Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд "агар"-и Наришкин дар масъалаи муҳоҷирони тоҷик


Сергей Наришкин
Сергей Наришкин

Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия аз Тоҷикистон даъват кард, ба "бахше аз раванди ҳамгироии Иттиҳоди Авруосиё табдил ёбад", он гоҳ муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкиле нахоҳанд дошт.

Сергей Наришкин рӯзи 7 октябр баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон иқрор кард, ки масъалаи муҳоҷирон яке аз мавзӯъҳои марказии дидору гуфтушунидҳои ӯ дар Душанбе буд: «Ҳоло кор дар самти имзои як қатор санадҳои муҳим дар ин замина, аз ҷумла як протоколи марбут ба кору иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русиря дар Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.»

Наришкин дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Наришкин афзуд, созишномаи наве ба имзо расидааст, ки муҳлати иҷозаи кори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ба 3 сол мерасонад. Ин, зоҳиран, яке аз гузаштҳои Маскав дар баробари тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и он дар Тоҷикистон аст. Аммо гузашти дигар, ки ба лағви пардохтҳои содиротии маҳсулти нафтӣ барои Тоҷикистон бастагӣ дошт, ҳанӯз иҷро нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки то ҳоло муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, ки танҳо барои як сол иҷозаи кор гиранд ва бо хуруҷу вуруди дубора ба Русия онро тамдид кунанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин қарордод барои шаҳрвандониТоҷикистон имконият ва шароити беҳтареро дар қаламрави Русия фароҳам хоҳад кард: «То кунун ин мӯҳлат як солро дар бар мегирифт ва шаҳрванди мо агар дар муддати 90 рӯз ҷойи кор ваё фаъолият намеёфт, ҳатман бояд қаламрави Русияро тарк мекард. Вақте ки муҷаввизи сесоларо дарёфт менамояд, бе хориҷ шудан метавонад дар ин кишвар кору фаъоляит кунад

Наришкинро дар ин сафар раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия Констанин Ромодановский ҳамроҳӣ мекард, ки бо раҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро музокира кард.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо ин созишҳо бо Русия метавонанд, амалӣ гарданд ва барои муҳоҷирон сабукӣ оранд?

Коршиноси масоили муҳоҷират Ҷовид Ҷӯраев мегӯяд, муҳоҷирон, ки аз тарафи Кремлин ҳамчун фишанги фишор истифода шудаанд, як мӯҳрае дар тиҷорати сиёсии байни ду кишваранд. Вазъи онҳо на ба қонуну созишномаҳо, балки ба равобити байни ду кишвар бастагӣ хоҳад дошт. Вале, меафзояд Ҷӯраев, амалан Русия ба нерӯи кории арзон ниёз дорад ва аз ин лиҳоз мумкин аст дар муносибат бо муҳоҷирони тоҷик мақомоти Русия таҷдиди назар кунанд.

Мусоҳиби мо мегӯяд: «Ба фикри ман, ин ваъдаҳо амалӣ хоҳанд гашт ва сабаби асосияш низ ба ниёзмандии Русия бастагӣ дорад. Зеро агар ба сохтори демографии ин кишвар назар андозем, мушкилоти зиёд дорад, яъне қувваи корӣ намерасад. Солҳои наздик ин эҳтиёҷ дар баробари рушди иқтисодӣ зиёд мешавад ва аҷаб нест, ки солҳои баъд имкониятҳо на маҳдуд балки васеъ мегарданд. Дар умум муҳоҷират як шакли идорашавандаро хоҳад гирифт

Ба иттилоъи мақомоти Русия, ҳоло дар ин кишвар 1миллиону 130 ҳазор муҳоҷири тоҷик машғули кор буда, Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, беш аз 3 миллиард доллар пуле, ки онҳо солона ба ватан мефиристанд, баробари 48 дарсади даромади миллии Тоҷикистон аст.

Мулоқоти Раҳмон бо Наришкин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG