Даҳ сол баъд аз тахриби нимпайкараи Рустами Абдураҳим, бо иқдоми хонавода ва фарзандонаш нимпайкараи ӯ бозсозӣ ва дар назди Қасри фарҳанги Кӯлоб гузошта шуд.
Соли 2006 замони таҷлил аз 2700- солагии Кӯлоб ва дар замони сохтмони иншоотҳо, нимпайкараи Рустами Абдураҳим, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб барчида шуда буд ва ҳоло наберагон ва хонаводааш дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ, нимпайкараи ӯро бозсозӣ карда ва дар назди Қасри фарҳанг гузоштанд. Дар баробари ин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб осорхонаи ӯро ташкил карданд.
Дилором Абдураҳимзода, духтари Рустами Абдураҳим, рӯзи 5 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо муштаракан ва бо машварати модарашон тасмим гирифтанд, ки нимпайкараи падар ва осорхонаи ӯро бозсозӣ кунанд. Хонум Абдураҳимзода афзуд, ки ибтидо ин пешниҳодро ба шаҳрдорӣ карданд ва баъди иҷозаи шаҳрдорӣ, онҳо ба ин иқдом даст заданд: "Мо фарзандон ҳама бо дастури модар ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб пешниҳод кардем, ки чунин ният дорем ва пайкара ва хона-музейи падаррро таъсис доданием. Ҳукумати шаҳр қабул кард ва мо инро таъсис ва пайкараашро дар назди Қасри фарҳанг аз нав сохта гузоштем. Аммо осорхона дар ҷое сохта шуд, ки замоне мо онҷо зиндагӣ мекардам."
Иллати тахриб шудани пайкара дар даҳсоли пешро масъулони ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар он замон шабоҳат надоштани пайкара ба симои Рустами Абдураҳим рабт дода буданд. Ҳоло ин пайкара аз пайкараи қаблӣ, бузургтар буда аз рӯи аксҳои худи ӯ бо фармоиши хонаводааш сохта шудааст.
Меҳринигори Рустам, набераи Рустами Абдураҳим ба Озодӣ гуфт, ки ӯ ифтихор мекунад, ки касби бобояшро интихоб кардааст ва ҳоло мардум ӯро мешиносанд. Меҳринигор афзуд, ки дар бозсозии пайкара саҳми худро гузоштааст: "Ман ба бибиямон инро гуфтам ва бибиям пешниҳоди маро қабул кард ва ӯ моро дастгирӣ кард. Ман саҳми худро дар осорхона ва сохтани пайкарааш гузоштам. Ҳоло касбе, ки ман дорам, ин касби бобоям аст ва ифтихор низ дорам, ки набераи ин шахсам."
Рустам Абдураҳим, навозандаи маъруф ва раҳбари созмони «Ошкоро», ки дар ҳаводиси соли 1992 аз Фронти халқӣ ҳимоят мекард, моҳи октябри соли 1992 дар сини 54-солагӣ дар Душанбе кушта шуд. Соли 2014 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Абдураҳим унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дод. Пайкараи аввали Рустами Абдураҳим соли 1994 сохта шуда, он замон Қасри фарҳанги Кӯлоб ҳам ба исми ӯ гузошта шуда буд.