Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи "мардикорон" дар Тоҷикистон зиёд, аммо нархи кор арзон шудааст. ВИДЕО


Талабгорони кор дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе. 16-уми сентябри 2020
Талабгорони кор дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе. 16-уми сентябри 2020

Бозгашти ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар замони пандемияи коронавирус аз Русия ба ватан якбора сафи талабгорони корро зиёд, вале нархи нирӯи кориро дар кишвар бамаротиб арзон кардааст.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ду ҳафта пеш гуфта буд, ки аз моҳи март ба ин тараф беш аз 30 ҳазор касро ба ватан "гусел карданд". Агар бахше аз онҳо занону кӯдакон ва беморонанд, бахши дигар шахсони қобили кор ҳастанд.

Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ гуфтанд, ки дар фикри ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳастанд, вале ҷузъиёти барномаи худро ошкор накарданд.

БОЗОРИ СЕРОДАМИ МАРДИКОРОН ДАР ДУШАНБЕ

Бозори ба истилоҳ "мардикорон" дар Душанбе дар муқоиса ба чанд моҳ пеш серодам аст ва ҳар кадоме аз онҳо розианд, ба қимати камтар кор кунанд ва барои харидани нону таъмини хонавода пуле ба даст биоранд.

Хуршед Сангов, ҷавони тоҷик, аз ҷумлаи корҷӯёнест, ки рӯзи 16-уми сентябр дар яке аз мардикорбозорҳои пойтахт мунтазири корфармо нишаста буд. Вай гуфт, ба таври қобили мулоҳиза поин рафтани нархи кор ба зиндагиаш таъсир гузошт, вале намехоҳад охирин имконро ҳам аз даст бидиҳад.

"Се-чаҳор рӯз дар ҳамин ҷо омада меистӣ, баъд як кор меёбӣ. Аз рӯзе, ки карантин шуд ва аз Русия муҳоҷирон баргаштанд, дар ин ҷо низ корҷӯён зиёд шуданд. Пештар дар як рӯз аз 170 то 200 сомонӣ кор мекардем, ҳозир 20-30 сомонӣ меёбем. Ҷавононе ҳастанд, ки ба инҷо меоянд, аммо аслан кор намеёбанд", – нақл кард ӯ.

Густариши бемории ҳамагир ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро дар Русия бекор гузошт. Онҳо ба сабаби он ки дар Русия пули патенту андоз мусупоранд ва дар хонаи иҷора меистанд, ночор ба ватан баргаштанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, як муддат дар хона дар назди зану фарзанд ва падару модар истоданд, вале бояд барои рӯзгузаронӣ пул кор кунанд.

... ВА ОНҲОЕ, КИ НАТАВОНИСТАНД БА РУСИЯ РАВАНД

Қосим, як корҷӯ дар мардикорбозори ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, "пештар як метри мураббаи деворро ба 10 сомонӣ "шкатурка" мекардем, ҳоло омодаем ба 6-7 сомонӣ, ҳатто 5 сомонӣ, бикунем".

Нигаронии корҷӯён аз коҳиши нархи меҳнаташон дар ҳолест, ки бархе аз корфармоён мегӯянд, пандемияи коронавирус ба даромадҳои онҳо низ зарба зад ва мехоҳанд коргаронро бо нархи поинтар киро кунанд.

Дар мардикорбозорҳо дар баробари муҳоҷирони бозгашта, бахше аз корҷӯён онҳое ҳастанд, ки ба сабаби паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани роҳҳо имсол натавонистанд ба Русия раванд. Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси қатъ гардидааст.

Ба назари коршиносон, бо бозгашти шумори зиёди муҳоҷирони корӣ, сатҳи бекорӣ дар кишвар афзудааст ва дар сурати роҳандозӣ накардани чораҳои ҷиддӣ "вазъ бадтар хоҳад шуд".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бозгашти муҳоҷирон рақобат дар мардикорбозори Душанберо афзоиш додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

ТОҶИКИСТОН ЧИ КОР КУНАД?

Шӯҳрат Латифов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, гуфт:

"Аввал инро бояд ба назар гирифт, ки дар бозори меҳнати Тоҷикистон чӣ қадар ҷойи кори ба талабот ҷавобгӯй вуҷуд дорад. Мутаассифона, Тоҷикистон чун кишварҳои дигари Шӯравии собиқ ба ин ҳолате, ки пандемия дер давом мекунад, омодагӣ надошт. Ҳоло бояд комиссияе ташкил шавад, ки дар таъмини сокинон бо ҷойи кор барномаи зиддибуҳронӣ дуруст кунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон як чунин барномаи коркардшудае барои ҷалби корҷӯён нест. Корхонаҳои хурде, ки ташкил мешаванд, дар вазъи буҳронӣ ниҳоят кам мебошанд ва тавони ба кор таъмин намудани ҳамаи корҷӯёнро надоранд."

Рӯзи 17-уми сентябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар шароити пандемияи коронавирус барномаеро барои ҷалби корҷӯён ва коҳиши бекорӣ таҳия намудаанд, аммо аз шарҳи бештари он худдорӣ карданд. Дар ин ниҳод касе ҳозир нашуд, вазъи ҳозираи бозори меҳнатро дар кишвар шарҳ диҳад.

Масъулони вазорат барои суҳбат дар бораи нақшаву барномаҳои худ оид ба таъмини муҳоҷирони бозгашта ба ҷойи кор нахуст номаи расмӣ талаб карданд. Аммо пас аз дастрас намудани нома гуфтанд, "танҳо баъд аз ҷамъбасти нӯҳмоҳаи фаъолиятамон дар ин бора маълумот медиҳем."

ВОБАСТАГӢ АЗ РУСИЯ, РОҲИ ДАРОЗ ТО ҚАТАРУ КУРИЁ

Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири паҳншавии бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар барномаи зиддибӯҳронӣ таҳия намудааст, ки ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ додааст. Дар барнома масъалаи бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор рӯшан чизе гуфта нашудааст.

Ба далели набудани ҷойи кори муносиб ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мераванд. Имсол бо бад шудани вазъи иқтисоди Русия, Тоҷикистон низ аз он осеб дид. Дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирони тоҷик 195 миллион доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта пул фиристоданд.

Ин аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, тадриҷан ҷойҳои кориро дар дохил бештар кунад ва ба ҷуз аз Русия кишварҳои дигареро низ барои муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш интихоб кунад.

Мақомот дар Тоҷикистон эълон карда буданд, ки бо Қатар доир ба муҳоҷирати корӣ созишнома бастанд, аммо шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвари арабӣ хеле кам аст ва роҳи онҳо пурра ҳамвор нашудааст. Музокироти Тоҷикистон бо Куриёи Ҷанубӣ низ дар ин самт идома дорад, аммо то ҳанӯз натиҷае ба даст наомадааст.

XS
SM
MD
LG