Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари шаҳрвандони 41 кишварро ба Тоҷикистон осон кардаанд


Тоҷикистон сафари шаҳрвандони 41 давлатро ба ин кишвар осонтар кард. Аз 1-уми май шаҳрвандони 25 кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид ё виза ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Ба ин феҳрист шаҳрвандони Босния ва Ҳерзеговина, Булғористон, Коста Рика, Кипр, Ирландия, Малта, Мексика, Муғулистон, Черногория, Умон, Руминия, Сербистон, Словакия, Словения, Ватикан, Бразилия ва нуҳ кишвари дигар шомил мешаванд.

Аз миёни кишварҳо шаҳрвандони Фаластин танҳо бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ба Тоҷикистон бидуни виза омада метавонанд.

Ҳукумат ҳамчунин ба шаҳрвандони аз 55-сола болои 16 кишвар иҷозат додааст, ки бидуни раводид то ду ҳафта ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Дар ин рӯйхат ба ҷуз Чин, кишварҳои Албания, Алҷазоир, Вануату, Иттиҳоди Доминика, Фиҷӣ, Лаос, Лубнон, Мадагаскар, Марокаш, Мақдунияи Шимолӣ, Никарагуа, Панама, Тунис ва Ветнам ворид шудааст.

Шаҳрвандони ин 41 давлат дар сурате, ки агар сафарашон аз муҳлати имтиёзӣ яъне аз 14 ё 30 рӯз пештар тӯл кашад бояд аз қабл раводид гиранд. Бекор шудани раводид барои то як моҳ барои шаҳрвандони ин кишварҳо яктарафа аст.

XS
SM
MD
LG