Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИНФОГРАФИКА: Нархи нобаробари гази Русия дар Аврупо


Русия дар бозори гази Аврупо барои кишварҳои "худӣ" як нарх доштаасту барои кишварҳои "бегона" - нархи дигар. Коршиносон мегӯянд, газ барои Русия як фишанги сиёсӣ шудааст, ки тавассути он хостҳояшро болои кишварҳои харидор таҳмил мекунад.

Русия ҳамчун монополисти фурӯши газ ба Аврупо дар нархгузорӣ ба маҳсулоти худ ҳамаро ба як чашм намебинад. Қимати гази Русия барои давлатҳои камбизоати Аврупои шарқӣ болотар аз нархи ин маҳсулот барои кишварҳои Аврупои ғарбӣ аст. Ин додугирифти нобаробар суолеро ба миён овардааст, ки чаро Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон 1 ҳазор метри мукааби гази Русияро бо нархи $500 харидорӣ мекунанд, дар ҳоле ки кишвари ҳамсояи инҳо - Олмон -барои харидани ҳамин миқдор газ $400 медиҳад?

Ҷеймс Ҳендерсон, мутахассиси саноати нафту гази Русия дар донишкадаи Оксфорд мегӯяд, «Газпром» қимати газро вобаста ба имкони алтернативаҳои дигар дар ин давлатҳо муайян мекунад ва ба сурати умум кораш ҳамчун монополисти табъизкор аст. «Газпром» дар нархгузорӣ бештар ба ин такя мекунад, ки оё ҳиссаи бузурги бозори газ аз уст ё мебинад, ки кишвар ба ҷуз гази Русия алтернативаи дигар надорад ё хайр.»

Вижагиҳои нарху навои гази Русия дар Аврупо

Аз 5 давлати камбизоати Аврупо танҳо Молдова гази Русияро бо қимати поёнтар аз сатҳи миёна мехарад. Баландтарин қиматро барои 1 ҳазор метри мукааб – $546 - Македония пардохт мекунад, ки аз рӯи гузоришҳои Сандуқи байналмилалии асъор панҷумин кишвари камбизоати Аврупост. Босния ва Ҳерзеговина, ки маоши ҳадди миёна дар он ҷо панҷ баробар камтар аз Олмон аст, ҳазор метри мукааби гази Русияро ба маблағи $515 мехарад.

Ҳоло он кишварҳои сарватманди Аврупо, ки аз Русияро ба қимати поёнтар газ мехаранд, ба нармрафторӣ дар баробари Кремл муттаҳам мешаванд. Моҳи марти соли равон, вақте Русия Қримро ишғол кард ва ба пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина муттаҳам шуд, Ийолоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Маскав таҳримҳои ҳадафгир ҷорӣ карданд. Аммо Олмон, Австрия ва Фаронса, ки гази Русияро ба маблағи камтар аз $400 харидорӣ мекунанд, ба ин муттаҳам шуданд, ки нагузоштанд, то таҳримҳои боз ҳам сангинтар алайҳи Русия ҷорӣ шаванд.

Владимир Путин
Владимир Путин

Сарони соҳаи саноати Олмон аз мақомоти кишвар талаб кард, ки барои пешгирӣ аз таҳримоти бештар алайҳи Маскав даст ба кор шавад. Олмон аз бузургтарин муштариёни Русия аст, ки танҳо дар соли 2013 40 миллиард метри мукааби газашро харидорӣ кардааст. Фаронса низ аз қарордоди бисёрмиллиардаи фурӯши киштиҳои низомиаш ба Русия даст накашид. Австрия, ки ҳазор метри мукааби “Газпром”-ро ба $397 мехарад, ахиран қарордоди бунёди бахши лӯлаи “Маҷрои ҷанубӣ”- ро бо Русия имзо кард, ки ин лӯла бидуни убури Украина сохта мешавад.

Гази арзон - воситаи ҷалби кишварҳо ба Иттиҳоди гумрукӣ

Моҳи ноябри соли гузашта, вақте ки раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович аз имзои Созишномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хост Киевро ба Иттиҳоди Гумрукии таҳти назари Маскав ҷалб кунад. Дар баробари ваъдаи 15 миллиард доллар кумаки молӣ, Маскав ҳамчунин ба Украина гази арзон ваъда кард.

Русия ин таҷрубаро бо Беларус дорад, ки ҳамроҳ бо Қазоқистон аъзои Иттиҳоди гумрукӣ аст. Барои Украина кофӣ буд, ба Беларус бинигарад, ки ҳар 1 ҳазор метри мукааби гази Русияро бо нархи ҳамагӣ $166 мехарад. Арманистон, ки соли гузашта ба таври ғайриинтизор хоҳиши пайвастан ба Иттиҳоди гумрукиро кард, барои ҳазор метри мукааби гази Русия каме бештар аз Беларус - 189 доллар - пардохт мекунад. Ин ду кишвар тамоми ниёзи худро ин навъи энержӣ аз “Газпром”-и Русия бароварда месозанд.

Аммо барои дарёфти гази арзони Русия танҳо ҳамдили ин кишвар будан кофӣ нест. Кафолати ворид шудан ин ё он кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ аз авлавиятҳои Кремл аст. Барои намуна, баъди Беларус Сербистон шояд дуввумин шарикони наздики Русия дар Аврупо аст, аммо пулеро, ки ин кишвар барои харидории гази Русия пардохт мекунад - $457 - аз баландтарин нархҳои гази Русия ба шумор меояд. Итолиё, ки дар замони ҳукумати сарвазири собиқаш Силвио Берлусконӣ , равобити хуберо бо Маскав ба роҳ монда буд, барои ҳар як ҳазор метри мукааби гази Русия $440 доллар харҷ мекунад.

Ҷеймс Ҳендерсон, мутахассиси саноати нафту гази Русия дар донишгоҳи Оксфорд мегӯяд, “инҷо бештар ҳарфи иқтисод аст. Ҳангоми бастани шартнома, зовияҳои сиёсӣ дар мадди назар ҳастанд ва гоҳо замони гуфтушунидҳои иқтисодӣ ангезаҳои сиёсӣ доранд, аммо аз рӯи мушоҳидаҳои ман, Русия дар вақти нархгузорӣ ба газ қиматеро пешниҳод мекунад, ки барояш боздеҳ дошта бошад.”

XS
SM
MD
LG