Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тақдими шаҳрвандияшро ба муҳоҷирони соҳибихтисос осонтар мекунад


Бар асоси қонуни нави федеролии Русия, мутахассисони хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисони тоҷик, баъд аз як соли кору зиндагӣ дар он кишвар метавонанд соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. Қонуни нав рӯзи 2-юми октябри имсол ба иҷро даромад.

Пештар мутахассисони хориҷӣ давоми дастикам се сол дар Русия зиста, аввал соҳиби санади “Иҷозаи иқомат дар Русия” ва баъдан санади “Ҳаққи иқомат” мешуданд. Муаллифони қонуне, ки президент Владимир Путин имзо кардааст, мегӯянд, тақдими шаҳрвандӣ ба мутахассисони хориҷӣ дар замони кӯтоҳ “гарави рушди иқтисодии кишвар мебошад”. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ қонуни мазкур боз кардани роҳи фарохи "фирори мағзҳо" дониста шуда, “таҳдиди дигаре ба манфиатҳои милливу иқтисодии кишварҳои муҳоҷирзое ба монанди Тоҷикистон” унвон гирифтааст.

Шумори афроди дорои душаҳрвандии Тоҷикистону Русия беш аз 250 ҳазор нафар гуфта мешавад ва ин шумор ҳар сол дар ҳоли афзудан аст. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ин ҷараён аз назари манфиатҳои милливу сиёсии Тоҷикистон мояи нигаронӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар гузорише ин вазъиятро таҳлил накардаанд. Аммо бино ба муқаррароти нав дар Тоҷикистон вакилони мудофеъ ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, бахусус низомӣ ва қудратӣ, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд аз ду якеро интихоб кунанд. Яъне, ё аз шиносномаи Русия даст кашида, ба кори худ дар Тоҷикистон идома диҳанд, ё бо интихоби шиносномаи Русия корро дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон тарк кунанд.

Байни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ аст. Шахсоне, ки шиносномаи Русияро доранд, аз гирифтани иҷозаи кор дар он кишвар озоданд ва баръакс, аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.

Содда шудани қонуни тақдими шаҳрвандӣ дар ҳолест, ки дар Русия афкори умум нисбат ба муҳоҷирон ҳамоно бештар манфӣ аст ва бар асоси пурсиши ахири маркази “Левада” 70 дар сад гуфтаанд, ки мухолифи дар Русия будани муҳоҷирон ҳастанд.

Эҳтиёҷ ба 135 касбу ихтисос

Вижагии қонуни нав ин аст, ки муаллифонаш унвони ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори Русияро аз 74 то 135 афзоиш додаанд. Аз ҷумла, мақомоти Русия мегӯянд, ба пизишки дандон, духтури чашм, асабшинос, ҷарроҳ, равонпизишки кӯдакон, шикастабанд ва ғайраҳо эҳтиёҷ доранд. Дар феҳраст инчунин унвони касбу ихтисосҳо дар бахши кишоварзӣ, фанновариҳо, саноат, журналистика ва ғайра илова шудааст.

Дар сӯҳбат бо нашрияи “Парламентская газета” Ярослав Нилов, раиси Кумита оид ба меҳнат ва сиёсати иҷтимоии Думаи давлатии Русия гуфтааст, феҳрастро Вазорати меҳнати Русия бо назардошти эҳтиёҷоти бозори кори кишвар таҳия кардааст. “Вале на танҳо эҳтиёҷ ба мутахассисон зарурати қабули қонуни навро пеш овардааст”, -- мегӯянд муаллифон.

Русия бо 146 миллион ҷамъияташ дар дурнамо бо мушкилоти шадиди демографӣ рӯ ба рӯ мешавад ва ҷалби муҳоҷирон метавонад як роҳи ҳалли ин бӯҳрон гардад. Мутахассисони рус мегӯянд, мизони таваллуд дар кишвар кам ва суръати маргу мир зиёд аст.

Муаллифони қонуни нав таъкид мекунанд, ки ҳамзамон Русия манфиатдори ҷалби “одамони баландихтисос” аст. Ба ин гурӯҳ муҳоҷирони соҳибдиплом, забондон, содиқ ба фарҳангу арзишҳои ин кишвар ва омодаи муҳоҷират бо хонаводаашон мувофиқат мекунанд.

Таҳлилгар: Тоҷикистон эҳтиёҷи бозори корро бароварда наметавонад

Раҳмон Ӯлмасов
Раҳмон Ӯлмасов

Таҳлилгари масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон Раҳмон Ӯлмасов мегӯяд, қонуни нави Русия дар чаҳорчӯби Консепсияи сиёсати нави муҳоҷират то соли 2025 қабул шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин барнома аз консепсияи пешина бо ду хусусият фарқ мекунад: “Якум ин ки масоили муҳоҷират танҳо дар салоҳияти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар гузошта шуда буд. Ҳоло президент бояд соле ду бор ба ин мавзӯъ муроҷиат кунад ва ҷараёни иҷрои сиёсати муҳоҷиратро ба ӯ ҳамаи вазоратҳо, Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия ҳисобот диҳанд. Масъалаи дуюм ин аст, ки ҳоло талабот ба русидонҳову мутахассисон таъкид шудааст, ки дар гузашта набуд”.

Ӯлмасов мегӯяд, Русия талош дорад, ки модели муҳоҷирпазирии мавҷуд дар Канада, Исроил, Амрико ва Австралияро татбиқ кунад.

Вале оё ин барнома, ки аз роҳи ҷалби “беҳтаринҳо ва ё муҳоҷирони баландихтисос” ҳалли мушкилоти иқтисодиву демографии Русияро ҳадаф қарор додааст, бар зарари кишварҳои муҳоҷирзои мисли Тоҷикистон нест?

Иброҳим Аҳмадӣ
Иброҳим Аҳмадӣ

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт: “Пешниҳоди осони гирифтани шаҳрвандӣ дар салоҳияти ҷониби қабулкунанда аст. Байни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ амал мекунад. Шаҳрвандони ҳарду давлат ҳақ доранд дар доираи ин созишнома аз афзалиятҳои қонунии он истифода баранд”.

Вале Раҳмон Ӯлмасов мегӯяд, Тоҷикистон тавони бо кору имконият таъмин кардани тамоми иштирокдорони бозори корашро надорад. Ӯ мегӯяд, “ҳоло дар Тоҷикистон дар 2,5 дақиқа як кӯдак таваллуд мешавад, дар як сол аҳолӣ 200-220 ҳазор нафар зиёд мешавад. Дар 5 сол аҳолии Тоҷикистон 1 миллион нафар зиёд мешавад. Агар тамоми будҷаи ҷумҳуриро ҷамъ кунему гӯем, ки кадр омода мекунем, омода карда наметавонам, чунки маблағ намерасад. Фоидааш аз кори онҳо дар Русия чист? Онҳо дар бозори кори Русия тайёр мешаванд, баъд бармегарданд”.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Журналисти тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, қарори нав дар бораи тақдими осони шаҳрвандии Русия, бешубҳа, боиси босуръаттар кӯч бастани мутахассисони тоҷик мешавад. “Ин ҷо манзур пеш аз ҳама мутахассисони калонсол аст. Вале барои ҷавонҳо ҳам, ки, масалан, дар бахши фанновариҳои интернетӣ ихтисос доранд, Русия метавонад ҷолиб бошад. Мутаассифона, тафовут дар пардохти маош ва хадамоти иҷтимоӣ хеле калон аст”. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит мақомот дар Тоҷикистон ба ҳеҷ сурат пеши роҳи ин равандро гирифта наметавонанд.

Акбаров: Маоши табиб дар Русия кам аст

Акобир Акбаров ҳоло 46 сол дорад. Вай соли 2000-ум баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Сино ба Русия рафт ва бо ихтисоси кардиолог ва ҷарроҳ корро шурӯъ кард. Нӯҳ соли охир дар яке аз бемористонҳои "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Санкт-Петербург кор мекунад.

Вай мегӯяд, воқеан ҳам дар Русия ба мутахассисони тиб эҳтиёҷи зиёд ҳаст, вале маоше, ки пешниҳод мешавад, кадрҳои маҳаллиро қонеъ намекунад. Дар Санкт-Петербург барои як басти корӣ ба онҳо 45 ҳазор рубл (ҳудуди 800 доллар) медиҳанд: “Ин маблағ хеле кам аст ва ба оилаи мо намерасад. Ман бояд якуним ё ду баст кор бигирам, ки ба зиндагиву хароҷот расад. Вале ин ҳам маоши Санкт-Петербург ё Маскав аст. Дар минтақаҳои дурдаст маоши духтур аз ин ҳам хеле кам аст, 15-20 ҳазор рубл дар як моҳ, ки ба чизе намерасад”.

Бо ин ҳол, Акобир Акбаров афзуд, дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон баргаштанӣ нест, чунки дар он ҷо барои худ шароити беҳтаре пайдо карда наметавонад.

“Вақте ба донишгоҳ на аз рӯи дониш, балки бо квота дохил мешаванд”

Раванди кӯч бастани мағзҳо аз Тоҷикистон, аз назари таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров, “паёмадҳои нохуб” дорад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

“Мо аллакай нишонаҳои ин пайомадро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ мебинем: паст шудани сифати хадамоти тиббӣ намунаи бармалои он аст, ки дар натиҷа бемор ба ҷои шифо ёфтан, баръакс ба дарди сахттаре мепечад. Дар ин бора дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд менависанд. Сабаб чист? Сабаб ба Русия ва дигар кишварҳо кӯч бастани табибони баландихтисос ва ҷояшонро гирифтани онҳоест, ки ба Донишгоҳи тиббӣ на аз рӯи дониш, балки бо квота ва ё «баллҳои иловагӣ» дохил шудаанд. Дар дигар соҳаҳо низ ҳолат беҳтар нест”, -- гуфт ӯ.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷараёни муҳоҷирати корӣ як раванди табиӣ дар ҷаҳон аст ва кишварҳое бо имконияти беҳтари молӣ аз сиёсати ҷалби мағзҳо ва мутахассисон кор мегиранд, то аз ин роҳ сифати хадамот ба аҳолӣ ва иқтисоди худро беҳтар гардонанд. Вале кишварҳое, ки аз ин назар заиф ҳастанд, бояд аз роҳи эҷоди имкониятҳои одилонаву баробар ва бидуни коррупсияву непотизм (хешутаборбозӣ) имкони мунсифонаи эҷоди ҷойи кор барои қишри мухталифи ҷомеаро фароҳам кунанд.

Мунтақидон мегӯянд, дар сурати поймол шудани ин принсипҳо ва рукуди иқтисодӣ пеш омадани мушкилоте ба мисли нобоварӣ ба ҳукумат ва бебандубориҳои сиёсӣ пеш меояд, ки суботи ҷомеаро бо хатар рӯбарӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG