Рӯзи 30-юми март тайи як маросим барандагони озмуни Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ эълон шуданд, ки ҷойҳои аввал ва дувум насиби хабарнигорони Радиои Озодӣ шуд.
Маҳмудҷон Раҳматзода, хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб ва Орзуи Карим дар минтақаи Қӯрғонтеппа ин ҷоизаро ба худ ихтисос доданд. Дар озмун, ки соли гузашта аз ҷониби ин созмон дар мавзӯи “Хушунати хонаводагӣ ва ифротгароии ҷавонон“ эълон шуда буд, ба гуфтаи масъулони Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ, рӯзноманигорони зиёде мавод ва матолиби худро пешниҳод карданд. Ҷои савум насиби Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Азия Плюс” шудааст.
Дар ин маросим ҳамчунин се ҷоизаи дигар барои таҳқиқотҳои журналистӣ ба Амруллоҳи Низом аз "Нигоҳ", Афзал Босолиев аз телевизиони "Азиа"-и Суғд ва Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева, рӯзноманигорони мустақил, супурда шуданд. Мавзӯъҳои таҳқиқотҳои журналистии ғолибон, муҳоҷирати меҳнатӣ, хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳри Хуҷанд ва шиносномаҳои биометрӣ, будааст.