Павел Деревянко, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Русия, аз сарнавишти Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон, ки пас аз ширкат дар гирдиҳамоиҳои моҳи август дар Маскав боздошт шуд ва дар зиндон ба сар мебарад, садо баланд кард. Мақомоти Русия ӯро ба ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ва "зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат" айбдор мекунанд, ки метавонад боиси то 11,5 сол ҳабс шудани Самариддин Раҷабов гардад.
Навори 12-дақиқаӣ, ки дар он ҳунармандони рус як ба як нақши даҳ нафар боздоштшудагони ба истилоҳ “Делои Маскав”-ро мебозанд ва раҳоии онҳоро талаб мекунанд, аз қиссаи Раҷабов оғоз мешавад.
Деревянко дар ин навор дар нақши Самариддин Раҷабов мегӯяд: “Ман Самариддин Раҷабов. Мегӯянд, ман корманди полиси зиреҳпушро бо он озор додаам, ки ба сӯи ӯ зарфи пластикиро ҳаво додам. Ман 21-солаам ва ният дорам, ба факултаи актёрӣ шомил шавам. Машқи рэп мекунам ва имсол бори аввал ошиқ шудам. Аммо инҷо дар СИЗО зиндагӣ аз роҳи роҳзанӣ тарғиб мешавад. Ҳар чӣ бештар ман инҷо монам, ҳар чӣ бештар ин усули зиндагиро бо худ мегирам. Ин бисёр сахт аст. Ман намехоҳам инҷо бошам, мехоҳам дар хона бинишинам”.
Самариддин Раҷабови 21-сола, ки рӯзи 2-юми августи имсол бо ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд, дар зиндони "Матросская тишина"-и Маскав нигоҳ дошта мешавад. Раҷабов барои иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза, ки ба нишони эътироз аз сабти ном нашудани номзадҳо ба интихоботи маҷлиси Маскав ташкил шуда буд, муттаҳам мешавад.
Мақомот ӯро айни замон ба ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" айбдор мекунанд. Бо ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба ӯ ҳадди аксар 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Аз ҳуқуқи ӯ вакили маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон, "Правозащита Открытки" ҳимоят мекунад.
Валентина Дехтяренко, ҳамоҳангсози ин созмон рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Маскав ҳукми ҳабси пешакии Самариддинро бори дуввум тамдид кард.
«Додгоҳи Мосгорсуд ҳабси пешакии Самариддин Раҷабовро барои 3 моҳи дигар тамдид кард. Мувофиқи ин ҳукм ӯ то 27-уми декабри соли 2019 бояд боздоштгоҳ бимонад. Ҳоло вакили мудофеи мо аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят бурд. Рӯзи чоршанбе – 15-уми октябр ин арз дар Мосгорсуд баррасӣ мешавад», – иброз дошт Дехтяренко.
Вакили дифои Самариддин чанд бор дар боздоштгоҳ бо ӯ вохурдааст ва мегӯяд, руҳияаш хуб аст, талош дорад болидаруҳияшро нигоҳ дорад ва «ба навиштани таронаҳои нави рэп машғул аст».
Самариддин Раҷабов зодаи Тоҷикистон аст, вале дар Русия мактабро хатм карда, ин ҷо ба воя расидааст ва айни замон шаҳрвандии ин кишварро дорад.
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, иттиҳоми "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" бар пояи шикояти Линник - як корманди пулис, ки ба пароканда кардани тазоҳургарон машғул буд, эълон шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, Самариддин Раҷабов ба сари Линник як зарфи пластикии обро ҳаво додааст. Линник дар баёноташ гуфтааст, "ман дар пушти гарданам зарбаеро эҳсос кардам, ки дарднок буд". Аммо Линник гуфтааст, дақиқ намедонад, кӣ ба сӯи ӯ зарфи пластикиро ҳаво додааст.
Ба қавли Дехтяренко, Самариддини 21-сола ҷавони аз нигоҳи сиёсӣ хеле фаъол буда, қаблан дар яке аз гирдиҳамоиҳои мухолифон ширкат варзида ва ҷарима шудааст. Аммо Раҷабов расман аъзои ҳеҷ кадом аз ҳизбу ҳаракат набудааст ва танҳо узви ҳаракати ихтиёриёни донор буда, хун месупурдааст.
Тазоҳурот бо нишони эътироз зидди мақомоти Комиссияи марказии интихобот рӯзи 27-уми июл баргузор шуда буд, ки номзадҳои мустақил ва мухолифро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надод. Интихоботи Мосгордума ё маҷлиси шаҳри Маскав моҳи сентябри имсол баргузор шуд.
Созмони мустақили "ОВД-инфо" мегӯяд, мақомоти амниятии Русия 1373 нафарро бо гумони иштирок дар эътирозҳо боздошт кардаанд. Парвандаи онҳо бар асоси моддаи "бетартибӣ" ва "бетартибии оммавӣ"-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ мешавад.
Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургаронро "яксара" ва "беш аз ҳад" номида, танқид карданд.