Расонаҳои давлатии Русия аксҳоеро аз ҳузури Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар фурудгоҳ ва истиқболи ӯ аз Владимир Путин нашр карданд.
Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, Амрико ва ҳампаймонҳояш дар Осиё дар талошанд, то дарёбанд Русия то куҷо дар ҳимоят аз раҳбари Кореяи шимолӣ пеш хоҳад рафт.
Ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳури Русия ба Кореяи Шимолӣ, Владимир Путин дар ёддоште ваъда додааст, ки муносибатҳои тиҷоратӣ ва амниятии Маскав ва Пхенянро ба тавре рушд диҳад, ки аз назорати Ғарб берун бошад.
Ёддошти Путин дар нашрияи Ҳизби ҳокими коргарони Кореяи Шимолӣ нашр шудааст. Ин ёддошт ба ҳафт даҳа муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар бар асоси "баробарӣ, эҳтироми дутарафа ва эътимод" ишора дорад.
Путин дар навбати худ ваъда додааст, ки аз талошҳои Пхенян барои дифоъ аз манфиатҳои миллии Кореяи Шимолӣ бо вуҷуди "фишор, боҷхоҳӣ ва таҳдидҳои низомии Амрико" ҳимоят мекунад.
Сафари расмии камсобиқаи Владимир Путин ба Кореяи Шимолӣ ду руз идома мекунад. Дар 24 соли охир ин сафари аввалини Путин ба Кореяи Шимолӣ аст.
Дар пайи нашри нахустин хабарҳои нашршуда дар робита ба сафари Путин ба Кореяи Шимолӣ, Амрико нисбат ба созишномаҳои амниятӣ, ки қарор аст дар ҷараёни ин сафар имзо шавад, ибрози нигаронӣ кардааст. Иёлоти Муттаҳида нигарон аст, ки Русия дар садади даст ёфтан ба силоҳе бошад, то дар ҷанги Украина ба кор барад.
Мэтю Миллер, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Кореяи Шимолӣ даҳҳо мушаки баллистикӣ ва беш аз 11 ҳазор контейнер муҳимоти ҷангӣ барои Русия фиристодааст, то дар ҷанги Русия дар Украина истифода шавад. Русия ва Кореяи Шимолӣ ҳамкориҳои худ дар ин заминаро рад кардаанд.
Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, гуфт, таҳкими робитаҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ метавонад бар амнияти нимҷазираи Корея таъсир бигузорад.
Кореяи Шимолӣ бинобар озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакҳои баллистикии худ наздик ба ду даҳа аст зери таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад. Вуҷуди Русия ба унвони узви доимии Шӯрои амният ва дорои ҳаққи вето дар пешгирӣ аз густариши таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ аҳамият дорад.
Русия монанди Чин сахттар шудани таҳримҳоро алайҳи Кореяи Шимолӣ ва ҳамчунин размоишҳои низомии муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ сабаби таҳрики Кореяи Шимолӣ медонад.
Аммо Вашингтон ба ин назар аст, ки Русия ва Чин бо ҳимоят аз Кореяи Шимолӣ раҳбари ин кишварро густох кардаанд.
Владимир Путин пас аз дидор аз Кореяи Шимолӣ бо сафари дурӯза роҳии Ветнам хоҳад шуд. Ин бахш аз дидори ӯ ҳам пешопеш Амрикоро нохушнуд кардааст. Амрико дар тӯли чанд даҳа шарики тиҷоратии пешсафи Ветнам буд ва дар солҳои гузашта низ робитаҳоро бо Ҳаной густариш дода буд.
Гуфтугӯ