Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми Тоҷикистон дар Сангтӯда-як: 25 % ё 18 %?


Расми бастани оби Вахш дар Сангтуда 1, 15 декабри соли 2006.
Расми бастани оби Вахш дар Сангтуда 1, 15 декабри соли 2006.

Бо вуҷуде, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан аз ихтиёрдории 25 дарсади саҳмияи ниругоҳи барқи обии Сангтудаи-1 суҳбат мекарданд ва баъдан ҳам талоши афзудан ба саҳмияи Тоҷикистон дар ин сохтмонро доштанд, мақомоти ширкати РАО ЕЭС-и Русия мегуянд, танҳо ҳудуди 18 дарсади саҳмияи Сангтудаи -1 ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад.

Анатолий Чубайс - раиси ширкати шабакаҳои муттаҳидаи барқи Русия ё РАО-ЕЭС дар ин бора гуфтааст, тибқи ҳисобҳои қаблӣ тарҳи ин барнома 450 миллион долларро ташкил медиҳад ва саҳми ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 18 дар сад аст. Бо вуҷуде, ки ҳануз нуктаи ниҳоӣ дар ин баҳс гузошта нашудааст, изофа намудааст Чубайс. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарордоди ду ҷониб 75 дарсади саҳмияи Сангтудаи-1 ба Русия ва 25 дарсади он ба ҷониби Тоҷикистон бояд тааллуқ мегирифт. Ва тибқи қавонини Тоҷикистон ҷонибе, ки 75 дарсади саҳмияро дар даст дорад, ҳаққи назорат бар умури ҷамъияти саҳҳомӣ ва сохтмонро хоҳад дошт.

Коршиносон мегуянд, ин ҳол пайомади нақзи қарордоди нобаробар ва санҷиданошуда бо Русия дар марвиди сохтмони ин ниругоҳ мебошад ва талоши Русия барои ин аст, ки тасмимгирӣ дар мавриди истифода аз ин ниругоҳро дар ихтиёри худ дошта бошад. Аммо бештар аз ин ҳам мушкили дигаре, ки ба назари таҳлилгарон метавонад пеш биояд наҳваи истифодаи аз барқи тавлидии ин ниругоҳ аст. Дар сурате, ки 75 дарсад ва бештар аз он саҳмияи Русия мешавад, мегуянд ин коршиносон, ва дар қарордоди ду ҷониб тарзи истифодаи он мушаххас нашудааст, дорандаи 75 дарсади саҳмия метавонад бо салоҳияти худ фуруши барқи Сангтударо ба роҳ бимонад. Дар чунин ҳолате бо вуҷуди ниёзи Тоҷикистон ба нируи барқ, ширкати РАО-ЕЭС-и Русия метавонад нируи барқи Сангтударо ба хориҷ содир кунад.

Ин коршиносон мегуянд, Тоҷикистон бояд талош кунад, то оғози марҳилаи аввали баҳрабардорӣ аз ниругоҳи барқи обии Сангтуда қарордоди илҳоқиеро бо Русия ба имзо бирасонад, ки тибқи он барқи Сангтудаи-1 дар навбати аввал барои баровардани ниёзҳои Тоҷикистон истифода шавад.

Ниругоҳи Сангтуда-1 тавассути ширкати РАО-ЕЭС –и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва барои анҷоми сохтмони он 450 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Ин ниругоҳ дар ҳавзаи рудхонаи Вахш тавони тавлиди 670 мегават нируи барқро дорад.

XS
SM
MD
LG