Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони муҳоҷирон аз забону таърихи Русия (ВИДЕО ва 8 АКС)


Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон
Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон

Дар Душанбе барои супурдани имтиҳони забони русиву таъриху фарҳанги Русия, ки аз моҳи сентябр барои муҳоҷирони талабгори кор дар Русия ҳатмӣ шудааст, ду маркази вижа боз кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд имтиҳони забони русӣ, таърихи халқи рус ва қонунҳои ҷории Русияро дар худи Тоҷикистон супоранд ва бо санади марбута ба Русия сафар кунанд. Дар шаҳри Душанбе дар ду макон муҳоҷирони корӣ метавонанд қабл аз сафари Русия имтиҳонҳои заруриро супоранд.

Усмоналӣ Латифӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, чоршанбеи 8-уми октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир Росия танҳо ба ду донишгоҳ дар Душанбе иҷоза додааст, ки сатҳи донишҳои муҳоҷирони корӣ имтиҳон кунанд. Инҳо -- Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе. Аммо, меафзояд ҷаноби Латифӣ, Тоҷикистон ҳоло талош дорад, шумораи ин гуна марказҳоро бештар кунад, то муҳоҷирони тоҷик дар ҳамин ҷо имтиҳон супоранд ва баъдан ба Русия раванд. Зеро агар муҳоҷирон сертификати супоридани тестро надошта бошанд барои вуруд ба Русия роҳ дода намешаванд. Сертификате, ки муҳоҷирон пас аз супоридани тест соҳиб мешаванд, барои онҳо дар Русия иҷозаи кору иқоматро медиҳад.

Усмоналӣ Латифӣ
Усмоналӣ Латифӣ

Усмоналӣ Латифӣ афзуд: “Онҳое ки мактаби Шӯравиро хатм кардаанд ва ё риштаҳои забони русиро метавонанд бидуни супоридани имтиҳон ё тест ба Русия раванд. Нафароне, ки дар солҳои Шӯравӣ чӣ мактаби миёнаро хатм карданд - чӣ донишгоҳу чӣ омӯзишгоҳро - имтиёз доранд, ки тест насупоранд. Чунин имтиёз ба маъюбон ҳам дода шудааст.”

Тавре гуфта мешавад, муҳоҷирони корӣ дар баробари доштани шаҳодатнома дар робита ба донистани фарҳангу таърихи Русия, ҳамчунин бояд шаҳодатномаи касбӣ низ дошта бошанд.

Имтиҳон аз таъриху фарҳанг ва қонунҳои Русия барои муҳоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Саволномаи тестие, ки ба муҳоҷирон дода мешавад аз 60 савол иборат аст. 20 савол дар бораи таърихи Русия, 20 савол дар бораи забони русӣ ва 20 саволи дигар дар бораи қонунҳои Русия дода мешавад. Ҳамчунин саволҳо ҳар дафъа тағйир ёфта, бастагӣ ба риштаи кори муҳоҷир дар Русия доранд. Бахши умдаи саволҳо осон ба назар мерасанд, вале имтиҳонсупоранда бояд дар зарфи ҳамагӣ 35 дақиқа ба ҳамаи суолҳо посух диҳад.

Чанд намунаи суолҳои тести забони русӣ:

“7.Последним императором России был…

А) Николай I

Б) Александр III

В) Николай II

8. В СССР было гарантировано право на бесплатное…

А) образование

Б) страхование жизни

В) транспортное обслуживание

….20. Посмотрите на портреты и выберите имя российского царя: при котором был основан горд Санкт-Петербург

А) Иван IV (Грозный)

Б) Петр I

В) Александр I

Намунаи бештари суолҳои ин имтиҳонот инҷост:

Олимҷон Раҳимов, ҷавони 23-сола, ки наздики 5 сол мешавад Русия рафта меояд гуфт, нав ба Тоҷикистон баргаштааст. Олимҷон мегӯяд, дар Екатеринбурги Русия як бор ба саволномаи тестҳо посух гуфта натавонистааст. Ҳоло бошад тасмим дорад дубора дар Душанбе имтиҳон супорад. Олимҷон мегӯяд эҳтимол саволнома осон бошад, албатта барои нафароне, ки таҳсил кардаанд. Аммо барои вай не: “Ман мактаби миёнаро то синфи 9 хондам ва таърихи халқи тоҷикро намедонам. Таърихи Русияро аз куҷо медонам?!”

Ба гуфтаи Олимҷон, вай дар бораи қавоини Русия каме маълумот дорад. Зеро ҳар даъфа кормандони полиси рус боздошташ мекардаанд ва мегуфтаанд, ки фалон ва фалон қонунро вайрон кардӣ.

Далер Шоҳназаров, ҷавони 26-сола, ки ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, низ мегӯяд, саволномаҳои тестие, ки барои муҳоҷирон омода кардаанд, хеле мушкил аст. Ҳатто гоҳо худи русҳо дар посухи ин саволномаҳо душворӣ мекашанд.

Довудҷон Бобоев, ҷавони 29-сола, ки соҳиби сертификат шудааст ва наздики ду сол аст дар муҳоҷират қарор дорад, мегӯяд, барои нафарони таҳсилкарда суолҳо мушкил нест. Аммо як муҳоҷире, ки ҳатто мактаби миёнаро ба зӯрӣ хондааст, ба гуфтаи Далер, имкони ба ин суолҳо посух гуфтанро надорад: “Хайр, ман акнун ба ҳама саволҳо посух надодам, аммо ба 80-85 дарсади саволҳо ҷавоб додам. Сад дарсад худи русҳо ба он саволҳо ҷавоб дода наметавонанд.” Довудҷон бо пардохти 3 ҳазор рубли русӣ тестро дар вилояти Маскав супоридааст.

Дар Тоҷикистон ҳам муҳоҷирон бо пардохти 3 ҳазор рубли русӣ имкон пайдо мекунанд, ки саволномаи тестиро соҳиб шаванд. Аммо агар ба суолҳо посух дода натавонанд имкони бозпас гирифтани маблағашонро надоранд.

Ин аст, ки соҳибназарон мегӯянд агар кор чунин идома кунад, мумкин аст, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия камтар шавад.

Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, хуб аст, ки муҳоҷирони тоҷик имкон доранд дар Душанбе имтиҳон супоранд ва баъд ба Русия раванд. Аммо сахт будани саволҳои тест метавонад ба коҳиши муҳоҷирон сабаб шавад: “Албатта, ин раванд метавонад шумораи муҳоҷиронро кам кунад. Аммо ин амал аз ҷониби дигар ба манфиатӣ кор низ ҳаст. Дигар муҳоҷирон бо омодагии хуб озими Русия мешаванд. Ҳамчунин паҳлуи хуби дигар кушода шудани марказҳои тестӣ дар Душанбе он аст, ки дигар муҳоҷирон маблағи зиёдатӣ сарф намекунанд. Аз як вилояти Русия ба як вилоят ё шаҳр саргардон намешаванд. Зеро ба ҳама маълум аст, ки ҳангоми аз як ҷо рафтан ба ҷои дигар ва омода кардани ҳуҷҷат дар Русия чӣ қадар маблағ лозим аст.”

Мувофиқи қавонини Русия муҳоҷирони тоҷик сар аз соли 2015 бояд ба таври ҳатмӣ тест супоранд. Ҳамчунин муҳоҷирон дар баробари доштани шаҳодатнома дар бораи донистани забону фарҳангу таърих, ҳамчунин бояд шаҳодатномаи тахассусӣ низ дошта бошанд. Тавре гуфта мешавад, Марказҳои тестӣ дар шаҳри Душанбе нав ба кори худ шурӯъ кардаанд ва ҳоло довталабон чандон зиёд нестанд.

XS
SM
MD
LG