Шӯрои амнияти Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ин масъаларо омӯхта, барои қонуни нави муҳоҷирон пешниҳод созанд.
Тавре ки Telegram-канали русии наздик ба мақомот Baza хабар медиҳад, мувофиқи ин қонун, инчунин кӯдакони муҳоҷиронро ба мактабҳо пас аз имтиҳони ибтидоӣ аз забони русӣ қабул хоҳанд кард.
Чанд моҳи ахир пешниҳоди рондани муҳоҷирон аз Русия зиёд матраҳ мешавад. Бештари мансабдорони Русия аз ин пуштибонӣ мекунанд ва теъдоди каме мухолифи рондани муҳоҷирон ҳастанд.
Аз ин пештар Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонунеро ба Дума пешниҳод кард, ки иҷоза медиҳад, муҳоҷирон бар асоси 20 банди дигари қонун аз Русия ихроҷ шаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ислоҳу тағйироти пешниҳодӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Русияро танқид карданд, ки дар сурати қабул иҷоза медиҳад, муҳоҷирон барои як қонуншикании ночиз аз кишвар ронда шаванд.