Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои десантии Русия дар Тоҷикистон фуруд омаданд


Яксаду панҷоҳ тан аз нерӯҳои десантии Русия барои ширкат дар размоиши муштараки низомӣ, рӯзи якшанбе ба Тоҷикистон расиданд.

Воҳидҳои низомии Русия барои ширкат дар машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Русия, ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ин бора рӯзи якшанбеи 13 март дафтари матбуотии вазорати дифои Русия ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст. ТАСС аз қавли манбаъ менависад, ки “имрӯз воҳидҳои десантии Иваново ва Уляновск барои ширкат дар машқҳои муштараки низомӣ ба фурудгоҳи ”Ҳисор” бо ҳавопаймои борбари Ил-76 интиқол дода шуданд."

Дар маҷмӯъ 150 нафар нерӯҳои десантӣ ба ин машқҳо ҷалб шудаанд ва. онҳо бояд дар ҷараёни ин машқҳо бо бори муайян дар тахтапушт ба замин партофта шаванд ва онҳо дар ҷои барояшон ношинос фуруд меоянд ва дар шароити боду ҳавои номусоид ва дар шароити душвори кӯҳистонӣ, бояд фаъолияти ҷангиро идома диҳанд.

Таҷҳизоти бештари низомии Русия ҷиҳати ширкат дар ин размоиши муштараки низомӣ ҳанӯз рӯзи панҷшанбеи гузашта ба Тоҷикистон расида буд. Ба гуфтаи манобеи русӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, дар наздикиҳои шаҳри Душанбе фуруд омадаанд.

Расонаҳои Русия қаблан иттилоъ дода буданд, ки ҳавопаймоҳои бузурги борбари Ан-124-100 "Руслан"- Русия аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе марказҳои муҳаррики идораи амалиёти ҷангӣ ва техникаи таъминкунандаи мухобиротро расондаанд.

Размоиши зиддитеррористии Тоҷикистон ва Русия рӯзи сешанбеи 15-уми март оғоз мешавад ва дар назар аст, дар ин машқҳои низомӣ 50 ҳазор нафар аз низомиён ва ҳам нерӯҳои захиравӣ, 250 адад зиреҳпӯшу танк, 20 адад ҳавопаймоҳои ҷангию бомбаандозу боркаш, 12 адад чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шавад. Дар ин размоиши густарда 2000 сарбози Русия ширкат хоҳад кард.

Размоиши ҷангӣ аз 15 март оғоз шуда то 20 март давом хоҳад кард. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии ин машқҳо, мубориза алайҳи терроризм ва андешидани чораҳои амалӣ барои муқобила дар ҳолатҳои зарурӣ алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва террорист маҳсуб мешавад. Размоиш дар машқгоҳҳо бо тирпаронӣ шурӯъ шуда ва дар 5 машқгоҳи низомӣ -- “Ҳарбмайдон”, “Сунбула”, “Мумирак”,“Ҳалқаёр” ва “Лоҳур ” воқеъ дар вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз буда ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати Исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад. Ба ин далел баргузории размоиши фарогир дар размоишгоҳҳои ҷануби Тоҷикистон бесабаб нест ва як бори дигар ҳолати омодабошии нируҳои низомӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ ба манзури муқобала бо хатарҳои эҳтимолӣ санҷида хоҳад шуд. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG