Ба эътиқоди коршиносон, дар дастрасӣ ба сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ки имсол аз он 20 сол сипарӣ мешавад, Евгений Примаков, вазири хориҷаи вақти Русия нақши муҳим доштааст. Ин матлаб дар як ҳамоиши коршиносон дар шаҳри Душанбе дар робита ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон матраҳ шуд. Ҳарчанд бо наздик шудани ҷашни Ваҳдати миллӣ аз саҳми шахсиятҳо ва кишварҳо дар сулҳи тоҷикон ном бурда мешавад, аммо фаъолони ҷомеаи маданӣ мегӯянд, ки ҳамакнун сулҳи тоҷикон танҳо як тараф дорад.
Примаков -- оғозгари раванди сулҳи тоҷикон
Ба гуфтаи Раҳматулло Абдулвоҳидов, таърихшиноси тоҷик, раванди музокироти сулҳи тоҷиконро соли 1993 Евгений Примаков, вазири хориҷаи вақти Русия оғоз кардааст. Ба эътиқоди вай, он замон шароите ба вуҷуд омада буд, ки ҳам давлати Тоҷикистон ва ҳам нерӯҳои мухолифини тоҷик барои иқдомҳои ҷиддитар алайҳи ҳамдигар тавоне надоштанд. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон (он замон Эмомалӣ Раҳмонов- РО), ҳарчанд зарурати оғози музокироти сулҳро дарк мекард, аммо омода набуд қадами аввал гузорад. Дар чунин вазъият Евгений Примаков сафарҳои пайдарҳами худ ба Душанбе, Кобул ва Теҳронро барои баррасии эҳтимоли шуруи гуфтушуниди ҷонибҳоро оғоз кард.
Раҳматулло Абдулвоҳидов дар ин робита гуфт, нахуст Евгений Примаков дар Афғонистон бо раҳбари мухолифони тоҷик Саид Абдулло Нурӣ мулоқот кард ва сипас барои дарёфти мавқеи Эрон ба Теҳрон рафт. Ҳамчунин вай дар Тошканд ва Алмаато низ бо Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев дидорҳо дошт. Албатта, ки ҳамаи ин музокирот бо ҳимояти СММ ва САҲА низ пуштибонӣ мешуд.
"Ҳукумат ба музокирот омода набуд"
Ин таърихшиноси тоҷик гуфт, "он замон ҳукумати Раҳмонов бо камбуди шадиди пул рӯбарӯ шуда буд ва ба оғози музокирот ҳанӯз омода набуд. Душанбе ба умеди воридоти пули русӣ буд, аммо мақомоти Русия интиқоли ин пулро ба таъхир андохт. Дар ҳамон сол баталёни сулҳофари Қазоқистон низ дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи мавсум ба Эшони Ҷунайд қарор гирифт. Талафоти қазоқҳо ба гунаи талафоти русҳо дар постгоҳи марзии рақами 12 буд. Дар ниҳоят куллияи раисони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба Эмомалӣ Раҳмонов фишор оварда, ӯро ба оғози музокирот мутақоид сохтанд."
Бояд гуфт, ки Евгений Примаков аз чеҳраҳои саршиноси замони шӯравии собиқ ва Русияи навин буд. Вай солҳои тӯлонӣ вазифаи раиси ҳукумати Русияро бар ӯҳда дошт ва вазири хориҷаи ин кишвар буд. Вай дар соли 2015 дар Москва даргузашт. Агар умр вафо мекард, ҳоло вай 88 сола мешуд. Евгений Примаков дар ҷаҳон ба унвони мақоми муваффақ ва дипломати соҳибкамол дониста мешавад. Тахассуси Примаков шарқшиносӣ буд.
Аҳамияти сарнавиштсози созишномаи сулҳ
Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ки баҳори соли 1992 дар Тоҷикистон миёни нерӯҳои исломию демократ аз як ҷониб ва "Фронти халқӣ" аз ҷониби дигар шурӯъ шуда, панҷ сол идома дошт, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Аз ин лиҳоз, ба қавли ҳарду ҷониби сулҳ, имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда, дар радифи Эъломияи истиқлоли кишвар меистад.
Дар пайи имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон, ҷонибҳои даргир созишномаеро имзо карда, ҳаёти осоиштаи кишварро дубора шурӯъ карданд, ки солҳо ба унвони таҷрибаи нодири сулҳофарӣ дар кишвари ҷангзада унвон мешуд. Нерӯҳои мухолифин ба кишвар баргашта, ҳатто гурӯҳҳои низомии он вориди сохторҳои давлатӣ шуданд. Бархе аз намояндаҳои мухолифин тибқи саҳмияи сидарсадӣ ба раҳбарии бархе аз вазоратхонаҳоро низ расиданд.
Тарафҳои сулҳ
Аммо соли 2015 давлати Тоҷикистон дар пайи “кӯшиши табадуллоти давлатии муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода”, Ҳизби наҳзати исломиро дар шарикӣ дар ин табадуллот муттаҳам карда, фаъолияти онро мамнӯъ сохт. Дар пайи ин тасмим, ду муовини раҳбари ин ҳизб ба ҳукми абад маҳкум ва даҳҳо узви дигари ин ҳизб ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ки дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебарад, даъвои давлати Тоҷикистонро бепоя дониста гуфтааст, ки ҳукумати кишвар муқаррароти созишномаи сулҳи тоҷиконро нақз кардааст.
Ба ин тартиб пас аз 18 соли эътирофи ҲНИТ ба унвони як тарафи сулҳ, ваҳдати миллӣ танҳо хоси ҳукумати Тоҷикистон шуд. Ду соли ахир ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ба таърихи 27 июн рост меояд, бидуни мухолифон таҷлил мегардад. Гузашта аз ин, дар ду соли ахир мушоҳида мешавад, ки бештаре аз нерӯҳои дигарандеши тоҷик тарки кишвар карда, дар мамолики хориҷӣ ба сар мебаранд.
"ИНОТ танҳо ҲНИТ набуд"
Дар гузашта Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ҷониби сулҳ дар баробари ҳукумати Тоҷикистон набуд. Ӯ ёдовар шуд, ки дар Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) намояндаҳо аз ҳизби наҳзати исломию демократ ва Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, аз созмонҳои "Лаъли Бадахшон" ва муҳоҷирони тоҷик шомил буданд. "Яъне, дар маҷмӯъ, ҲНИТ дар музокирот ҳамагӣ 25% намояндагӣ дошту бас", - гуфта буд вай.
Ҳуқуқдон: "Ин санад моҳияи худро аз даст додааст"
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 25 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд созишномаи сулҳи тоҷикон бо миёнаравии созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои ҳамсоя ба имзо расида буд, вале бо гузашти солҳо ин санад моҳияти худро аз даст додааст. Зеро, ба эътиқоди ин сиёсатшиноси тоҷик, як ҷониби сулҳ, яъне давлати Тоҷикистон аз иҷрои бештаре аз муқаррароти ин созишнома сарфи назар кардаанд.
Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, "аз ҷумла, нуктаҳои муҳими ин созишнома ба мисли озодии сухан ва гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, шаффофияти идораи давлатӣ ва худдорӣ аз маҳалгароӣ, қабилагароӣ ва фасодкорӣ дар идораи давлатӣ тақрибан ки фаромӯш шудаанд. Ҳоло мехоҳанд таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба унвони мисол ба кишварҳои ҷангзада муаррифӣ кунанд, аммо кишварҳои дигар фикр накунам, ки ба чунин ҳалли низои худ ниёзе дошта бошанд."
Ҳарчанд бо гузашти тақрибан ду соли манъ шудани фаъолияти ҲНИТ то ҳол ҳеҷ яке аз кишварҳои шарики Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави худро мамнӯъ накардааст, дар Тоҷикистон истифодаи мафҳуми “ҲНИТ” то ҷое “ҷиноят” ҳам дониста шуда, ҳатто коршиносон аз тарси муҷозот, шарҳи ин мавзӯъро ба худ иҷоза намедиҳанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар соли 1997 тоҷикон ба ҳам омаданд, аммо бо гузашти солҳо саҳми ҷониби дигари сулҳу ваҳдат дар эътидоли вазъ дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда, расонаҳои давлатӣ аз дастовардҳои ҳукумати кишвар дар дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ ситоиш карда ва мардумро бовар кунонданд, ки ин сулҳ дастоварди як гурӯҳ аст ва ҷониби дигар дар он гӯё ҳеч нақше надорад.
Ҳарчанд тибқи созишномаи сулҳи тоҷикон соли 1997 Ҳизби наҳзати исломии кишвар ба раҳбарии Сайид Абдулло Нурӣ ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 2015 фаъолиятҳои сиёсӣ дошта ва ҳатто ду намояндаи ин ҳизб солҳо узви порлумони Тоҷикистон буданд. Ваҳдати тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имконпазир гашт, ба қавли таҳлилгарон як падидаи беназир аст.