Департаменти амнияти давлатӣ ва контрразведкаи Литва дар ин ҳафта дар як гузориши муштарак чолишҳои амниятии ин кишвари узви паймони низомии НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро баршумурд ва дар садри ин чолишҳо таҳдидҳои ношӣ аз Русия гузошт. Дар ин гузориш исми даҳҳо нафар, бо шумули сиёсатмадорони литвониро нашр кардаанд, ки ба бовари мақомот, ба манфиати Русия кор мекунанд. Дар ин рӯйхат исми ҳатто афродест, ки аз асосгузорони истиқлоли Литва дар ибтидои солҳои 90 ба шумор мераванд.
Бино ба ин гузориш, Русия алайҳи Литва ба таври хеле фаъол аъмоли ҷосусӣ ва диверсионӣ анҷом медиҳад. Департаменти амнияти Литва мегӯяд, ин гузориш танҳо нӯги айсбергро нишон медиҳад. Қисмати асосии гузориш махфист ва расонаӣ нашудааст.
Вале ҳатто он қисмати нашршуда ҳам боиси сарусадои зиёд дар арсаи сиёсии ин кишвари пасошӯравӣ шуд, чунки исми даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ, сиёсаматдорон, як вакили кунунии Сейм, парлумони Литва ва ҳатто ду нафареро, ки дар соли 1990 Паймони истиқлоли Литваро имзо кардаанд, дар бар мегирад.
Мақомоти амниятии Литва мегӯянд, ки ин афрод дониста ё нодониста ба манфиати Русия хидмат мекунанд. Аз ҷумла бо интиқодҳои фаъолонаашон аз ҳукумати кунунии ин кишвар дар матбуоти Русия.
Андриюс Мазуронис, узви Кумитаи амният ва дифои Сейми Литва рӯзи 8 апрел дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ таҳдиди Маскав ба истиқлол ва якпорчагии кишварашро хатари воқеӣ ва қобили арзёбиву расидагӣ номид ва гуфт, Русия мехоҳад бо истифода аз гурӯҳҳо ва афроди содиқаш дар дохили Литва, аз ҷумла бо истифода аз русзабонҳо ба истиқлоли он зарба бизанад.
Андриус Мазуронис мегӯяд: “Мо ҳамеша аз тарафи Русия эҳсоси таҳдид мекунем ва ин таҳдид танҳо эҳсоси мо нест, балки бар далелҳои воқеӣ асос ёфтааст. Литва чандин сол боз таҳти фшори иқтисодӣ ва фишори сиёсии Русия қарор дорад. Як мисолаш бидуни кадом шарҳу огоҳӣ бастани марзҳои Русия ба рӯи ширкатҳои нақлиётии Литва буд, ки боиси дар марз дармондани садҳо мошини пур аз бор шуд. Русия воридоти маҳсулоти ширии Литваро манъ кардааст. Мо ҳамин тавр, барои гази Русия баландтарин нарх дар тамоми Аврупоро месупорем, ки ангезаҳояш низ сирф сиёсианд. Ҳаводиси Украина ҳам асоси воқеӣ доштани таҳдидҳои Русияро собит мекунад, зеро ин кишварест, ки ба ҳуқуқи байналмилалӣ амал намекунад ва ба осонӣ метавонад созишномаҳояш бо ҳар кишварро зери по кунад. Ва ин мояи нигаронист.”
Дариюс Яунишкис, мудири Департаменти амнияти давлатии Литва зимни муаррифии гузориши ин идора гуфт, онҳо ба саҳми асосгузорони истиқлоли кишвар эҳтиром мегузоранд, вале: “Биёед, ба воқеъиятҳо нигоҳ кунем. Баёнияҳои онҳо дар матбуоти Русияро бубинед ва бубинед, ки дар Русия ин изҳоротҳоро чӣ гуна тафсир мекунанд. Мо фикр мекунем, ки бархе баёнияҳои онҳо ҳомили таҳдид аст.”
Зигмас Вайшвила, мудири собиқи Департаменти амнияти Литва ва яке аз муаллифони Паймони истиқлоли ин кишвар, ки дар гузориши ниҳодҳои амниятӣ ҳамчун омили нуфузии Маскав зикр шудааст, билофосила ин иддаои мақомотро рад кард ва гуфт, ин гузориш ҳаққи ӯву шаҳрвандони дигар ба танқиди аъмоли ҳукуматро поймол мекунад.
Вакили кунунии Сейм Аудрюс Накас, ки низ дар гузориши Департаменти амният зикр шудааст, аз ин идора далелҳои шайъии ба манфиати Русия кор карданашро тақозо кард. Ӯ гуфт, ки ин гузориш дар ҳавои ҳангомаҳои русияситезӣ таҳия шудааст.
Аммо дар гузориши ниҳодҳои амниятии Литва гуфта мешавад, ки Русия ба сурати фаъолона дар қаламрави Литва фаъолиятҳои ҷосусӣ мебарад, одамони худашро дар идораҳои давлатӣ ҷой мекунад ва сеяки корпуси дипломатиашро ҷосусон ташкил медиҳанд.
Андриюс Мазуронис, вакили Сейми Литва дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ин кишвар ва ҳамин тавр, дар ду кишвари дигари пасошӯравии соҳили Балтик – Латвия ва Эстония – хеле хафв доранд, ки Русия метавонад алайҳи онҳо низ аз сенарияи Украина истифода барад. Мазуронис гуфт: “Ин сенарияи воқеист ва машқҳои низомие, ки Русия пайваста дар марзҳои ғарбиаш барпо мекунад, инро собит мекунад. Нирӯҳои мусаллаҳи мо инро медонанд ва ба чунин сенария омодагӣ ҳам доранд, чунки беҳтарин роҳи пешгирӣ аз ҷанг омодагӣ ба ҷанг аст.”
Вакилони Сейми Литва ҳамчунин аз ошкор шудани “диверсантҳои Русия” дар марзи ин кишвар бо вилояти Калинингради Русия изҳори нигаронӣ кардаанд. Сарвазири Литва Алгирдас Буткявичюс ин хабарро тасдиқ кардаааст, вале гуфтааст, азбаски маълумот махфист, иҷузъиёташро гуфта наметавонад. Вале ӯ гуфтааст, ки хадамоти Литва сари вақт ва ба таври муносиб ин таҳдидро рафъ карданд.
Литва, Латвия ва Эстони аввалин кишварҳои Шӯравии собиқ буданд, ки ҳанӯз дар соли 1990 истиқлоли худро аз Маскав эълон карданд. Ин се кишвар баъди суқути Шӯравӣ ба истиқлол даст ёфтанд ва дар соли 2004 нахустин кишварҳои пасошӯравие шуданд, ки ба узвияти ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам паймони низомии НАТО пайвастанд.
Дар Литва, ки ҷамъияташ ҳудуди 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, беш аз 50 ҳазор русзабонҳо низ ба сар мебаранд. Дар маҳофили Литва мегӯянд, ки Маскав метавонад аз ҷамъияти русзабонҳо низ ба манфиати аҳдофи геополитикиаш дар инҷо истифода кунад.