Ӯро "Модар Терезаи доғистонӣ" меномиданд. Оиша Муҳаммадова дар як деҳаи дурдасти Доғистон таваллуд шуда, бо вуҷуди расми мардсолории ҳоким дар ҷомеа, ҳеч гоҳ ҳамсар ва модари мутеъ набуд. Ба донишгоҳи тиббӣ рафт, пизишки соҳибихтисос шуд ва тамоми умри худро барои хидмат ба бонувони Доғистон бахшид. Бонувони беҳуқуқ, ки ба ҷои мардон кор ва панҷ-шаш фарзандро бузург мекунанд.
Дар филми "Онҳо ҳам орзу доштанд" худи Оишаро тақрибан намебинед, вале онҳоеро дидан мумкин аст, ки ба шарофати Оиша Муҳаммадова аз бемориву марг наҷот ёфтаанд.
Оиша Муҳаммадова
- Соли 1944 дар деҳаи Годоберӣ таваллуд шудааст. Маъруфтарин пизишки бемориҳои занона – гинекологи минтақа буд.
- Соли 1995 дар Махачқалъа “Беморхонаи хайрия барои занон”-ро таъсис дод.
- Соли 2005 ба Ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуд.
- Соли 2008 бо қарори додгоҳ беморхонаро аз биное дар маркази Махачқалъа ронда, бар ивазаш чизе надоданд.
- Декабри соли 2010 дар 66-солагӣ дар пайи бемории тӯлонӣ даргузашт.
Қисми аввал. Камари занҳо
Бархе деҳоти Доғистон имрӯз ҳам роҳ надоранд. Кӯҳҳову водиҳои сабзпӯш, деҳоти хурде дар ҳамсоягии лонаҳои уқобҳои баландпарвоз – беҳтарин манзараи аксгирӣ барои "Инстаграм" аст. Аз пардаи ғафси меҳ хонаҳои сангини деҳот, маркабҳои пурбор ва қоматҳои хамидаи занон дида мешаванд. Дарзаҳои алафи хушкидаи пушти бархе аз занон се баробар бузургтар аз ҷисми худи онҳо аст. Ҳар қадаме, ки мегузоранд, сангинтару баландтар мешавад, бояд бо қомат ва бори сангини худ ба боди мухолиф муқовимат кунанд. Роҳи онҳо аз саҳро то хона соатҳо давом мекунад.
Равзанат Увайсова муаллима ва як муштарии Оиша Муҳаммадова аст. Соли 2005 аз Чеченистон фирор карда, ба қароргоҳи паноҳандагони “Умед” афтод. Он ҷо бо “Терезаи доғистонӣ” шинос шуд. Ӯ мегӯяд, “Оиша ба мо - 15 зан сарпаноҳ дод. Ба мо либос дод, ғизо дод, дар хонааш бепул зиндагӣ кардем”.
Равзанат қоидаҳои зиндагии доғистониҳоро нақл кард. Мегӯяд, мардони доғистонӣ боркашонӣ дар баландиҳоро кори занона меҳисобанд. Ба қавли Равзанат: “Барои ҳамин занҳо бор мекашанд. Бархе занҳои ҷавон дандон надоранд, ҳарчанд ҳамагӣ 35-солаанд”.
Светлана Анохина, сардабири вебсайти ДАПТАР, дар бораи ҳуқуқи занон дар Қафқоз менависад. Светлана дар гузашта бештар пиромуни масъалаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ менавишт, вале вақте шоҳиди бадрафторӣ ва поймоли шудани ҳуқуқи занон шуд, мавзӯъро тағйир дод. Дар бораи аввалин мулоқоташ бо Оиша Муҳаммадова чунин нақл кард:
"Дар як мизи гирде будем. Оиша дар бораи деҳоте нақл кард, ки ба он ҷо сафар мекард. Дар бораи занҳое гуфт, ки зӯр зада, дар пушташон кӯзаҳои калони обу бори дигарро мекашонанд. Бояд хонаро бо об таъмин кунанд. Вақте ин саҳнаҳоро нақл мекард, ногаҳон садояш қатъ шуд. Ин як намоишкорӣ набуд, аз алам гиря кард, чашмаш пури об шуд. Ман шах шудам, чунки дарк кардам, барои ӯ ин як масъалаи дарднок аст".
Сабти видеоии кӯҳнае дар навори лентаӣ сӯҳбати Оиша Муҳаммадова бо мардони як деҳро намоиш медиҳад.
- Чаро ин бори сангинро занон мекашанд?
- Охир чӣ кор кунем? Одат шудааст, ки мардҳо набояд бор кашанд.
- Инро чӣ хел тағйир диҳем?
- Инро тағйир дода намешавад. Ин одатҳои қадимаи мо аст.
- Охир, ба зан душвор аст. Ӯ бояд боз фарзанд таваллуд кунад.
- Ҳеҷ гап не. Занҳои мо пурқувватанд.
Қисми ду. Намаки хонадон
Конҳои намак дар кӯҳҳои Доғистон. Занҳо бо дастони худ сангҳои калони сафедро мекашонанд. Онҳоро як ҷо гузошта мешикананду баъдан аз ифлосиҳо пок мекунанд. Баъдан онро ба хона, ба баландӣ мекашанд. Баъзан ба маркаб бор карда мекашанд, вале ҷонвар нон мехоҳад. Ин хароҷоти барзиёд аст. Барои ҳамин ҳам нақши маркабро занон иҷро мекунанд – дасту пову камари зан ба кор меравад. Мардон анҷоми чунин корро барои худ муносиб намебинанд.
Светлана Анохина мегӯяд, ҳар дафъа ҳангоми тасвири чунин муносибатҳои ноодилонаи зану мард дар ҷомеаи доғистониҳо ба хашм меояд. Мегӯяд, ҷомеа ҳамоно пойбанди анъанаҳои кӯҳнашуда аст ва ҳеч намехоҳад, аз одатҳои бад даст кашад. Ӯ меафзояд:
"Тафовутҳои вазифаҳои мардону занон, ки имрӯз ҳам ҳифз шудаанд, ҳанӯз дар қарни 19 вуҷуд доштанд. Масалан, одати ин ки аввал шуда бояд ба мард ғизо дароз кунанд ва ҳангоми ба хона даромадани мард занҳо бояд аз ҷой баланд шаванд - қоидае буд, ки нисбат ба як шаҳид амал мекард, яъне хатари ин вуҷуд дошт, ки фардо ин ҷанговар кушта мешавад. Вале ҷангҳо тамом шуду мардҳо дигар дар майдони ҷанг намемиранд, агар бимиранд ҳам бо сабабҳои дигар ҷон медиҳанд. Вале бо ин вуҷуд, мебинам, ки тамоми рӯз дар маҳфили мардон (годекан) нишаста, бо ҳам гап мезананд ва дар ин байн занҳо обу ҳезумкашӣ мекунанд. Замона дигар шудааст, вале одату тафаккур ҳамон аст, ки буд. Ин одилона нест".
Намак, ҳезум ва обро барои зимистон тамоми моҳҳои гарми тобистон маҳз занҳо омода ва захира мекунанд. Духтарҳо. Пиразанҳо. Соати 4-и субҳ аз хоб бедор мешаванд ва аз хона баромада ба пастиҳо мефароянд. Тамоми рӯз кор мекунанд. Шаб бо камарҳои дардманду озурда ба хона бармегарданд. Ҳар рӯз ҳамин аҳвол. Ҳар сол вазъ ҳамин аст.
Малика Ҷобирова як ҳамкори собиқадори духтур Оиша Муҳаммадова аст. Ҳамроҳаш дар беморхонаи хайрия кор кардааст. Ҳамроҳаш деҳ ба деҳ гашта, ҷони занҳоро наҷот додааст. Ӯ мегӯяд: “Шароити кор ҳоло ҳам сахт аст, вале дар гузашта аз ин ҳам сангинтар буд. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ беморхона набуд, ҳатто ба занони ҳомила кумак карда наметавонистанд. Барои расидан ба беморхона бояд бо чархбол парвоз мекарданд. Занҳо вақте дигар ҳеҷ илоҷ надоштанд, назди Оиша мерафтанд. Ӯ ҳам кӯшиш мекард, ки пеш аз ҳама занҳои деҳотро дар беморхона ҷой диҳад. Барои бархе беморхонаи мо мисли як осоишгоҳ буд, чунки бори аввал дар зиндагӣ аз сахтиҳои ҷисмониву равонӣ истироҳат карда барқарор мешуданд”.
Истироҳату табобат дар шароити хона барои занҳои деҳот аслан имконпазир нест. Қиссаи як зан даҳшатнок аст. Мегӯяд, рӯзе хунрезӣ шуд ва дар бистараш беҳолу беқувват дароз кашида буд. Ба хона шавҳараш даромада аз болои кӯдакаш, ки дар замин хоб буд, гузашту ба занаш бо ишора ба тағораи обе гуфт: “Чаро хонаро тамиз намекунӣ? Хез, зуд аз пайи кори хона шав”. Боз аз болои кӯдаки хоб гузашта, ба хонаи дӯсташ ба меҳмонӣ рафт.
Оиша Муҳаммадова зодаи деҳаи Гудаберии ноҳияи Ботлих аст. Аз кӯдакӣ шоҳиди меҳнати сангини занон шудааст. Бо вуҷуди фишорҳои хонавода, мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шуд ва соҳиби маълумоти олӣ гардид. Табиби занон буд. Ҳамкоронаш мегӯянд, занҳои мухталиф меомаданд. Масалан, рӯзе зане омад, ки ба пиразани 70-сола монанд буд. Рӯяш пур аз ожанг ва бедандон.
Шиносномаашро мебинӣ – чил сол ҳам надорад. Вале бисёр занони дармонда то беморхонаи хайрия расида ҳам наметавонистанд. Харҷи як самти роҳ 10-15 сол пеш гоҳо то 8000 рубл мерасид. Барои он ки ин пул ҷамъ шавад, тамоми тобистон кор кардан лозим буд. Дар ин ҳолат Оиша худаш назди онҳо мерафт.
Қисми се. Арӯсӣ
Мақомот ва рӯҳониён дар Доғистон бо як овоз мегӯянд, ки оила дар Қафқоз сутуни ҷомеа аст. Муносибатҳои қавии зану шавҳар гарави пойдории оила ва ҷомеа аст. Ҳамчун далели дурустии ҳарфҳояшон омори муносиб ҳам пешкаш мекунанд ва мегӯянд, мизони талоқҳо камтарин дар тамоми кишвар аст. Қаҳрамони дигари филм – Фотима Алискандиева, фарҳангшинос ва раиси осорхонаи кишваршиносии Гуниб аст. Ӯ рӯзи арӯсии худро чунин ба ёд овард:
"Назди падарам рафтам, ки гуфт: “Ман туро ба ин мард ба занӣ медиҳам”. “Охир, чӣ хел, падар, ман ӯро тамоман намешиносам.” “Ин хел бошад, ба он мард мерасӣ”. “Хайр, он мардро ақаллан мешиносам” гуфтаму бо умеди ин ки фаромӯш мешавад, рафтам. Чанд рӯз баъд бинам, дар атроф ҳама ба ташвишу такопӯ ҳастанд, занҳо чизе омода мекунанд. “Рӯзи шанбе тӯи ту аст, - гуфтанд ба ман. – Ту “бале” нагуфтӣ, лекин “не” ҳам нагуфтӣ”.
Дар Доғистон мегӯянд, ки агар духтар бихоҳад, ки дар зиндагӣ хушбахт шавад, бояд феълу хӯяшро дар мехи назди остонаи дар овехта, баъд ба хона ворид шавад. Аз ҳамин лаҳза эътиборан шавҳар ва фарзанд бахту тахти ӯ аст. Бахти дигар дошта наметавонад. Ҳамаи орзуҳо дар рӯи боми хушку ҳамвор тамом мешаванд, барои ин рӯи бом бояд хаси хушк дошта бошад, то ки қавиву мустаҳкам бимонад. Бахти дигараш дастурхони серу пур аст, барои ин бояд ба пастӣ фаромада обу намак захира кунад.
Шояд яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои филм сӯҳбати Светлана Анохина бо як зан аст. Онҳо дар бораи хушбахтӣ сӯҳбат мекунанд. Ҳар яки онҳо назари худро ба хушбахтӣ баён мекард. Орзуҳо боз ба сари мавзӯи оилаву оиладорӣ ва муносибати шавҳар баргашт. Орзуи хушбахтӣ боз ҳам бо модару зан будани ин бонуи доғистонӣ маҳдуд шуд. Вале як дақиқа баъд зан рӯяшро аз навори дурбин гардонда, гуфт:
“Ман мехостам ҳунарпешаи кино шавам. Бо кӯдакон дар як саҳна баромад кунам. Бисёр мехостам. Боз мехостам, ки зан неву мард бошам. Ман гоҳо ба падарам мегуфтам, ки “чаро маро писар таваллуд накардед?” Он вақт ӯ маро сахт ҷанг мекард. Ман барои он мехостам, мард бошам, ки ба мо, духтарҳо, бисёр чиз иҷоза набуд. Чизеро намедидем. Мактаб мерафтему хона, омӯзишгоҳ, боз хона. То арӯсиат ҳамеша бародару додаронат аз қафоят мегарданд, муҳофизат мекунанд. Барои ҳамин ҳам мехостам мард бошам. Масалан, ронанда мешудам. Мошинронӣ мекардам, вале ҳеҷ як аз ин корҳоро накардам”.