Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиб: “Муолиҷаи Саодат дар масъулияти ман набуд” САДО


Сайрам Исоева. Акс аз вебсайти радиои "Тироз", Хуҷанд
Сайрам Исоева. Акс аз вебсайти радиои "Тироз", Хуҷанд

Як пизишки бемористони шаҳри Хуҷанд дар додгоҳ гуфтааст, ки воқеан аз ҳоли Саодат Саломова, духтари ҳунарпешаи маъруф Сайрам Исоева, дар хонаашон хабар мегирифт, вале барои табобати пурраи ӯ масъулият надошт. Ин изҳороти Саодат Аминҷонова, муовини сарпизишки бемористони Хуҷанд, рӯзи 19-уми январ дар Додгоҳи маркази вилояти Суғд садо додааст.

Магар як табибе, ки қасам хӯрдааст, ҳақ дорад ин гуна ҳарф бизанад?
  • Саодат Саломова ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва корманди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзи 1-уми апрели соли гузашта дар шуъбаи эҳёи бемористони касалиҳои сил даргузашт.
Намози ҷанозаи Саодат Саломова дар Хуҷанд
Намози ҷанозаи Саодат Саломова дар Хуҷанд

"Хостем, ба бемористон биорем, розӣ нашуданд"​

Саодат Аминҷонова, муовини сарпизишки бемористони Хуҷанд, рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтари Сайрам Исоева бемори бистарӣ буд ва табобаташ шомили масъулиятҳои ӯ намешуд. Ӯ гуфт, танҳо бо дастури раҳбараш ба муолиҷаи Саодат Саломова ҷалб гардида буд. "Ман пизишки муоилиҷавӣ (амбулаторӣ) нестам. Чанд дафъа хостем, ки ӯро ба бемористон биорем. Аммо муаллима розӣ нашуданд. Муолиҷаи беморони бистарӣ шомили вазифаи ман намешавад”, - изҳор дошт ӯ.

Изҳороти як пизишк дар робита ба марги Саодат Саломова
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

Баррасии парвандаи марги Саодат Саломова, духтари Сайрам Исоева ва ҳунарманди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, ин шабу рӯз дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд идома дорад. Пайвандони Саодат Саломова гуфтанд, ки ин изҳороти табиб онҳоро дар ҳолати “шок” гузоштааст ва онҳо чунин рафторро “бепарвоӣ” ва “хунукназарӣ” нисбат ба кору бемор номиданд. Онҳо гуфтанд, табибон зарурати интиқоли духтарашон ба беморхонаро таъкид накарда буданд. “Баръакс моро дилпур карда буданд, ки Саодатро дар се рӯз сиҳат карда, ба по мехезонанд”, - гуфт як узви хонаводаи Саломовҳо.

Вакил: "Магар вазифаи ҳар пизишк муолиҷаи беморон нест?"

Дилафрӯз Самадова
Дилафрӯз Самадова

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои хонаводаи Саодат Саломова, низ гуфт, “чигуна як пизишк, ки вазифаи аслиаш табобати бемор аст, бепарвоёна чунин мегӯяд? Магар як табибе, ки қасам хӯрдааст, ҳақ дорад ин гуна ҳарф бизанад? Бемор ё наздиконаш танҳо ба шифохона муроҷиат мекунанд. Онҳо табибро интихоб намекунанд. Магар вазифаи ҳар табиб нест, ки беморро табобат кунад ва ё аз рӯи вазифаи касбиаш табобати ӯро ба роҳ монад?”

Саодат Аминҷонова ҳамроҳи муовини сарпизишки раёсати тандурустии вилояти Суғд М.Ҳоҷибоев 19 рӯзба табобати Саодат Саломова дар хонааш машғул буданд. Вале чун аҳволи Саломова беҳ неву бадтар ва хеле вазнин гардид, ӯро ба шуъбаи эҳёи беморхонаи шаҳрии Хуҷанд интиқол доданд. Сипас аз онҷо Саломоваро ба бемористони касалиҳои сили вилоятӣ фиристоданд.

"Коллагеноз" ё "сили майнаи сар"?

Саломова дар асл гирифтори чӣ беморӣ буд? Суолест, ки то ба ҳол пайвандонаш посухи дақиқ наёфтаанд. Табибон аввал ӯро мубталои бемории “коллагенози сабабаш номаълум” ва баъдан “сили майнаи сар” донистанд. Дар ҳоле ки баъди маргаш ташхиси биологӣ муайян кардааст, ки Саломова аслан бемори сил набуд ва балғами ташхисшуда ҳам ба ӯ тааллуқ надошт.

Дар хатти марг сабаби марги Саодат Саломва “хунравии мағзи сар” навишта шуда, ҳолати ӯ дар рӯзҳои бемориаш шабеҳи вазъи қабл аз инсулт будааст. Вале Саодат Аминҷонова, муовини сарпизишки бемористони шаҳри Хуҷанд, ташхиси “коллагенози сабабаш номаълум”-ро дуруст медонад. Ӯ дар бад шудани ҳолати сиҳатии Саломова наздиконашро муқассир донист, ки “дар аввал пешниҳоди дар бемористон табобат кардани фарзандашонро рад карда, баъд аз 5 рӯз ва нисбатан беҳтар шудани ҳолати сиҳатии ӯ дар хона табобатро қатъ намудаанд.”

Ду тараф, ду даъво

Иддаое, ки пайвандони Саодат Саломова қабул надоранд. Саодат Саломова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва духтари ҳунарвари шинохта Сайрам Исоева, рӯзи 1-уми япрели соли 2017 баъд аз тақрибан ду моҳи табобат дар хона ва бемористон дар 50-солагӣ даргузашт.

Додситонӣ баъд аз 8 моҳи таҳқиқи сабаби марги Саодат Саломова алайҳи Ҳотам Отабоев, духтури Маркази вилоятии мубориза бо сил ва Меҳрӣ Юсуфова, дастёри озмоишгоҳ (лаборантка)-и ин марказ дар шаҳри Хуҷанд “барои номатлуб иҷро намудани вазифаи касбиашон, ки боис ба марги инсон шудааст”, парванда боз кард.

XS
SM
MD
LG