Раҳмат Назрӣ, котиби Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ рӯзи панҷшанбеи 7 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати кишвар се нафар аз адибони тоҷик ва як нафар рус барандагони ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ эълон шуданд."
Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, "дар соҳаи адабиёт, асари сеҷилдаи тадқиқоти "Уфуқҳои тозаи наср"-и доктори илмҳои филология, Атахон Сайфуллоев ва маҷмӯаи ашъори "Гулхори чида - чида"-и Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ, асари дуҷилдаи "Донишномаи ёдгориҳои маданияти ориёӣ дар Осиёи Марказӣ"-и доктори улуми меъморӣ Рустам Муқимов барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ гардиданд."
Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, "адиби рус Михаил Синелников, барои тарғиб, тарҷума ва пажӯҳиши адабиёти тоҷик дар хориҷи кишвар ба дарёфти ҷоизаи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд."
Зеро ба таъкиди котиби Кумитаи ҷоизаҳои давлатиии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Михаил Синелников, дар тарғибу тарҷумаи асарҳои бузургони адаби тоҷик, аз Рудакӣ шурӯъ карда то адибони муосири тоҷик, назири Лоиқу Мӯъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Ҳабибулло Файзулло ва дигаронро тарҷума кардааст."
Ба ин тартиб Раҳмат Назрӣ мегӯяд, барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар бо ин ҷоиза ва мукофоти пулии он қадр карда мешаванд.
Ҳамонгуна, ки ба мушоҳида мерасад, имсол танҳо дар се бахш, адабиёт, тарғибу тарҷума ва пажуҳиш адабиёти тоҷик дар хориҷи кишвар ва меъморӣ барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ эълон шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки солҳои гузашта барои дарёфти ин ҷоиза асарҳое дар соҳаҳои санъат (мусиқӣ) ва журналистика низ пешниҳод мешуд шумори барандагонаш ҳам хеле бештар буд.
Аммо котиби Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мегӯяд, ҳарчанд дар ин соҳаҳо низ баъзе асарҳо пешниҳод шуданд, аммо азбаски ҷавобгӯи талаботи низомномаи ҷоизаи Рӯдакӣ набуданд, рад шуданд. Аз сӯи дигар Раҳмат Назрӣ меафзояд, азбаски солҳои пеш шикоятҳо зиёд буд, ки ҷоизаи Рӯдакӣ камэътибор шудааст, имсол шумори довталабонашро коҳиш дод, вале "кам бошаду хуб бошад ва асарҳои нодир ва арзишманд барандаи ин ҷоизаи сатҳи олӣ гарданд."
Ҷоизаи Рӯдакӣ дар замони шӯравӣ таъсис шуда, дар он замон мӯътабартарин ҷоизаи адабиву ҳунарии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Номгӯи барандагони ин ҷоиза дар он даврон бузургоне, чун Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ, Бозор Собир ва амсоли ононро дар бар мегирад.
Бо пош хӯрдани Шӯравӣ шумори барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ хеле афзуд, вале обрӯи ҷоиза баръакс батадриҷ пойин рафт. Ҳатто бархеҳо мегуфтанд, ки ҷоизаи ба номи Рӯдакиро муваққатан барҳам бояд дод. Он ҳам дар ҳоле ки рақобат, бахусус байни адибони тоҷик барои ба даст овардани ҷоизаи Рӯдакӣ ҳамеша шадид будааст. Бархе аз коршиносон ба ин ҷоиза сазовор дониста нашудани осори адибоне чун Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Ҷонибеки Акобир ва дигаронро қубҳи ин ҷоиза унвон кардаанд.
Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1964 таъсис ёфта, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву мусиқӣ ва ҳунар дода мешуд. Вале ҳоло ин ҷоиза дар ду сол як бор дода мешавад. Маблағи ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст. Ҷоизаи Рӯдакӣ маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дода мешавад.