Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Русия "латифа" мегӯяд


Абу Муҳаммад Ал-Аднонӣ.
Абу Муҳаммад Ал-Аднонӣ.

Дар пайи иддаои Маскав, ки гуфт, сухангӯ ва фармондеҳи баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар асари зарбаҳои ҳавопаймоиҳои русӣ ба ҳалокат расидааст, вазорати дифои Амрико ин изҳори назари ҷониби Русияро "латифагӯӣ" хонд.

Абу Муҳаммад Ал-Аднонӣ, аз муҳимтарин фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ", сухангӯи ин гурӯҳ ва тарроҳи ҳамлаҳои ДИИШ дар хориҷ, дар минтақаи Ал-Боби вилояти Ҳалаби Сурия кушта шудааст. Хабар кушта шудани ӯро шабакаи хабарии ДИИШ таъйид кард, ҳарчанд дар мавриди чӣ гуна ба ҳалокат расидани ӯ маълумоте ироа накард.

Мақомоти Вазорати дифои Амрико он замон гуфтанд, ки Ал-Аднонӣ ҳадафи ҳавопаймоҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико қарор гирифтааст. Аммо Пентагон гуфт, ҳамчунон дар ҳоли таҳқиқ дар мавриди он аст, ки оё кушта шудааст ё на.

Аммо мақомҳои русӣ нусхаи дигаре аз шеваи "кушта шудан"-и Ал-Аднониро ироа карданд ва гуфтанд, ки ӯ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Русия қарор гирифтааст. Рӯзи 31 август вазорати дифои Русия дар сафҳаи "Фейсбук"-аш гуфт, онҳо 40 нафар аз аъзои ДИИШ-ро ҳадаф қарор доданд, ки Ал-Аднонӣ ҳам дар миёни онҳ будааст.

Мақомҳои вазорати дифои Амрико, ки номашон ифшо нашудааст, ба ин қазия вокуниш нишон доданд. Хабаргузории Ройтерз аз қавли яке аз ин масъулон гуфтааст, ки "иддаои Русия латифа аст". Шабакаи хабарии CNN низ гуфтаҳои як мақоми Пентагонро нашр кардааст, ки "ҳамчунон бар асоси эъломи дирӯза, такрор мекунем, мо ҳам ҳамлае анҷом додем, ки Ал-Аднониро ҳадаф қарор дода буд. Дар ҳоли баррасии натиҷаҳои ин ҳамла ҳастем."

Ду мақоми вазорати дифои Амрико ҷузъиёти бештаре ироа карда ва гуфтаанд, ин ҳамла тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин анҷом шудааст.

Русия ва эътилофе бо раҳбарии Амрико дар ҳоли ҳозир ҳамлаҳоро дар Сурия анҷом медиҳанд. Ҳадафи ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико умдатан гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст ва Ҷабҳат-Ан-Нусра, шохаи Ал-Қоида дар Сурияро, ки ҳоло номашро дигар кардааст, низ мавриди ҳамла қарор медиҳад.

Русия низ алайҳи ДИИШ анҷом медиҳад, аммо аз тарафи кишварҳои ғарбӣ муттаҳам шудааст, ки ба гурӯҳҳои дигаре, ки дар ҷараёни музокироти сулҳи Сурия ширкат доранд, низ ҳамла мекунад. Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия то ба ҳол натиҷае надодааст. Дар раванди сулҳ ДИИШ ва Ҷабҳа Ан-Нусра шомил намебошанд.

Абу Муҳаммад Ал-Аднонӣ зодаи вилояти Адлаби Сурия буд, вале бинобар гузоришҳо дар Ироқ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст. Ӯ пештар дар гурӯҳи Ал-Қоида якҷо бо Абу Мусъаб Зарқовӣ, раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ, алайҳи нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико, меҷангид.

XS
SM
MD
LG