Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ ба занон иҷоза медиҳад вориди варзишгоҳҳо шаванд


Арабистони Саудӣ аз оғози соли нави мелодӣ ба занони он кишвар иҷоза медиҳад, ки ба бархе аз варзишгоҳҳо, ворид шаванд. Ин иқдоми нав бахше аз талошҳои раҳбарияти он кишвар барои коҳиши маҳдудиятҳо дар мавриди занҳо дар ин кишвари муҳофизакор аст.

"Ҳайати умумии варзиш"-и Арабистони Саудӣ дар сафҳаи "Твиттер"-и худ гуфтааст, мақомҳои зидахл ба омодасозии варзишгоҳҳо дар Риёз, Ҷидда ва Димом шурӯъ кардаанд ва аз оғози соли 2018 хонаводаҳо метавонанд дар варзишгоҳҳо ҳузур пайдо кунанд.

Арабистони Саудӣ наздик ба 20 миллион аҳолӣ дорад, ки беш аз ниме аз онҳо зери 25-сола ҳастанд. Муҳаммад бин Салмон худ 32-сола аст ва дар оғози соли ҷорӣ ба ҷои Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳди Арабистони Саудӣ таъйин шуд.

Расонаҳо ахиран ин эҳтимолро низ матраҳ карданд, ки Арабистони Саудӣ ба наздикӣ иҷозаи вуруд ба синаморо низ барои занон содир хоҳад кард. Бинобар қонунҳои Арабистони Саудӣ, як узви калони мард дар хонавода бояд барои таҳсил, мусофират ва як идда аз фаъолиятҳои дигари занон, иҷоза бидиҳад ва дар ғайри он, занон аз чунин ҳуқуқе баҳраманд нестанд.

Хабаргузориҳо менависанд, ки дастгоҳи раҳбарии Арабистон -- ба таври мушаххас валиаҳд Муҳаммад бин Салмон сиёсатҳои наверо дар пеш гирифтааст, ки бо афкори умумии Арабистони Саудӣ дар тазод аст.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ чанд рӯз қабл ваъда дода буд, ки "исломи миёнарав"-ро ба кишвараш боз мегардонад ва барои интиқоли ин кишвар ба як ҷомеаи боз, ки ба шаҳрвандон имконияти бештар дода ва сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад, хостори ҳимояти байналмилалӣ шуд.

Вай аз ҷумла гуфт "ончи дар 30 соли гузашта рӯй дод, ҳақиқати Арабистони Саудӣ нест. Ончи тайи 30 соли гузашта дар минтақа иттифоқ афтод, Ховари Миёнаи воқеӣ нест. Пас аз Инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, мардум талош карданд ин моделро дар кишварҳои мухталиф пиёда кунанд ва яке аз онҳо Арабистони Саудӣ аст. Мо намедонистем бо ин падида чигуна бархӯрд кунем ва мушкил дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. Акнун вақти он расидааст, ки аз он халос шавем."​

Муҳаммад бин Салмон.
Муҳаммад бин Салмон.

Арабистони Саудӣ беш аз 32 миллион аҳолӣ дорад, ки беш аз ниме аз онҳо зери 25-сола ҳастанд. Муҳаммад бин Салмон худ 32-сола аст ва дар оғози соли ҷорӣ ба ҷои Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳди Арабистони Саудӣ таъйин шуд шуд.

Дар соли 2015 Салмон бин Абдулазиз ба подшоҳии Арабистони Саудӣ расид ва сиёсатҳои ин кишвар тағйир ёфт. Дар моҳи январи соли ҷорӣ подшоҳи Арабистони Саудӣ писари ҷавонаш Муҳаммад бин Салмонро валиаҳд ва ҷонишини худ таъйин кард. Дар даврони ҳукумати Салмон бин Абдулазиз салоҳиятҳои пулиси мазҳабӣ маҳдуд шуд, иҷозаи баргузории консертҳои мусиқӣ барои аввалин бор пас аз чанд даҳа содир шуд, бахше аз ҳуқуқи занон аз ҷумла ҳаққи ронандагӣ ба расмият шинохта шуд.

XS
SM
MD
LG