Русия мегӯяд, дарҳои созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба рӯи Тоҷикистон боз аст. Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, Тоҷикистон метавонад ба ҳама шакл ҳамкори ин созмони иқтисодӣ шавад.
Дар як посухи расмӣ ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи он, ки то куҷо дар дидори руасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия дар Душанбе ҳафтаи гузашта Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ҳам баҳс кардаанд, рӯзи 4-уми октябр Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки "агар ҷониби Тоҷикистон майли пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиёро дошта бошанд, дарҳои ин созмон ба ҳамкорӣ боз аст".
Бархе соҳибназарон шомилшавии Тоҷикистон ба созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё-ро дар роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик амри зарурӣ медонанд.
Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, шаклҳои гуногуни ҳамкории кишварҳо бо ин созмон вуҷуд дорад -- аз мақоми нозир сар карда, то узвияти комиҳуқуқ.
Мулоқоти руасои ҷумҳури ду кишвар дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар охири моҳи сентябр дар Душанбе ҷараён гирифт ва мавзӯи даъвати Тоҷикистон ба узвияти созмоне, ки инак чор сол аст бо ширкати Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон амал мекунад, аз ҳамон соли 2014 пайваста садо медиҳад.
Вале Тоҷикистон бар хилофи интизороти бисёриҳо, то ҳол омода нашуд узвият дар ин созмонро бипазирад ва пайваста мегӯяд, ки ин мавзӯъ мавриди омӯзиши он қарор дорад. Бархе мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, шароити узвият дар ин созмон бозгӯи манфиатҳои кишвар нест.
Оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, ки дар қаламрави кишварҳои узв гардиши озоди нерӯи корӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад. Аммо дар амал, ба андешаи бархе кишварҳои узви ин созмон, шароити рақобати молу хадамот дар дохили созмон баробар нест. Масалан, Русия вуруди борҳои маҳсулоти истеҳсоли Беларус ва Қазоқистонро ба қаламраваш бо баҳонаҳои гуногун масдуд кардааст.
"Боз ҳам маҳдудият ҳаст"
Як узви комиссияи давлатӣ оид ба омӯзиши суду зиёни ин иттиҳод барои Тоҷикистон, ба шарти набурдани номаш гуфт, дар асл меъёрҳои иттиҳод дар амал иҷро намешавад ва кишварҳои бузурги ин иттиҳод вобаста ба конюктураи сиёсӣ ба хости худашон амал мекунанд ва пойбанди қоидаҳо намешаванд.
"Масалан мегӯянд, ки агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ворид шавад, муҳоҷирони кории мо дар Русиябе мамоният фаъолият мекунанд. Лекин агар шартномаи ин иттиҳодро хонед, дар он ҷо гуфта мешавад, ки агар шаҳрванд дар давоми 30 рӯз дар қаламрави кишвари узв кор ёфта, шартнома набандад, бояд қаламрави кишварро тарк кунад. Яъне боз ҳамон маҳдудият ҳаст".
Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои узв ба Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар доштанд ва бардошташон ин шуд, ки ҳеҷ яке аз дағдағаҳои Кремл-гардиши озодӣ молу маҳсулот, сармоя ва нерӯи корӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба пуррагӣ кор намекунад.
Сафаров: "Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳоро меомӯзад"
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар гурӯҳи махсусе фаъолият дорад, ки таҷрибаи кишварҳои тоза ба узвияти ин созмон пазируфташударо меомӯзад.
Вай афзуд, "дар маҷмӯъ, тамоми ҳукумати Тоҷикистон ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Ба таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистон таваҷҷӯҳи бештар дода мешавад. Бояд гуфт, ки на ҳама аз шартҳои узвият дар ин созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Агар раҳбарияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ин шароитҳоро бозбиниву такмил кунанд, дар он сурат ҳукумати Тоҷикистон метавонад дар бораи узвияташ дар ин созмон тасмими ниҳоӣ бигирад".
Зимнан, дар Русия то як миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва маблағҳои ба ватан фиристодаи онҳо муодили то 40 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон бароварда мешавад. Ба ин далел, бархе соҳибназарон шомилшавии Тоҷикистон ба созмони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё-ро дар роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик амри зарурӣ медонанд.
"Душанбе набояд шитоб кунад"
Аммо Шамсиддин Ҷалолов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисоди Тоҷикистон мухолифи чунин назар аст ва мегӯяд, ки муҳоҷирони кории Қирғизистон низ дар баробари муҳоҷирони тоҷик дар Русия азият мекашанд ва маҷбуранд мисли онҳо муҷаввизи кор харидорӣ карда, дар маҳалли иқомат сабти ном шаванд. Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ки таҷрибаи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мақомоти тоҷикро дар узвият дар ин созмон нигарон кардааст.
Ба гуфтаи Шамсиддин Ҷалолов, Қирғизистон баъд аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мустақилияти энержии худро то андозае аз даст дод ва ширкати русии "Лукойл" ба арзонӣ куллияи системаи энергетикии ин кишвари ҳамсояро харидорӣ кард ва ҳоло Бишкек ҳаққ надорад мустақилона дар ин замина иқдоме бикунад.
Ин таҳлилгари тоҷик афзуд, "масалан, дар фурӯши нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ё танзими қиммати он дар дохили кишвар. Яъне, хатаре вуҷуд дорад, ки ширкатҳои бузурги Русия бо як нархи рамзӣ ширкати алюминийии "Талко"-ро харидорӣ карда, сипас ба мақомоти тоҷик шартгузорӣ мекунанд. Ба ҳар сурат, Душанбе аз шитоб накардан барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё танҳо бурд мекунад".
Аммо коршиносони умури муҳоҷирати корӣ бар ин назаранд, ки Русия худ дар вазъи бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад ва талош мекунад камбуди аҳолиашро аз ҳисоби сокинони кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҷуброн кунад.
Ба иттилои бархе аз сомонаҳои расмӣ, ҳамасола аз ин кишвар ба хориҷа то 220 ҳазор нафар мутахассис кӯч мебандад. Ба гуфтаи коршиносон, то 10-20 соли дигар дар ин кишвар нерӯи корӣ аслан боқӣ намемонад. Ба ин далел, ҳукумати Русия ҳатто аз Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон хоҳиш кардааст, ки ба қисмати Шарқи Дур муҳоҷирони корӣ фиристанд.