Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соқиё, маро дарёб..." Се дуэти дигари Садриддин бо Ғазал


Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, бо ҳамкори афғонаш Ғазал Иноят се дуэти дигар сабт карда, қарор аст, дар баҳори соли ҷорӣ ба бозор барорад.

Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, ҳамроҳи Ғазал Иноят боз се дуэти дигарро омода кардааст. Ин дуэтҳо пас аз бозхонии як таронаи Кароматуллои Қурбон аз сӯи Садриддину Ғазал дар соли гузашта ба бозор роҳ меёбанд, ки танҳо дар се моҳи аввали баъди ба Ютуб гузошта шуданаш беш аз 1 миллион бинанда оварда буд.

Садриддини Наҷмиддин рӯзи 22 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз иҷрои таронаҳои якҷоя бо овозхони афғон Ғазал Иноят қонеъ аст ва онҳо се дуэти навро дар консерти якҷояашон дар Душанбе ва баъдан дар Австралияву Канада ва Амрикову Бритониё низ ба таври "зинда" иҷро хоҳанд кард. Ин консертҳо баҳори соли ҷорӣ, бахусус дар айёми Иди Наврӯз оғоз меёбанд.

Яке аз дуэтҳои нави Садриддину Ғазал ҳиндӣ буда, дуи дигар – "Соқиё, маро дарёб" ва "Ту ситорамӣ" – ном доранд. "Соқиё, маро дарёб" таронаи Аҳмад Зоҳир аст. Мо ҳамаи ин сурудҳоро дар моҳи Рамазони соли гузашта, вақте клипи “Ҷони ман”-ро ба навор мегирифтем, омода карда будем. Аммо то ин вақт ошкор накардем, чун яке аз ҳадафҳоямон ин буд, ки дар вақти консертҳои якҷоя ба мухлисон "сюрприз" кунем," -- афзуд ӯ.

Яке аз таронаҳои Садриддину Ғазал, ки ба таври зинда иҷро шудааст:

Ин овозхони тоҷик гуфт, ки аз се дуэти нав танҳо барои яке аз онҳо клип дуруст карда, ният доранд, рӯзҳои наздик муаррифӣ кунанд.

Номи Ғазал Иноят, овозхони афғон, баъди бозхонии таронаи “Ҷони ман”-и Кароматуллои Қурбон дар соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф шуд. Ин клипи таронаи якҷояи Садриддину Ғазал рӯзи 25 августи соли гузашта дар саҳифаи Ромин Мансур дар шабакаи Ютуб гузошта шуда, дар се моҳи аввалаш онро 1 миллиону 185 ҳазору 745 кас диданд.

Ин оҳангу таронаи Кароматуллои Қурбон, овозхони зиндаёд, дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят дигарбора ин таронаро сари забонҳо овард ва дар бозори дискфурӯшии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи пурхаридорон гардид. Ҳарчанд баъдан ин таронаро Муҳаммадрофеи Кароматулло – писари Кароматуллои Қурбон ва Юлдуз Усмонова – овозхони маъруфи узбак низ иҷро карданд, аммо зоҳиран то ҳол натавонистаанд пеши ин бозори гарми Садриддину Ғазал бигиранд.

Ин таронаро Кароматуллои Қурбон тақрибан сӣ соли пеш бо Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва ҳарчанд баъди марги ин овозхони маъруф аз ёд нарафтааст, аммо хеле кам шунида мешуд. Матни ин тарона аз Лоиқ Шералист.

Ширинимоҳ Ниҳолова қаблан дар як суҳбаташ дар ин бора бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ният дорад, барои дубора зинда кардани ин ва боз чандин сурудҳое, ки якҷоя бо Кароматуллои Қурбон иҷро кардааст, ҳамаи онҳоро аз нав сабт намояд.

Клипи таронаи "Ҷони ман"-ро Садриддину Ғазал дар бинои Китобхонаи Миллӣ ва Кохи Наврӯзи Душанбе сабт кардаанд. Ғазал моҳи июли соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд ва таҳияи клипи онҳо бо Садриддин дар нимаи дувуми моҳи август ба поён расидааст. ​Ҳардуи ин овозхон дар шарҳи дуэти худ гуфтаанд, ки онҳо аз қабл орзуи ҳамкориро доштанд ва бо ҳимояти "Қиём Интертейнмент" тавонистаанд аввалин таронаашонро сабт ва пешниҳоди ҳаводорони худ дар Тоҷикистону Афғонистон намоянд.

XS
SM
MD
LG