Чанд тан аз кормандони ғайринизомии пойгоҳи Русия дар Кӯлоб рӯзи 26 июн ба Озодӣ гуфтанд, ки пас аз нашри хабари надодани маош дар сомонаҳои интернетӣ як кумиссиюн омада, бо онҳо сӯҳбат кард ва масъалаи маошашон ҳал шуд. “Аввал дар гарнизони Кӯлоб маош доданд ва баъдан дар Қӯрғонтеппаву Душанбе. Лекин пас аз шикоят 14 нафарро муваққатан аз кор ҷавоб доданд, ки ҳоло номаълум аст, ки онҳоро дубора ба кор мегиранд ё не," - изҳор доштанд ҳамсӯҳбатони мо.
Ду ҳафта пеш чанд корманди ин пойгоҳ шикоят карда буд, ки се моҳ боз маоши худро гирифта наметавонанд. Ин кормандон дар ҳудуди пойгоҳ тавассути ширкати «Ирбис Плюс» корҳои ғайриҳарбӣ, мисли тармими нақлиёту манзилҳои зисти ҳарбиён, тоза кардани саҳни ҳавлии ин пойгоҳро анҷом медоданд.
Сабаби се моҳ маош нагирифтани ин кормандони мулкиро Дмитрий Матушкин, сухангӯи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин шарҳ дода буд: "Дар воқеъ, мо бо ҳоло бо ин ширкат мушкилот дорем. Ин мушкил иборат аст аз маоши пардохтнашудаи моҳҳои марту апрели ходимон дар 3 гарнизони Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб. Маоши моҳи февралро дар аввали май доданд. Масъалаи пардохти маоши ходимони ширкати “Ирбис Плюс” таҳти назорати додситонии низомии ҳам гарнизони мо ва ҳам додситонии низомии ҳавзаи марказӣ қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир бозсозии сохтории ширкати “Ирбис Плюс” идома дорад ва аз 1 май он ба шӯъбаи тоҷикистонии ширкати “Бытсервис Плюс” табдил дода шудааст. Мо пулро ба ҷамъияти “Славянка” медодем, ки ба ҳайъати “Оборонсервис” шомил мешуд. Аммо маоши онҳое ки дар “Ирбис Плюс” кор мекарданд, ҳатман ба зудӣ пардохт хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, дар 3 гарнизон тақрибан 100 ходими ғайринизомӣ кор мекард, ки фикр мекунам, ҳамаи онҳо ба ширкати нав истихдом хоҳанд шуд.“
Аммо Дмитрий Матушкин хабари рӯзи 10 июн ба нишони эътироз аз кор даст кашидани як гурӯҳи кормандони ғайринизомии гарнизони Кӯлобро радд кард.
Ба дунболи барканории Анатолий Сердюков аз мақоми вазири дифоъи Русия, мақомоти он кишвар фаъолияти ширкатҳои “Оборонсервис” ва “Славянка”-ро таҳти таҳқиқ қарор дода, алайҳи сарони ин ширкатҳо чандин парванда ҳам боз карданд. Матбуоти Русия ин қазияро аз намунаҳои барҷастаи фасод дар риштаи арзаи хадамот ба артиши ин кишвар ба қалам дода буд. Зоҳиран ин қазия акнун дар гарнизони Кӯлоб ба чунин сурат акси садо овардааст.
Ба гуфтаи кормандони ғайринизомии гарнизони Кӯлоб, маоши онҳо аз 600 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Гарнизони пойгоҳи Русия дар Кӯлоб дар масоҳати 40 гектар мустақар буда, дар ин пойгоҳ ба ҷуз афсарону аскарони рус, як теъдод аз сокинони маҳаллӣ низ кор мекунанд.
Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо наздики 7000 сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи хориҷии Русия ба шумор меравад. Дар моҳи октябри соли 2012 Душанбеву Маскав бо имзои як созишнома замони ҳузури ин пойгоҳро то соли 2042 тамдид карданд. Аммо ба фарқ аз ҷониби Русия, ҷониби Тоҷикистон ин созишномаро то ҳол тасвиб накардааст.