Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интихоботи Русия ба интихоботи Тоҷикистон монанд аст"


450 курсии Думаи давлатӣ – порлумони Русия – ба зудӣ соҳибони худро пайдо мекунад. Барои дарёфти ин курсиҳо намояндагони 14 ҳизби сиёсӣ ва афроди алоҳида рӯзи 18 сентябр вориди рақобат мешаванд. Танҳо дар сурати ба даст овардани беш аз панҷ дарсади раъйи интихобкунандаҳо роҳи намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба порлумон ҳамвор хоҳад шуд.

Ба назар чунин мерасад, ки ин интихобот ҳатто барои худи русҳо аз аҳамияти зиёд бархӯрдор нест. Яъне, мардум хаста шудаанд.
Иззат Амон

Интихоботи порлумонии Русия дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар ин кишвар наздик ба 1 миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд ва беш аз 300 ҳазори онҳо шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Аммо тоҷикони соҳиби шаҳрвандии Русия мегӯянд, ки барои иштирок дар ин интихобот майли чандоне надоранд.

Насими Раҳим, ки 11 сол боз муқими шаҳри Воркутаи Русия аст, рӯзи 17 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боре ҳам дар интихоботҳои Русия иштирок накардааст. Ӯ гуфт, «ман ба ин фикрам, ки овози шаҳрвандон дар интихоботи президентӣ ё вакилони халқ ҳеҷ нақш намезобад. Ҳамааш аз қабл маълум аст, ки кӣ дар куҷо роҳбар бимонад ва кӣ аз раъйдиҳӣ нагузарад. Интихобот як тасдиқи қонун дар коғаз аст».

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, ҳуқуқдони тоҷик дар Русия, гуфт, дар барои иштирок дар чандин интихоботи гузаштаи Русия даъватнома дарёфт карда, вале ба пойи сандуқҳои раъй нарафтааст. Ӯ мегӯяд, ки интихоботҳои Русия ба интихоботҳои Тоҷикистон шабоҳат доранд ва кафолати ҳифзи раъйи додаи сокинон дар ин кишварҳо мавҷуд нест.

«Ба назар чунин мерасад, ки ин интихобот ҳатто барои худи русҳо аз аҳамияти зиёд бархӯрдор нест. Яъне, мардум зоҳиран хаста шудаанд. Аммо тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, дар чунин интихоботҳо иштирок намекунанд, зеро ба сиёсат ва корҳои сиёсӣ майл надоранд», - афзуд ӯ.

Ғуфрон Ваҳҳобов, хабарнигори тоҷики муқими Маскав, мегӯяд, дар аксарияти ҳолат тоҷиконандармони мушкили иҷтимоии худ ҳастанд ва бинобар надоштани макони зисти муайян аз даъватнома ба ҳавзаҳои интихоботӣ маҳрум мемонанд. Вай афзуд, «тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, он қадар фаъолона иштирок нахоҳанд кард. Кам нафароне ҳастанд, ки манзили истиқоматии худро дошта бошанд ва дар он ҷой дар қайди расмӣ бошанд».

Ғуфрон Ваҳҳобов
Ғуфрон Ваҳҳобов

Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, сарфи назар кардани интихобот аз сӯи тоҷиктаборони Русия ва канор гирифтани худ аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба фоидаи онҳо нест. Чунки ба таъкиди соҳибназарон тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, бояд дар маъракаҳои сиёсии он кишвар ширкат кунанд ва зимоми қудратро ба онҳое бовар кунанд, ки аз ҳаққи онҳо метавонанд дифоъ кунанд.

Амониддин, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, мегӯяд, бо вуҷуди он ки бовар дорад, овози ӯ ҳалкунанда нест, аммо дар интихобот иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд, «дар сурати эҳтироми қонун аз сӯи сокинон шояд мақомот низ ба ин вазъ таваҷҷуҳ карда, роҳи ислоҳро пеш гиранд. Мо бояд иштирок кунем ва аз онҳо пурсем, ки бо овози мо чӣ кор кардаанд».

Дар рафти маъракаи интихоботи вакилони Думаи давлатӣ дар Русия Абдулло Давлатов, пизишки шинохтаи тоҷики муқими Маскав, аз ҳизби РОСТА низ номзад шуда буд. Вале баъдан ӯ аз ширкат дар интихобот даст кашид. Давлатов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук далели чунин тасмимашро эътироз ба сиёсате унвон кард, ки афродеро «чун Доналд Трамп, Марӣ Люпен ва амсоли онҳо дар сатҳи расмӣ дастгирӣ мекунад”.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Бархе аз тоҷиктаборон то кунун дар маҷлисҳои шаҳриву вилоятҳои Русия роҳ ёфта буданд. Аз ҷумла, Муқим Майбалиев аз феҳристи ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” курсиеро дар маҷлиси вилояти Твер ба даст овардааст. Раҳимқул Малахбеков, муштзани маъруфи тоҷик, ҳам вакили мардумии Маҷлиси Қалмиқистони Русия буд.

Зимнан, дар Тоҷикистон ҳам дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе нуқтаи раъйдиҳӣ барои интихоботи Думаи давлатӣ тасъсис дода шудааст. Сокинони Русия ва тоҷиконе, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, рӯзи 18 сентябр дар ин нуқтаи овоздиҳӣ раъйи худро хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG