Криштиану Роналду, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Португалия ва бозигари дастаи "Реал"-и Мадрид барои бори чаҳорум барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд. Ба қатори довталабон Лионел Мессии аргентинӣ ва Антуан Гризманни фаронсавӣ низ шомил буданд.
Криштиану Роналду баъди эълони баранда шуданаш гуфт, "барои ман ифтихор аст, ки чаҳорумин бор "Тӯби тиллоӣ"-ро мебарам. Эҳсосам мисли дафъаи аввал аст, ки ин "Тӯби тиллоӣ"-ро бурдам. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам чаҳор бор барандаи "Тӯби тиллоӣ" шавам. Хеле хушҳолам." Вай дар идома гуфтааст, "эҳтимол ин беҳтарин соли варзишии ман дар Реал-Мадрид ва дастаи мунтахаби футболи Португалия аст."
Пешбинии сокинон дар бораи "Тӯби тиллоӣ":
Криштиану Роналду, инчунин, гуфтааст, ки қаҳрамонии Португалияро дар соли 2016 дар Аврупо муҳимтар аз қаҳрамонии Реал-Мадрид дар Лигаи қаҳрамонони Аврупо медонад. Роналдо қаблан дар солҳои 2008, 2013 ва 2014 барандаи ҷоизаи "Тӯби тилло"-ӣ шуда буд. Леонил Мессӣ, ҳамлавари дастаи мунтахаби футболи Аргентина ва бошгоҳи "Барселона"-и Испания панҷ бор барандаи "Тӯби тиллоӣ" шудааст.
Бояд тазаккур дод, пештар ҳамкории ФИФА ва маҷаллаи фаронсавии France Football, ки аз соли 1956 "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, хотима ёфта буд. ФИФА соли 1988 ҷоизаи нави худ - "Бозигари сол"-ро таъсис дод.
Соли 2010 ноширони маҷалла ва ФИФА шартномаи панҷсола ба имзо расонданд, ки тибқи он "Тӯби тиллоӣ"-ро Федератсиони байналмилалии футбол аз рӯи натиҷаи раъйдиҳии мураббиёну капитанҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ ва намояндагони васоити ахбори умум месупорад.