Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саломатияш бад аст, ёрӣ намегирад." 16 шикоят аз шиканҷа дар Тоҷикистон


Созмони IPHR, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2023 дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳои кишвар 16 шикоят гирифт. Аз ин теъдод панҷ шикоят аз занон ва ду шикоят аз ноболиғон будааст.

Ба навиштаи Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар (IPHR), дар соли 2023 панҷ афсари ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба гуноҳи “шиканҷа” ба мӯҳлатҳои дароз ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин омор 26-уми июн, дар Рӯзи байнулмилалии ёрӣ ба қурбониёни шиканҷа, нашр шуд.

Созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шиканҷаи боздоштшудаҳову зиндониҳо ҳамоно “мушкили сартосарӣ” мемонад ва ба вижа нисбат ба онҳое раво дониста мешавад, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

“Бо вуҷуди чанд иқдоми мусбат, ки барои мубориза бо шиканҷа ҳадди ақал дар рӯйи коғаз дар саросари минтақа гирифта шудааст, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи муассир ва пайвастаи ин чораҳо кӯшиш намекунанд,” – гуфта шудааст дар изҳорот.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳамин рӯз аз сарнавишти ҳуқуқдони зиндонӣ Манучеҳр Холиқназаров изҳори нигаронӣ кардаанд. Вай соли 2022, дар пайи эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дастгир ва ба 16 сол зиндон маҳкум гардид.

“Дар ҳоле ки саломати ӯ дар пушти панҷара торафт бад мешавад, мақомот аз таъмини ӯ бо хадамоти зарурии пизишкӣ худдорӣ мекунанд,” – омадааст дар изҳорот.

Дар баёния, инчунин, аз бозгардондани маҷбурии мухолифону мунтақидони ҳукумат изҳори нигаронӣ шудааст, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, бо хатари шиканҷа рӯбарӯ ҳастанд:

“Истирдоди фаъолон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ба мисли Олмон, мояи нигаронии вижа аст. Иттиҳоди Аврупо дар чанд маврид дархости истирдоди танқидгарони ҳукуматро қонеъ кардаанд, ҳарчанд онҳо бо хатари воқеии шиканҷа, бадрафторӣ, мурофиаҳои ноодилона ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон рӯбарӯ мешаванд. Ин поймоли мустақими ӯҳдадориҳои онҳо (кишварҳои Иттиҳоди Аврупо) дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аст.”

XS
SM
MD
LG