Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабинаи вазирон бо нафақахӯрон "хайрухуш" мекунад?


Таҳлилгарон мегӯянд, кабинаи вазирони Тоҷикистон аз маъракаи гусели нафақахӯрон, ки дар тамоми идораҳои давлатии кишвар ҷараён дорад, дар канор нахоҳад монд.

Қабл аз ҳама исми сарвазир Оқил Оқилов зикр мешавад, ки ба як кам 70 расида, муовини аввали ӯ Матлубхон Давлатов 17 январ ба синни 63 медарояд. Ба ҳамин минвол, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ 65, Гурез Зарипов, раиси Хадамоти гумрук - 66 ва Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ 64 сол доранд. Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон низ 64 сол дорад. Дар қатори инҳо сафироне, ба монанди Абдулмаҷид Доситиев ва Абдураҳими Ашӯр ҳам марзи синни нафақаро гузашта, аввалӣ 66 ва дуввумӣ 64 сол дорад.

Аммо ҳоло суоле матраҳ шудааст, ки дастури дастгоҳи раисҷумҳур барои аз кори раҳбарӣ дур кардани афроди синни нафақа то куҷо дар сатҳҳои болоӣ амалӣ мешавад, симои ҳукумати Тоҷикистонро ҷавон мекунад ва ё тағйир медиҳад?

Амнияти Абдулназар, аз Ҳизби умумимиллии сотсиал – демократи Тоҷикистон бо ишора ба сухани раисҷумҳури Тоҷикистон, ки «дар ҷайбаш кадр намондааст», мегӯяд, раҳо шудани ӯ аз кадрҳои калонсол амрест хеле мушкил ва то ҷое ношуданӣ, зеро бо онҳо одат карда, маҳз бо онҳо ҳамин тавре, ки ҳаст, ҳукм меронад ва онҳо ба ӯ маъқуланд: «Аммо аз рафтани ин афрод аз вазифа чӣ беҳбуде пеш хоҳад омад? Масалан, будани набудани сарвазир чӣ аҳамият дорад, вақте наметавонад ба тасмиме таъсир расонад? Дар Конститутсия ҳам вазифаи ӯ сабт нашудааст, тавре дар дигар кишварҳо ҳаст. Аз будани ӯ на суд аст, на зиён. Агар гап дар бораи вазоратҳои қудратӣ равад, раҳбарони онҳо чӣ миёнсолу чӣ солхӯрда бояд бидуни ягон гуфтугӯ барои амалиётҳои махсусашон дар манотиқи кишвар аз вазифа канор раванд»

Бино бар иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 18 ҳазор хизматчии давлатӣ кор мекунанд. Дастури дастгоҳи раёсатиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи аз вазифаҳои раҳбарӣ озод кардани афроди синни нафақа чанде қабл мавриди вазорату ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифт, аммо то ба ҳол беш аз ҳама дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, расонаҳои давлатӣ ба чашм мехӯрад. Бархе ҳам бар инанд, ки шояд ҳадафи ин дастур қабл аз ҳама сатҳи боло буд.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, намояндаи парлумон аз Ҳизби халқӣ – демократӣ мегӯяд, вазирону мушовирони давлатӣ ба вазифаҳои сиёсӣ дохил мешаванд, ки онҳо на бо амри раиси дастгоҳ, балки фармони худи раисҷумҳур барканору таъйин мешаванд: «Шояд бархе дигаргуниҳо шаванд, аммо асоси командаро нахоҳанд шикаст. Раисҷумҳур бо ин команда мавсими сиёсии 7 – солаашро ба охир мерасонад. Тағйироти куллӣ пас аз интихоботи президентӣ ба вуҷуд омада, то ҳафт соли дигар як командаи асосан нав сари кор меояд. Ин аз барномаи интихоботии президент вобаста аст, ки то ҳафт соли дигар кадом ҳадафҳоро пеш хоҳад гузошт. Ҳоло тағйирот танҳо дар зинаҳои поёну миёна ба вуҷуд меояд.»

Зимнан, соли чандум аст, ки матбуоти Тоҷикистон иддае аз раҳбарони вазорату ниҳодҳои кишварро ба истеъфо мегуселонад, аммо онҳо ё аз ҷо ба ҷое интиқол меёбанд ва ё ба вазифаҳои поёнтар мераванд.

Афроде, ба монанди Талбак Назаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ, Ҳаким Солиев, вазири иқтисодиёт, Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ ҳам бо баҳонаи нафақа аз кор рафтаанд, ки ба назари бархе коршиносон, рисолати онҳо пеши ҳукумати Тоҷикистон анҷом ёфтааст.
XS
SM
MD
LG