Ин пул бахше аз барномаи чаҳорсолаи қарз ба Украина аст, ки моҳи марти соли гузашта тасвиб шуда буд. Маблағи умумии он 15,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Як миллиард долларе, ки ҳоло IMF ҷудо кард, барои ниёзҳои буҷаи Украина сарф хоҳад шуд. Ин кишвар тақрибан се сол боз зери ҳуҷуми беасоси Русия қарор дорад.
Кристалина Георгиева, мудири иҷроияи Сандуқи Байнулмилалии Пул, рӯзи 18-уми октябр гуфт, бар асари ҳамлаҳои Русия бахшҳои иқтисоду иҷтимои Украина зиён дидаанд.
Ин ниҳоди байнулмилалии молӣ гуфт, Украина барои дарёфти қарз тамоми талабҳои ин ниҳодро иҷро кард, аз ҷумла ислоҳотро дар низоми молӣ.