар меояд ва ба гуфтаи пирони деҳа, хатари фалокатро бештар мекунад.

Хоҷамқул Маҳмадалиев, сокини Солмолидашт, мегӯяд, “то мактаб якуним метр мондааст. Дар мактаб одами бисёр аст. Яке бозӣ мекунад, яке бо шаст медавад ва мезанад дар таҳи ғор. Баъд соҳиби кӯдак гиребони муаллим мегирад, ки бачаи маро чӣ кор кардӣ?”

Мақомоти расмӣ ва Вазорати маориф солҳост, ки аз ҳоли риққатовари мактаби Солмолидашт огаҳ ҳастанд. Ваъда додаанд, ки барои аҳолии афзояндаи деҳа мактаби нав месозанд.

Ҳикматулло Холиқов
Ҳикматулло Холиқов

“Мактаби мо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Инро дар ҳамаҷо медонанд. Мо ба ҳукумати ноҳия, ба шӯъбаи маориф муроҷиат кардем, хабар додем. Инро ҳама медонанд. Ҳукумати ноҳия ҳам гуфт, ки тарҳрезӣ шудааст, бояд дар ягон ҷо мактаби нав бисозанд. Ҳаминро нигоҳ дорем, ки кай мешавад”, - гуфт Ҳикматулло Холиқов, мудири мактаби рақами 5-и Балҷувон.

Бо расидани баҳори умед омӯзгорону бачаҳо зиёдтар мешавад, ки рӯзе коргарон меоянд ва хостаи деринаи соддаи бачаҳоро амалӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG