Саҳмия, ки акнун қадам ба панҷумин соли умраш мегузорад, аз забони аҳли деҳаи Миденшарваи ноҳияи Роштқалъа шунидааст, ки кайҳо мебоист соҳиби додарчае бо номи Роғуншоҳ мешуд, аммо солҳо мегузаранду аз ӯ хабаре нест.
Падару модари Саҳмия дар маъракаи шодбоди зода шудани ӯ дар назди аҳли деҳа ботантана ва азми қатъӣ қавл дода буданд, ки ин бор писарчаеро ба дунё меоранд ва номашро Роғуншоҳ мегузоранд. Аммо ҳарчанд таҳриму фишорҳои Ӯзбакистон дар робита бо бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба ин оила дар деҳаи дурдасти кӯҳистони Бадахшон таъсири рӯйирост надошт, тангдастӣ ва зарурати кор кардани модар сабаб шудааст, ки орзуи таваллуди тифли нав ба иҷро нарасад.
Модари Саҳмия -- Садбарг Муборакшоева мегӯяд: “Зиндагӣ мушкил шуд ва дар қишлоқи мо боғчаи бачагона ҳам нест, барои ҳамин дар хона ягон кас нест. Орзуи Роғушоҳро кардему лекин нашуд. Духтару писарам донишҷӯяд, агар кор накунем, намешавад”.
Садбарг ва шавҳари ӯ Лоҳутӣ, ки ҳарду омӯзгори мактаби деҳаанд, худро дар назди духтарчаашон ва ҳамдеҳагон хиҷолатзада ҳис мекунанд. Зеро ваъдаи онҳо, ки Роғуншоҳро ба дунё хоҳанд овард, на танҳо ба аҳли деҳа гуфта шуд, балки панҷ сол пеш ба як хабари расонаҳо низ табдил ёфта буд.
Таваллуди Саҳмия ба рӯзҳое рост омад, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи харидории саҳмияҳои Роғун дар авҷ буду шиори «Роғунро месозем!» аз оинаи нилгун дам ба дам садо медод. Маъракаи харидории иҷбории саҳмия ба деҳоти дурдасти Бадахшон ҳам расид ва волидони тифли навзод қарор карданд, ки ҳарчанд барои харидории саҳмия пули кам доранд, вале бо номгузории тифлашон ҳамраъйии худро ба ин маърака изҳор медоранд ва духтарчаашонро Саҳмия ном гузоштанд. Садбарг Муборакшоева мегӯяд:
“Вақти саҳмия гирифтан буд. Аз ном розӣ ҳастем, ҳамон саҳмияи Роғун ҳам барои мо даркор аст, барои мо равшанӣ даркор аст. Ба ғайр аз Саҳмия, ду фарзанди дигар дорем, номи писарам Пайравҷон, духтарам Сатрина”.
Саҳмияи хурдакак дар тӯйҳо мерақсаду суруд мехонад ва қанду ширинӣ ҳадя мегирад. Аммо сурудҳояш на дар васфи Роғун ва Роғуншоҳ, балки дар мавзӯъҳои дигаранд, ки дар барномаҳои бачагонаи шабакаҳои ҷумҳуриявӣ низ садо медиҳанд:
“Се духтаракон будем,
Лолачинакҳо будем...”
Аммо вақте ки Саҳмияи хурдсол ба рақс медарояд, бархе аз сокинони деҳа беихтиёр рӯзҳои саҳмиягирии маҷбуриро ба ёд меоранд. Ба гуфтаи онҳо, ба омӯзгорон то 500 сомонӣ ва афроде, ки дар вазифаҳои идорӣ дар сатҳи маҳал кор мекарданд, то 1000 сомонӣ саҳмия дода шуд.
Дар ҳамин ҳол дастандакорони НБО-и Роғун пас аз чанд муддати хомӯшӣ садо баланд карданд, ки бо таъхир ҳам бошад, Роғунро бунёд мекунанд. Аммо волидони Саҳмия бовар надоранд, ки мушкилоти иҷтимоии омӯзгорону сокинони деҳаи дурдаст дар солҳои наздик ҳал мешавад ва дар чунин ҳолат аз зода шудани Роғуншоҳ дида, бунёди нерӯгоҳи Роғун, алорағми мухолифони сарсахти он, ба ҳақиқат наздиктар ба назар мерасад. Ҳарчанд ин ҳам зери шубҳа аст...