Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби 45 кило ҳероин аз Узбакистон будааст


Акс аз шабакаи аввали ТВ Русия
Акс аз шабакаи аввали ТВ Русия

Мақомоти Русия эълон карданд, ки соҳиби 45 кило ҳероини боздоштшуда дар минтақаи Маскав шаҳрванди 30-солаи Узбакистон будааст.

Боздошти як марди 30-сола бо 45 кило ҳероин аз сӯи маъмурони Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия дар рӯзҳои Соли нав дигарбора ангушти иттиҳоми матбуоти Русияро алайҳи Тоҷикистон ба унвони як манбаъи асосии қочоқи афюну ҳероини афғонӣ баланд карда буд. Аммо рӯзи 7 январ эълон шуд, ки соҳиби бор, ки то кунун аз ӯ танҳо ҳамчун “приезжий”, яъне “мусофир”, ном мебурданд, аз Узбакистон будааст.

Ҳамзамон мақомоти Русия хабар доданд, ки рӯзи 6 январ дар вилояти Маскав як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистонро бо 11 кило ҳероин дастгир кардаанд.

Мақомоти Русия рӯзи 5 январ хабар доданд, ки дар рӯзҳои Соли нав як масири бузурги қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро ошкор ва як қочоқбарро дар минтақаи Маскав бо 45 кило ҳероин дастгир кардаанд. Маъмурони Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия мегӯянд, 45 кило ҳероин ахиран аз мошини як марди 30-сола, ки “узви фаъоли гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ” муаррифӣ мешавад, кашф ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи расонаҳо, ин миқдори бузурги маводи мухадддир дар дарҳои мошини сабукрафт пинҳон карда шуда буд ва маҳз кор накардани шишабардоракҳои мошини ба сурати умум нав ва хеле вазнинтар намудор шудани дарҳои ин мошин диққати маъмурони ин хадамотро ҷалб ва ба тафтиши ҷиддитарин мошин ташвиқ кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, арзиши 45 кило ҳероини мусодирашуда дар бозори сиёҳи ин кишвар то ба 1,5 миллион доллар мерасид ва ба далели вуҷуди мизони хеле баланди диатсетилморфин дар таркибаш ин бори мусодирашуда барои таҳияи чанд миллион доза кифоят мекард. Қочоқбар боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, маъмурони хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия мегӯянд, акнун дар пайи ҷустуҷӯи ҳалқаҳои дигари ин занҷири тиҷорати маводи мухаддир дар минтақаи Маскав мебошанд.

Исми қочоқбари боздоштшуда ва аз кадом кишвари будани ӯ ҳанӯз эълон нашуда, дар матбуоти Русия мисли дигар мавридҳои чунин боздоштҳои пурсарусадо дигарбора аз Тоҷикистон ба унвони бузургтарин манбаъи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ном гирифт.

Нашрияи “Московский комсомолец» аз ҷумла бо зикри Тоҷикистон ҳамчун «яке аз манбаъҳои асосии қочоқи ҳероин ба шаҳру вилояти Маскав» аз боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон бо 37 кило ҳероин ба маблағи тақрибан 1 миллион доллар дар шаҳри Зелёноград дар соли 2013 ёдовар шуда, навишт, он дафъа низ ҳероинро дар дохили мошин пинҳон карда буданд.

Ин нашрия ҳамин тавр аз як мавриди дигари моҳи феврали соли гузашта ёдоварӣ кардааст, ки зодагони Узбакистон мехостанд 189 кило ҳероинро дар дохили халтаҳои шалғам ба вилояти Маскав биоранд. Халтаҳои ҳероинро қочоқбарон махсус бо равғани саг олуда кардаанд, ки сагҳои бӯгир изашро гирифта натавонанд. Ин миқдори бузурги маводи мухаддир, ки арзишаш дар бозори сиёҳи чаканафурӯшӣ 180-200 миллион доллар гуфта мешуд. дар базаи меваву сабзавоти “Вегетта” дар шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав кашф шуд. “Московский комсомолец» менависад, дар таҳияи ин масиири қочоқи маводи мухаддир низ дар баробари узбакҳову шаҳрвандони Русия шаҳрвандони Тоҷикистон низ даст доштанд.

Сомонаи интернетии “Лента.Ру” боздошти 37 кило ҳероинро бузургтарин мавриди кашф ва мусодираи маводи мухаддир дар роҳ ба сӯи Маскав номида, аз як мавриди дигари авоили моҳи декабри соли 2013 ёдовар мешавад, ки 32 кило ҳероин дар қатори роҳи оҳани Душанбе –Маскав кашф шуд. Ин сомона меафзояд, ҳамин тавр, дар моҳи ноябр як зодаи Тоҷикистон, ки дар Маскав мураббии гуштии дзю-до буд, бо 18 кило ҳероин ба даст афтод.

Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия мегӯяд, ин кишвар дар ҳоли ҳозир бузургтарин истифодабарандаи ҳероин дар дунё шудааст. Шумори мӯътодони маводи мухаддир дар Русия то 8,5 миллион нафар гуфта шуда, бино ба ҳисобҳо, то 18,5 миллион шаҳрванди Русия дастикам як маротиба дар ҳаёти худ таъми ҳероин, ё афюн, ё кокаин ваё ҳадди ақал бангро чашидаанд. Бино ба омори расмӣ, ҳар сол дар Русия то 100 000 нафар маҳз ба иллати истеъмоли маводи мухаддир ҷон медиҳанд.

Матбуоти Русия дар пайи ҳар мавриди боздошти миқдори бузурги маводи мухаддир маъмулан ангушт ба сӯи Тоҷикистон ҳамчун як манбаъи асосии қочоқи ҳероину афюни афғонӣ мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин даъворо рад карда мегӯянд, ин кишвар баръакс як буфери асосӣ дар роҳи қочоқи мақодири ба маротиб бузургтари мавоид мухаддири афғонӣ ба бозори сиёҳи Русияву Аврупост.

Ба ҳисоби Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, танҳо дар 9 моҳи аввали соли гузашта, яъне аз январ то поёни сентябр, дар ин кишвар 5 тоннаву 372 кило маводи мухаддир, аз ҷумла қариб 386 кило ҳероин ва 622 кило афюн, кашф ва мусодира шуда, 784 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Қозидавлат Қоимдодов
Қозидавлат Қоимдодов
Бо ин ҳол, аз Тоҷикистон пайваста хабарҳо дар бораи боздошти афроди баландпоя ваё наздикони онҳо бо гумони қочоқи маводи мухаддир низ ба гӯш мерасанд. Ду сол пеш гурӯҳи қочоқбароне маҳкум ба зиндон шуданд, ки дар байни онҳо Фаридун Умаров, мулаққаб ба "Пантера", раҳбари шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири пулиси ноҳияи Фархор ва бародари муовини вазири амнияти Тоҷикистон ҳам буд. Се моҳ пеш дар фурудгоҳи Душанбе Муштарӣ Муборакшоева, келини сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо 2,5 кило маводи мухаддир дастгир шуд. Писари Қоимдодов, ки ҳамроҳи ҳамсару писари 5-солааш бояд ба Маскав ва аз онҷо ба Минск парвоз мекард, низ дар робита ба ин қазия боздошт, вале баъди чанде озод шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон – манбаъи тавлиди то 90 дарсади афюну ҳероини дунё - 1344 километр марзи муштарак дорад. Аммо ба далели мавқеъияти ҷуғрофӣ ва вуҷуди минтақаҳои душворгузари кӯҳистон таъмини ҳифозати пурраи бисёре аз қисматҳои ин марзи тӯлонӣ, ки қад-қади рӯди Омӯ мегузарад, ҳатто дар даврони Шӯравӣ имкон надошт. Чӣ расад ба Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ шинохта шуда, дасташ барои таъмини ҳифозати ин марзи мушкил аз нигоҳи молӣ ҳам кӯтоҳӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG