Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки баъди гуфтушуниду мулоқотҳои пайдарпайи сафорати Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишвари Русия, пеш аз ҳама бо вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, Хадамоти федеролии муҳочирати Русия ба тариқи истисно қарори хешро дар мавриди донишҷӯёни тоҷике, ки бинобар вайрон кардани тартиботи будубош дар Россия вурудашон ба ин кишвар мамнуъ гашта буд, бозбинӣ намудааст.
Ҷаноби Эгамзод гуфт, ки дар наздиктарин фурсат ба он донишҷӯёне, ки номашон дар ин феҳрист афтодааст, иҷозаи дубораи вуруд дода хоҳад шуд, то омада ба таҳсили хеш дар макотиби олии Русия идома диҳанд. Аммо, ба шарте, ки дар қаламрави Русия амалҳоеро накарда бошанд, ки хусусияти ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.
Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Русия ба ҳамаи он донишкадаҳое, ки онҷо донишҷӯёни Тоҷикистонии дар ин феҳрист дохилшуда мехонанд, номаи расмӣ навишта, дархост намудааст, то ин ки онҳоро ихроҷ накунанд. Дар ин маврид ба сафорати Тоҷикистон аз вазорати умури хориҷаи Русия номаи расмӣ расидааст.
Муҳаммад Эгамзод, ҳамчунин гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд, бояд ба ҳамаи қавонини ин кишвар итоат кунанд. Ба гуфтаи вай, донишҷӯён ҳангоми аз қаламрави Русия берун шудан ва дубора ба онҷо рафтан, худро дар қайди донишгоҳ монанд ва кӯшиш кунанд ҳангоми аз Русия берун шудан, аз ҳеҷ ниҳоди ин кишвар қарздор набошанд, то мушкиле барои онҳо пеш наояд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашат Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" дар мавриди сарнавишти ин донишҷӯёни тоҷик, гуфта буд "имкон ҳаст, ки ин масъала ҳал шавад."
Сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, масъалаи мазкур аз сӯи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва имкони бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар ва идомаи таҳсили онҳо вуҷуд дорад: «Мо дар ин бора Хадамоти федералии муҳоҷиратро огоҳ кардаем онҳо ваъда додаанд, ки ин масъаларо тафтиш карда, тасмими ниҳоии худро бигиранд. Агар дар асноди онҳо ягон қоидавайронкунии ҷиддӣ вуҷуд надошта бошад, ба онҳо иҷоза дода мешавад, ки ба Русия баргарданд».
Дар мавриди ин ки оё се моҳ дур аз таҳсил мондани донишҷӯён метавонад ба идомаи таҳсили онҳо дар донишгоҳ таъсир гузорад, сафири Русия гуфт, вазорати маорифи ин кишвар ваъда додаст, ки дар сурати бозгашти донишҷӯён ба он кишвар, масъалаи мазкур ба манфиати онҳо ҳал хоҳад шуд.
Cе моҳ мешавад, ки ҳудуди 20 донишҷӯи тоҷик аз 10 донишгоҳи олии Русия натавонистаанд, ба ин кишвар баргаштаву таҳсилашонро идома диҳанд. Ин донишҷӯён дар соли нави таҳсил баробари ворид шудан ба ҳудуди Русия аз ин кишвар хориҷ карда шуданд. Сабаб риоя нашудани қоидаи будубош дар Русия гуфта мешавад. Аммо худи донишҷӯён мегӯянд, асноди онҳо ҳама дуруст буд ва ягон иштибоҳе ҳам накардаанд.
Дар паи муроҷиати ин донишҷӯён дар моҳи сентябр, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ, бо як мактуби расмӣ ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский муроҷиат намудааст, ки ба донишҷўёни тоҷик иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро диҳанд, то донишҷӯёни мазкур тавонанд таҳсили худро идома диҳанд. Ҳоло масъулину донишҷӯёни тоҷик интизори посухи ҷониби Русия ҳастанд. Дар вазорати умури дохилаи кишвар ҳам ба мо гуфтанд, ҳоло дар ин бора аз Маскав посухе наомадааст.
Бархе аз ин донишҷӯёни ихроҷшуда аз ҳудуди Русия пайваста ба Радиои Озодӣ ҳам тамос гирифтаву аз он шикоят мекунанд, ки бо гузашти се моҳ сарнавишти онҳо ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.