Дар деҳаи "Партизани сурх"-и ноҳияи Рӯдакӣ, 20-километрии пойтахти Тоҷикистон, маҳаллае ҳаст, ки мардумаш аз партови зиёд ба дод омадаанд. Аз як тараф бӯи партов зиндагиашонро дар хона сахт кардааст ва аз тарафи дигар на роҳи дуруст доранд, ки бачаҳояшон ба мактаб раванд. Аммо мақомот дар пайдо шудани як партовгоҳи азим дар ноҳия худи сокинон гунаҳкор медонанд.
Хонаи мо дар ҳамин ҷо аст, инҷоро бояд тоза кунанд. Чанд дафъа ба ҷамоат ва маъмурият шикоят кардем.
Дар наздикии дарёчаи деҳаи "Партизани сурх" чуқурии калоне ба партовгоҳ табдил шудааст. Дар атрофи он кӯдакон машғули бозӣ ҳастанд, молу чорво мечаранд ва сагҳои бесоҳиб луқмаи нони худро пайдо мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Сокинон: "Мақомот дар фикри тоза кардани ин макон нестанд"
Як сокини деҳаи "Партизани сурх" рӯзи 14-уми март гуфт, айби мақомот аст, ки дар фикри пок кардани ин макон намешаванд. "Хонаи мо ҳамин ҷо аст, инҷоро бояд тоза кунанд. Чанд дафъа ба ҷамоат ва маъмурият шикоят кардем. Меоянду як дафъа тоза карда мераванд, вале боз мардум ахлоти худро мепартояд. Бӯйи ин ҷо хеле бад аст, бахусус, дар фасли тобистон", - афзуд ӯ.
Дар роҳ ба сӯи маъмурияти ҷамоат як кӯлмаки табиии пури обро дидем. Чуқурии он шояд 60-70 сантиметр аст. Онро дарёча меноманд. Кӯдакон талош мекунанд, ки аз он бигузаранд.
Ноҳияи Рӯдакӣ, ки аксар манотиқаш аз нав сохта шудааст, роҳҳои зебои мумфарш дорад, сохтмонҳои маъмурӣ ва мактаби маҳаллӣ ҳам зебо таъмир шудааст. Дар маъмурияти ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайдо шудани як партовгоҳи азим дар ноҳия худи сокинон айбдоранд ва аз ин рӯ мавзӯъро шарҳ намедиҳанд.
Мақомот: "Сокинон айбдоранд"
Ба қавли мақомот, сокиноне, ки дар ин маҳал зиндагӣ мекунанд, ба таври ғайриқонунӣ дар ин макон хона сохта, аз пардохти ҳаҷми пурраи молиёт худдорӣ мекунанд ва қонунҳоро риоя наменамоянд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, як намояндаи ҷамоат моҳе як бор барои пок кардани партовгоҳ трактор мебарад, аммо мардум пули онро ҳам ба сахтӣ ҷамъ мекунанд.
Аз рӯйи қонунҳои Тоҷикистон, бунёди партовгоҳ дар наздикии дарёву соҳили рӯдхонаҳо манъ аст. Партови ба об воридшуда метавонад боиси паҳн шудани ифлосиву бемориҳои сироятӣ шавад. Мақомот мегӯянд, сокинони маҳаллӣ бояд худ масъулият нишон диҳанд.
"Боду шамол ба инҷо ахлоту партови бисёри дигар меорад", - шикоят кард Парвина, як сокини деҳаи Партизани сурх. "Се сол аст, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунам. Боре ҳам ин ҷойро тоза накардаанд. Мошинҳо аз деҳоти ҳамсоя омада, ахлоти худро дар ҳамин ҷо холӣ мекунанд. Ман бачаҳои худро таъкид кардаам, ки дар ин ҷойҳо нагарданд", - афзуд вай.
Як намояндаи ҳукумат, ки шоҳиди ин сӯҳбатҳо буд, аз Парвина пурсид: "Дар назди хонаатон, дар пушти девори Шумо ахлот хобидааст. Инҷо хонаи Шумост, чаро тоза намекунед?". "Фоида надорад", - гуфт Парвина ва афзуд, "шамол чунон сахт мевазад, ки рӯзи дигараш боз ҳамаро аз чирку ахлот пур мекунад".
Деҳаи ғайриқонунӣ?
Як намояндаи маъмурияти ноҳияи Рӯдакӣ, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, дар ин қаламрав деҳоти худсохти зиёде ҳаст, ки сокинонаш ғайриқонунӣ ба сар мебаранд ва на барои барқ ва на барои обу ахлот пул намедиҳанд.
Ӯ гуфт, 90 дарсади хонаҳо шиносномаи техникӣ надоранд ва барои бунёди манзил иҷозатнома ҳам нагирифтаанд. Дар ин ҳавлиҳои берунишаҳрӣ, ки "дача" ном доранд, ба гуфтаи ӯ, ҳамеша зиндагӣ мекунанд. Як намояндаи маъмурият гуфт, дар вақти дигар ин биноҳо ғайри қобили истифода мебошанд.
Дар ҳоле ки ҳарду ҷониб масъулияти вазъи баамаломадаро ба дӯши якдигар вогузор мекунанд, касе омода нест, аз пайи ислоҳи вазъ шавад.