Аз 1-уми декабр теъдоде аз фурӯшгоҳҳо дар шаҳри Душанбе тахфиф эълон карда, қимати молу маҳсулоташонро то 70 дарсад поин овардаанд. Аммо аксари харидорон аз ин сабукӣ розӣ нестанд ва ба самимияти фурӯшандаҳо дар нархгузорӣ бовар надоранд.
Арзонӣ дар худамон дурӯғ аст. Як моҳи пеш телефон харида будам. 1900 сомонӣ, ҳозир тахфиф кардаанд – 2100 - 2200 сомонӣ.
Субҳи ҷумъа муштариёни зиёд ба фурӯшгоҳи “Ашан”, бузургтарин маркази тиҷоратии Душанбе, шитофтанд. Бархе барои хариди молу маҳсулот ва баъзеи дигар ба хотири арзёбии нарху навои маҳсулот.
Муштариёне, ки барои арзёбии қиматҳо омада буданд, мегӯянд, интизороти онҳо барои хариди молу маҳсулоти арзон бароварда нашуд. Чун, ба қавли онҳо, тахфифи то 70-дарсадии фурӯшгоҳ на ба ҳама молу маҳсулот рабт мегирифт. Беҳрӯз Саидализода, сокини шаҳри Душанбе, дар дохили фурӯшгоҳи “Ашан” ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ хоҳиши хариди молҳои конселярӣ барои дафтари кориашро дошт, аммо ин навъи мол тахфиф надошт. Вай гуфт, “бозичаҳо арзон шуданд, баъд бархе аз маҳлулҳои шустушӯӣ. Аммо барои ман, ки корманди соҳаи маориф ҳастам, чизе тахфиф надорад”.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Ҳарчанд дар рӯзи аввали эълони тахфиф шумораи муштариёни фурушгоҳи “Ашан” се баробар афзуда буд, харидорон аз ин тахфиф чандон розӣ набуданд. Меҳрона Адҳам, сокини дигари пойтахт гуфт, тахфифи то 70-дарсадии молу маҳсулот дар фурӯшгоҳи “Ашан” воқеӣ аст, аммо маъмулан барои молу маҳсулоти камхарид эълон шудааст.
“Нархи ғизо мисли пешина аст, яъне бетағйир. Арзон нашудааст. Фақат дар инҷо макарон арзон шудааст. Нархаш то 1 сомониву 30 дирам поин оварда шудааст. Пештар 5, 6 ва 8 сомонӣ буд”, - гуфт Меҳрона.
Алан Дартез, мудири кулли ширкати “Шивер Тоҷикистон” ва фурушгоҳи “Ашан”, рӯзи 1-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳадаф доранд бо эълони тахфиф муштариёни бештарро барои хариди молу маҳсулот ҷалб кунанд. Ба гуфтаи Алан Дартез, соли гузашта низ онҳо чунин маъракаро роҳандозӣ карда буданд. Вай гуфт, «ин иқдом мисли ҳамон аксияи маъруфи “Ҷумъаи сиёҳ” (Black Friday) аст, аммо мо имсол номи инро “рӯзҳои тиллоӣ” гуфтем.»
Ба гуфтаи ин масъул, тибқи анъана бояд дар чунин иқдом аввалан ба молҳои техникӣ тахфиф эълон шавад, аммо дар фурӯшгоҳи онҳо молу маҳсулоти ғизову сарулибос тахфиф шуд. «Нархҳо дар фурӯшгоҳҳои мо ҳамеша ҳақиқӣ мебошад. Барои молҳои арзоншуда мо нархҳои пештараро гузошта хат мезанем ва нархҳои навро рӯи он менависем. То инки муштариён донанд, ки нархҳои пештара чанд буду чӣ қадар поин карда шудааст. Мо кӯшиш мекунем, тавассути поин кардани нархҳо маҳсулоти тавлидоти дохиливу хориҷиро ба муштариён дастрас кунем. Мо мизоҷонро фиреб карданӣ нестем”, - гуфт Алан Дартез.
Солҳои ахир дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон иқдоми арзон кардани нархи молу маҳсулот дар арафаи ҷашну маросим зиёд ба мушоҳида мерасад. Ҳатто аксияи дар Амрико маъруфи “Ҷумъаи сиёҳ” низ солҳои ахир дар бархе фурӯшгоҳҳо ҷараён мегирад. Аммо аксари сокинон ба воқеият доштани тахфифҳои бузург дар баробари нархи молу маҳсулот бовар надоранд. Ҳатто бархе бар инанд, ки ин иқдом фиреби назар ва ба хотири фурӯши молу маҳсулоташон руи даст гирифта мешавад. Толиб Собир, як сокини Душанбе гуфт “арзонӣ дар худамон дурӯғ аст. Як моҳи пеш телефон харида будам. 1900 сомонӣ, ҳозир тахфиф кардаанд – 2100 - 2200 сомонӣ. Барои ҳамин, мо бовар надорем. Ба фикри ман тоҷирон нархро баланд мекунанд, баъд мегӯянд, ки арзон кардем”.
Ҳоло дар Душанбе, бештар фурӯшгоҳҳои бузургу маъмул тахфиф эълон мекунанд. Фурӯшгоҳҳои “Ашан”, “Ёвар”, "Милано мода", “Орзу” ва тоҷирони фурӯшгоҳи марказии маъруф бо номи “ЦУМ” аз ҷумлаи ин фурӯшгоҳҳо ҳастанд.
Ҳарчанд барои нархи молу маҳсулот тахфифи идонаи то 75 дарсад эълон шудааст, дар дӯкону мағозаҳои пойтахт кашмакаш барои моли арзон ба мушоҳида намерасад.
Масъулони фурӯшгоҳҳои Душанбе ҳам қоиланд, ки маъмулан тахфифро барои молу маҳсулоте эълон мекунанд, ки интиҳои муҳлати истифодаашон наздик аст ё мавсими истифодаашон дар ҳоли гузаштан ва ё имкони муддати тӯлонӣ дар анбор ҳифз шуданро надоранд. Вале боз ҳам иддао мекунанд, ки бо эълони тахфиф даромади онҳо аз ҳисоби фурӯши теъдоди зиёдтар ҷуброн мешавад.